Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шабнам Худойдодова: Огоҳона ба роҳи сиёсӣ по гузоштам


Ин акс баъди раҳоии Шабнам аз зиндон бардошта шудааст

Ин акс баъди раҳоии Шабнам аз зиндон бардошта шудааст

Як фаъоли созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24”, ки ҳудуди 8 моҳро дар зиндони Беларус сипарӣ кардааст, мегӯяд, ки огоҳона ба ин ҷараён ворид шуд ва аз карда пушаймон нест.

Шабнам Худойдодова як фаъоли созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24”, ки ҳудуди 8 моҳро дар зиндони Беларус сипарӣ кардааст, дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ гуфт, огоҳона ба ин ҷараён ворид шуд ва аз карда пушаймон нест. Шабнам Худойдодова, як сокини 30-солаи шаҳри Кӯлоб , ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон бо иттиҳоми “даъватҳои оммавӣ барои фаъолиятҳои экстремистӣ” ва “ташкили созмони экстремистӣ” дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор дошт, охири моҳи феврал бо пуштибонии Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ва Созмони Милали Муттаҳид ба озодӣ баромад, вале нагуфт, ки ҳоло дар кадом макон ба сар мебарад.

Ҷузъиёти озодшавии ӯ низ расман шарҳ дода нашудааст, вале аз рӯи иттилои ҳомиёни ҳуқуқи инсон, Худойдодова бинобар ангезаи сиёсии парвандааш таҳти ҳимояи созмонҳои байналмилалӣ қарор дорад. Як намояндаи созмони байналмилалӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ки Худойдодова баъди раҳоиаш аз зиндон дар макони амн нигаҳдорӣ мешавад, вале ҷузъиёти парвандаи ӯ феълан шарҳ дода намешавад.

Шабнам Худойдодова эътироф кард, ки узвияти ӯ дар созмони мамнӯи "Гурӯҳи 24" соли 2014 огоҳона сурат гирифта, ӯ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳукумати Тоҷикистонро танқид ва аксу видеои таҷаммуи "Гурӯҳи 24"- ро ошкоро, бо номи худаш аз ҳамин пойгоҳҳои пахш мекард. То боздошташ дар марзи Беларус, дар моҳи июни соли 2015 Худойдодова ҳамроҳ бо хоҳари бузургаш дар Санкт-Петербург ба парастории пиронсолон машғул буд ва аз ин ҳисоб ба хонавода ва фарзандаш кӯмак мекард.

Ӯ мегӯяд, баъди он ки яке аз фаъолони гурӯҳ Эҳсон Одинаев нопадид шуд ва ба ҷони Мақсуд Иброҳимов, узви дигари ин гурӯҳ суиқасд сурат гирифт, ӯ ҳам эҳсос кард, ки будубошаш дар пойтахти шимолии Русия бехатар нест ва ба самти Лаҳистон, наздиктарин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо ҳаракат кард, вале азбаски исми Худойдодова дар феҳрасти афроди мавриди ҷустуҷӯи Тоҷикистон буд, мақомоти Беларус ӯро боздошт карданд. Худойдодова иддао кард, ки ходимони амниятии Беларус бо ӯ рафтори бад доштанд ва ӯро шиканҷа карданд.

Шабнам Худойдодова

Шабнам Худойдодова

“Вақте маро боздошт карда ба шӯъбаи милисаи Брест оварданд, гуфтанд, ки ман террорист ва экстремист ҳастам ва Тоҷикистон маро ҷустуҷӯ дорад. Ман ин иттиҳомро рад карда гуфтам, ки маро бо адвокат таъмин кунанд ва то он замон зери ҳеҷ санад имзо намекунам. Хостанд, ки изи ангуштонамро барои санҷиши доктилоскопӣ бигиранд, ман рад кардам ва адвокат талаб кардам. Баъд маро заданд. Як ходими милисаи Беларус ба рӯю қафаси синаам чунон зад, ки нафасам гирифт", - гуфт Шабнам Худойдодова.

Ин хонуми 30-сола иддао кард, ки дар ҷараёни будубошаш дар боздоштгоҳ “ду нафари дигар аз Тоҷикистон” низ ӯро бозпурсӣ карданд ва батакрор мепурсиданд, ки чӣ ҳадаф дорад? Шабнам Худойдодова иддао кард, ки дар рӯзҳои аввали боздошт борҳо латту кӯба шуд ва танҳо баъди интиқолаш ба боздоштгоҳи маъмулӣ вазъаш беҳтар шуд. Ӯ аз зиндон борҳо ба хоҳари бузургаш нома навишта аз ҳолати бади худ хабар додааст, аммо танҳо баъди озод шудан фаҳмид, ки ягон номааш то хоҳараш нарасидааст. Талошҳои радиои Озодӣ барои сӯҳбат бо намояндагони додситонии шаҳри Брест натиҷа надод.

Яке аз муовинони додситони Брест гуфт, мавзӯи боздошту раҳоии Шабнам Худододоваро шарҳ намедиҳанд. Рӯзи 21 июни соли 2015, баъди гузаштан ба боздоштгоҳи шаҳри Брест, Шабнам Худойдодова ба унвонии ҳукумати Беларус дархост навишта аз онҳо кӯмак ва ҳақи паноҳандагӣ дархост карда хоҳиш кард, ки ӯро дар ҳеҷ сурат ба Тоҷикистон истирдод накунанд. Баъдан яке аз вакилони дифоъ ба Шабнам машварат дод, ки то замони озод шуданаш дар бораи шиканҷаву озораш ба касе лаб накушояд, то ки ин шикоятҳо дар парвандаи ӯ таъсиргузор нашавад.

Ӯ дар маҳбас бо 8 духтари дигари беларусӣ нигаҳдорӣ мешуд, ки бо гумони дуздиву нашъаҷаллобӣ боздошт шуда буданд. "Онҳо ҳамутоқҳои хуб буданд, ман аз онҳо ҳеҷ ҳарфи баде нашунидам", - мегӯяд Шабнам Худойдодова. Ӯ гуфт, таҳти назари ҳомиёни ҳуқуқи башар аст, вале маҳалли будубошашро бо далелҳои амниятӣ фош намекунад. Ӯ аз ҳамаи онҳое, ки дар раҳоиаш кӯмак карданд, сипосгузор аст.

Умаралӣ Қувватов

Умаралӣ Қувватов

“Гурӯҳи 24” аз ҷониби соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов ташкил шуд, октябри соли 2014 аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон экстремистӣ ва мамнӯъ эълон шудааст. Худи Қувватов 5 марти соли 2015 дар шаҳри Истамбул кушта шуд ва дар ҳукми додгоҳи Истамбул рӯзи 26 феврал яке аз ташкилкунандагони ин куштор – шаҳрванди Тоҷикистон Сулаймон Қаюмов ба ҳукми зиндони абад маҳкум шуд.

Бо дархости мақомоти тоҷик дар Русия ва дигар ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ на камтар аз 10 фаъоли “Гурӯҳи 24” боздошт ва баъдан раҳо шуданд. Созмони Human Rights Watch дар гузориши ахири худ навишт, ки дар Тоҷикистон 20 тан аз фаъолон ба мӯҳлати аз 3 то 29 сол маҳкум ба зиндон шуданд, яке аз онҳо Мақсуд Иброҳимов, раҳбари созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”, бахше аз “Гурӯҳи 24” аст, ки ба 17 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳоло ҳадди аққал як узви “Гурӯҳи 24” Фирӯзшоҳ Лоиқов бо дархости Тоҷикистон дар боздошгоҳи шарҳи Маскав нигаҳдорӣ мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG