Пайвандҳои дастрасӣ

2 ВИДЕО: Таронаҳои нави Шабнаму Фарзона бо ҳиҷоби исломӣ


Шабнами Сурайё дар клипи наваш

Шабнами Сурайё дар клипи наваш

Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед баъди ним соли бозгашт аз Ҳаҷҷи умра нахустин клипҳои худро пешкаши мухлисон карданд. Ҳарду дар клипҳои нав бо ҳиҷоби исломӣ зоҳир шудаанд.

Овозхонҳои шинохтаи тоҷик Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед баъди беш аз ним соли бозгашташон аз Ҳаҷҷи умра ҳар кадом видеоклипи таронаи нави худро аз тариқи Интернет пешкаши мухлисон кардаанд. Ин ду тарона дар студияи “Симо” таҳия шудаву аз тариқи “Positive Production” дар шабакаи Ютуб нашр шудаанд.

Ҳам Шабнам Сурайё ва ҳам хоҳараш Фарзонаи Хуршед, ки қаблан барои пӯшидани либосҳои беш аз ҳад урён танқиди зиёд мешуданд, дар ин 2 клипи нав ҳиҷоби исломӣ дар тан ҳунарнамоӣ мекунанд. Хоҳарони ҳунарманди тоҷик ҳамчунин матни таронаҳояшон ва сабки иҷрои онҳоро низ комилан бознигарӣ кардаанд.

Таронаи Шабнами Сурайё “Ту қадри дил чӣ медонӣ?” ном дошта, ба фарқ аз таронаҳои қаблӣ ва аксаран рақсии ӯ бо як сабки хеле ором иҷро шудааст.

Таронаи нави Шабнами Сурайё инҷост:

Хоҳари Шабнам - Фарзонаи Хуршед - боз ҳам фаротар рафта, барои бозгашт ба саҳна таронаи исломиеро бо номи “МошоАллоҳ” интихоб ва бо забонҳои арабию тоҷикӣ иҷро кардааст.

Фарзонаи Хуршед дар клипи "МошоАллоҳ"

Фарзонаи Хуршед дар клипи "МошоАллоҳ"

Ба фарқ аз таронаи Шабнам, ки ба ҳар ҳол, боз ҳам мавзӯи ишқро дорад, таронаи нави Фарзона сирф насиҳатист ва навъе аз ниёиш ба Худованд.

Ин тарона аз ҷумла чунин сатрҳо дорад:

Бар ятиму пире – имдоде

Бенавоёнро наво бахшо

Аз раҳматат, ё Ҳақ Таоло,

Нотавононро ҳидоят бинмо!

Таронаи “МошоАллоҳ”-ро инҷо тамошо кунед:

Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед дар тобистони соли 2014 бо сафари ғайричашмдошташон ба Маккаву Мадина ба хотири анҷоми Ҳаҷҷи умра дар ҷомиаи Тоҷикистон сарусадои зиёд ба по карданд.

Дар ҷомиаи умдатан муҳофизакор ва суннатгарои Тоҷикистон бисёриҳо ба кор кардани зан, бахусус ба овозхониаш назари мусбат надоранд ва аз ин рӯ, нигоҳҳо ба зиёрати Маккаву Мадинаи Шабнаму Фарзона низ хеле зиддинақиз буд.

Бархе билофосила лаб ба интиқоди ин ду овозхон кушоданд, ки бо он рафторе ки дар саҳна доранд, набояд азми зиёрати Хонаи Худо мекарданд. Бархеи дигар аммо бо истиқбол аз ин иқдом Шабнаму Фарзона мегуфтанд, дар ҳар сурат, сафари Ҳаҷ онҳоро хеле дигар мекунад ва ба эҷодиёти хоҳарон таъсири мусбат хоҳад гузошт.

Маликаи Саид баъди бозгашт аз Ҳаҷ ба тиҷорат гузашт ва тарки саҳна кард

Маликаи Саид баъди бозгашт аз Ҳаҷ ба тиҷорат гузашт ва тарки саҳна кард

Гурӯҳи дигар аз Шабнаму Фарзона даъват карданд, ки баъди адои Ҳаҷ аз овозхонӣ даст бикашанд ва мисли Маликаи Саид ё Меҳрубону Ҳотами Равшан ба Ислому ҳиҷоб рӯ оварда, дигар тарки саҳна кунанд. Модари низ ҳунарманди онҳо – Сурайёи Қосим – аммо ҳанӯз замоне ки онҳо дар Маккаву Мадина буданд, гуфт, Шабнаму Фарзона аз саҳна комилан намераванд, вале ин сафар сабки хонандагии онҳоро хеле тағйир хоҳад дод.

Худи Шабнами Сурайё дар яке аз мусоҳибаҳои нодираш бо хабарнигорони тоҷик дар Душанбе қабл аз соли нав гуфт, ҳанӯз дар саҳна мемонад ва барномаҳои нави консертие ҳам дар сар дорад. Вале, афзуд овозхони шинохта, баъди адои Ҳаҷҷи фарзӣ дигар аз идомаи овозхонӣ комилан даст хоҳад шуд.

Ҳаҷҷи умра ба фарқ аз Ҳаҷҷи фарзӣ шонаи зиёраткунандаи Маккаву Мадинаро аз масъулияти адои фарзи Ҳаҷ холӣ намекунад ва ба ӯ унвони Ҳоҷиро намедиҳад. Бо ин вуҷуд аксари мухлисон аллакай овозхонҳои дӯстдоштаи худро “Ҳоҷӣ Шабнам” ва “Ҳоҷӣ Фарзона” хитоб мекунанд.

Фарзона, Шабнаму духтараш Шарифамоҳ ва хоҳари калонии онҳо Бибирӯзигул дар Ҳаҷ

Фарзона, Шабнаму духтараш Шарифамоҳ ва хоҳари калонии онҳо Бибирӯзигул дар Ҳаҷ

Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед духтарони падарҷудои овозхони маъруф Сурайёи Қосим мебошанд. Шабнами Сурайё дар оғози солҳои 2000 баъди як издивоҷи номуваффақаш ба саҳнаи ҳунар омад ва дар як муддати кӯтоҳ ба яке аз ситораҳои аввали эстрадаи тоҷик табдил ёфт. Дар ҳар сурат, клипҳои ҳеҷ кадоми дигар аз хонандагони тоҷик шабакаи Ютуб ба андози клипҳои Шабнами Сурайё беш аз 1 миллион тамошобин гирд наовардааст. Теъдоди тамошобинони 2 клипи ӯ - “Ҳанӯз аввали ишӯқ аст” ва “Биё, бирем боғ”- дар Интернет аз марзи 2 миллион ҳам гузаштааст.

Фарзонаи Хуршед чанд сол баъд аз Шабнам ба саҳна омад ва низ ба зудӣ дар радифи ситораҳои эстрадаи Тоҷикистон қарор гирифт. Ӯ дар ин миён дар моҳи феврали соли 2010 бо ҷурми аз боздошт гурезондани дӯстписараш Фаррух Қузиев, мулаққаб ба “Кузя” ба 2 соли зиндон маҳкум ва дар сентябри соли 2011 бар асоси қонуни афв озод шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG