Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Шабнам ва Фарзона: «Мо бо падарамон ифтихор мекунем»


Шабнами Сурайё

Шабнами Сурайё

Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед, овозхонони саршиноси тоҷик, мегӯнд, аз марги падар сахт андӯҳгин буда, аз ин зарба то ба ҳол ба худ наомадаанд.

Овозхонони маъруф дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, падарашон як инсони хоксор буд ва онҳо аз ин инсони бузург, ки онҳоро ба воя расонда, тарбият додааст ва дар ҳама тасмимҳояш пуштибонӣ кардааст, розиянд.

Хуршед Рабиев, шавҳари Сурайёи Қосим ва падари Шабнами Сурайёву Фарзонаи Хуршед, ки ҳамагӣ овозхонони соҳибноми Тоҷикистон ба шумор меоянд, шоми якшанбе дар минтақаи Шугнови ноҳияи Ховалинг ҳангоми сафари хидматӣ бар асари сактаи қалбӣ даргузашт. Ӯ сардори муассисаи нақлиётии раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб буд, ба хотири таҳияи шароити сафари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Ховалинг эъзом шуда буд.

Фарзонаи Хуршед

Фарзонаи Хуршед

Подполковник Хуршед Рабиев соли 1964 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Дӯстону наздикон аз вай ба унвони марди шуҷову далер ва меҳрубону ғамхор ёд мекунанд. Хуршед Рабиев писари Ҳабибулло Рабиев, собиқ раиси ҳукумати шаҳри Кӯлоб дар даврони Шӯравӣ ва раиси собиқи кумитаи дини Тоҷикистон аст.

Ӯ, ба гуфтаи афроди огоҳ, ҳанӯз дар овони донишҷӯияш ба Сурайёи Қосим дил баста, бо он ки аз нигоҳи синну сол аз ӯ хурд буд, алорағми суннатҳои роиҷ дар ҷомиаи Тоҷикистон бо ин овозхони шинохта издивоҷ кард.

Онҳо муштарак се духтар Рӯзигул, Шабнам, Фарзона ва як писар – Эмомалиро ба воя расондаанд. Шабнам ва Фарзона мегӯянд, падарашон барои онҳо болотар аз як падар, балки дӯсту рафиқе буд, ки дар шодиву ғам фарзандонро ҳамроҳӣ мекард ва бо вуҷуди маъруф будани узви оилааш, ҳамеша миёни мардум хоксор буд.

Онҳо мегӯянд, шукри Худованд ва ин зиндагӣ мекунанд, ки ҳамчунин як инсони озодандешро ба саробонии хонаводаи онҳо насиб дидааст ва ӯ падаре буд, ки ҳамеша бар тасмимҳои фарзандон арҷ мегузошт. Хуршед Рабиевро рӯзи 30 сентябр дар Кӯлоб ба хок супурданд.

Маросими намози ҷанозаи Хуршед Рабиев зӯҳри 30 сентябр дар масҷиди маҳаллаи Ҳилоли Аҳмари шаҳри Кӯлоб, ки бо номи "масҷиди Ҳоҷӣ Мирзо" маъруф аст, доир шуд ва сипас ӯро дар оромогоҳи воқеъ дар самти Гулбоғ ба хок супурдаанд. Дар ин маросим шаҳрдори Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов ва мақомоти дигари ин минтақа ҳузур доштаанд.

Шабнами Сурайё рӯзи 18 октябр бо иттифоқи Садриддини Наҷмиддин, овозхони маъруфи дигари тоҷик ва Фарҳоди Дарё, овозхони маъруфи афғон дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб консерт дорад.

Ин навор моҳи феврали соли 2010 ҳангоми эълони ҳукми Фарзонаи Хуршед бардошта шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG