Пайвандҳои дастрасӣ

Сарраёсат гуфт, ба Шаҳбол зарари маънавӣ намепардозад


Намояндаи Сарраёсати марзбонии КДАМ дар мурофиаи додгоҳӣ гуфт, ки пардохти зарари моддӣ ба сарбози маҷруҳшуда Шаҳбол Мирзоевро қисман ба дӯш мегиранд, аммо ҷуброни зарари маънавӣ ба ӯҳдаи онҳо нест.

Рӯзи, 24 декабр нахустин мурофиаи додгоҳии хонаводаи Шаҳбол Мирзоев бо Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар бинои Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе бо даъвои пардохти 97 ҳазор ҷуброни зарари моддӣ ва 144 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ баргузор шуд.

Зоиршоҳ Назиров, ҳуқуқдони Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ дар нахустин мурофиа гуфтааст, ки пардохти зарари моддӣ ба сарбози маҷрӯҳшуда Шаҳбол Мирзоевро қисман ба дӯш мегиранд, аммо ҷуброни зарари маънавӣ ба ӯҳдаи онҳо нест. Ӯ дар ин робита гуфтааст, ки дар сурате дигар кормандон Шаҳболро маҷрӯҳ кардаанд, чаро сарраёсат онро ҷуброн намояд. Аммо Дилшод Ҷӯраев, вакили мудофеи хонаводаи Мирзоевҳо бар ин аст, ки маҳз бояд ҷубронро Сарраёсат пардохт кунанд, чун фарзанди зерҳимояи ӯ, аз сӯи хидматчии ин ниҳод латукӯб гардидааст.

Оқои Назиров ҳамзамон гуфтааст, ки Сарраёсати марзбонӣ дар ҳаҷми 7252 сомонӣ, ба иловаи 5 литр хун ба Шаҳбол кӯмак кардааст. Ба гуфтаи вай, ҳамчунин раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймуъмин Ятимов 3000 сомонӣ ва сардори Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар ҳаҷми 2230 сомонӣ ба Шаҳбол кӯмаки якдафъина расонидаанд.

Ҳуқуқдони Сарраёсати марзбонӣ дар мурофиа гуфтааст, ки намояндагони ин ниҳод ба Шаҳбол кӯмак расонидааст, аммо Нӯъмон Мирзоев - падари Шаҳбол онро радд намудааст. Аммо вакили дифои Шаҳбол гуфт, ин кӯмакҳои Сарраёсати марзбонӣ иборат аз як кило шакар, як кило гречка ва мураббо, ки хӯроки маъмулии сарбозон мебошад, будааст ва Шаҳбол дар он вазъият тавони истеъмоли онро надоштааст ва бинобар ҳамин падари ӯ ин кӯмакҳоро радд кардааст.

Дар ин мурофиа Шаҳбол Мирзоевро вакилони мудофеъ Дилшод Ҷӯраев ва Гулчеҳра Холматова ҳимоят мекунанд ва додгоҳ то рӯзи ҷумъа танаффус эълон кардааст.

Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол ба "Озодӣ" гуфт, ки аризаи даъвогии онҳо барои талаби ҷуброн аз Сарраёсати сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли равон ба додгоҳ ирсол шуда буд. Вай афзуд, бори сеюм аст, ки ба додгоҳ ариза фиристодаанд ва аз Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ 97 ҳазор ҷуброни зарари моддӣ ва 144 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ талаб доранд.

Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки 7 моҳ пеш баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд, довталабона ба хидмати артиш рафта буд, шаби 8 март баъди «гуштӣ» бо Усмоналӣ Ғайратов маъюб шудааст. Худи ӯ мегӯяд, бо вуҷуди шикастани гарданаш вайро як рӯзи дигар дар бунгоҳи тиббии қисми низомӣ нигоҳ дошта, танҳо баъди қасам хӯрданаш, ки сирри ин қазияро ба касе нахоҳад гуфт, ӯро ба беморхона бурданд.

Ҳарчанд мақомоти Сарраёсати нируҳои марзбонии Тоҷикистон ваъда кардаанд, ки куллияи масрафоти табобат ва амали ҷарроҳии Шаҳболро мепардозанд, аммо чун ин ваъда иҷро нагардид, Нӯъмон Мирзоев, падари ин сарбоз хонаашро фурӯхта ва писарашро барои ҷарроҳӣ ба Русия бурда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG