Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷовуз ба номус барои таҳкими ҳокимият


Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, низомиён ва пулиси Миср дар мубориза бо таҳдиди исломгароӣ аз таҷовуз ба номуси норозиён ва афроди барои режими Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ҳамчун силоҳ истифода мебаранд.

Ба ақидаи ҳомиёни ҳуқуқи инсон, кормандони хадамоти махсус, низомиён ва пулиси Миср, ки бо таҳдиди исломгароӣ дар симои «Ихвон-ул-муслимин» мубориза мекунанд, аз таҷовуз ба номуси норозиён ва мухолифони режими Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ҳамчун силоҳ истифода мебаранд.

Даҳҳо ҳазор нафар дар Миср ҳадафи зӯроварии ҷинсӣ қарор ёфтаанд. Инҳо фаъолон ва раҳбарони ҷунбишҳои мухолиф, аъзои созмонҳои ғайритиҷоратӣ, ҷомеаҳои ҳамҷинсгароён ва ҳар шахсест, ки дар чашми хадамоти махсус, низомиён ва пулис шубҳанок ё хатаровар менамояд. Ин хулосаи асосии гузоришест, ки созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон рӯзи 21 май нашр карданд.

Таҷовуз ба номусро ҳукуматдорони нав, артиш ва ниҳодҳои ҳифзи қонуни Миср ҳамчун абзори тарспароканӣ ва саркӯби ҳама гуна дигарандешӣ истифода мекунанд, гуфта мешавад дар пажӯҳише, ки Федерасюни байнулмилалии ҳуқуқи инсон, марказаш дар Порис ҳамроҳ бо созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) анҷом додааст.

Баъд аз табаддулоти ҳарбии 3 июли соли 2013, ки дар натиҷаи он президенти исломгаро Муҳаммад Мурсӣ аз мақомаш барканор карда шуд ва 16 май ҳамроҳ бо 16 нафар аз ҳамсафони наздикаш ба қатл маҳкум гашт, дар Миср режими дунявӣ, аммо фавқулода саркӯбгар сари кор омад, ки рӯз то рӯз бераҳмтар мешаад, навиштаанд муаллифони санад.

Дар ин пажӯҳиш гуфта мешавад, ки бо вуҷуди ваъдаи ҳукумати нав дар мубориза бо чунин ҷиноятҳо шумораи зӯровариҳои ҷинсии кормандони хадамоти махсус, пулис ва ҳарбиён дар Миср дар ду сол ба сатҳи нигаронкунанда расидааст.

ГУВОҲИИ ҚУРБОНИЁНИ ТАҶОВУЗ

Ҷиноятҳои зидди дахлнопазирии ҷинсӣ, ба гуфтаи муаллифони гузориш, шаклҳои гуногун касб кардаанд: аз таҷовузи рӯйирост ва аксаран дастаҷамъона то таҳдиди таҷовуз дар зиндонҳо ва боздоштгоҳҳои пулис то шиканҷаҳо, либоскашиҳои дар мазҳари ом, кофтуков ва дигар тафтишҳои ҷинсӣ ва дигар таҳқирҳои шабеҳи «санҷиши бакорат», маҷбуркуниҳо ба қаробат ва сипас истифода ин бо мақсади шантаж. Ба сурати умум ҳамаи онҳое, ки имрӯз аз тарафи хадамоти гуногун бо ин ё он баҳона боздошт мешаванд, қатъи назар аз иттиҳом ва шароити боздошт зери чунин таҳдидҳо меафтанд.

Навиштае дар девори кохи раёсатҷумҳурӣ: "Нест бод хушунати ҷинсӣ!"

Навиштае дар девори кохи раёсатҷумҳурӣ: "Нест бод хушунати ҷинсӣ!"

Муаллифони ипажӯҳиш таъкид мекунанд, ки зӯроварии ҷинсӣ таърихан яке аз абзори асосии саркӯби ҷомеаи Миср буда, ҳанӯз аз замони Ҷамол Абдулносир, ки хадамоти имрӯзаи амниятиро таъсис додааст, оғоз ёфтаанд. Ҳоло дар Миср зиёда аз даҳ хадамоти амниятӣ ва интизомӣ мавҷуд аст ва аз соли 2013 ба имн сӯ ягон корманди пулис, хадамоти амнияти давлатӣ ё артиш, ки дар байни онҳо беш аз ҳама «Ал-Амн ал-Ватани» (Шӯъбаи амнияти ватан) дар фасод машҳур аст бо вуҷуди шикоят ва баёноти ҳазорон нафар аз қурбониён ба додгоҳ кашонда нашудааст.

Донишҷӯи 23-сола ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Ясмин ал-Барамуӣ, ки дар тазоҳуроти зидди таҳкими ҳокимияти ҳарбиён дар соли 2014 ширкат карда буд, чунин мегӯяд:

«Вақте маро бо зарбаи калтак ба замин афтонданд, аз ақиб мошини пулис омад ва махсусан ба болои мӯйҳои дарози ман ронд. Дар натиҷа ман дар рӯи роҳ фарш шудам. Онҳо аз пойҳои ман дошта, либосам, таҳпӯшҳоямро даронданд, маро ба шикам хобонданд. Ҷузъиёти нафратомезро намехоҳам ҳикомят кунам. Чанд пулис маро ҳар тавре ки мехостанд, дасти зӯрӣ карданд. Ман фарёд мезадам, мегиристам, аммо ин кӯмак намекард,» -- гуфтааст Ясмин.

Пажӯҳиши Федерасюни байнулмилалии ҳуқуқи инсон пур аз чунин баёноти қурбониёни хушунат ва наздикони онҳост, ҳарчанд дар аксари ҳолатҳо қурбониёни таҷовуз саргузашти худро пинҳон медоранд. Онҳо намехоҳанд, дар назари мардум беобрӯ шаванд ва ба адолати додгоҳ низ бовар надоранд. Аммо амалан беҷазо мондани омилони чунин ҷиноятҳо сабаб мешавад, ки хушунат аз моҳ ба моҳ бештар гардад.

ЗАРБА БА ҲАМҶИНСГАРОЁН

Бино бар маълумоти муаллифони гузориш, бештар аз ҳама ҳарбиён, амниятиҳо ва пулис мухолифони ақидатии режим, занони фаъоли созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандӣ, донишҷӯёни донишгоҳҳои исломӣ, аъзои хонаводаи мухолифони сиёсӣ, аз ҷумла кӯдакон хурдсоли онҳо ва махсусан аъзои ҷомеаҳои ҳамҷинсгаро ё ЛГБТ (лесбиянкаҳо, гейҳо, бисексуал ё хуносо ва транвеститҳо)-ро ҳадафи таҷовуз қарор медиҳанд.

Дар Миср, ки як кишвари асосан мусулмоннишин аст, ҳамҷисгароён ҳамеша зери фишоранд, вале бо сари қудрат омадани режими вазири дифои пешин ас-Сисӣ зидди онҳо як маъракаи созмонёфтаи хушунатомез сар шуд. Ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Миср дар ин ҳолат иддао мекунанд, ки баръакс бо «зӯроварии шаҳвонӣ» мубориза мебаранд. Ин «зӯроварии ҷинсӣ» ба гуфтаи онҳо, таблиғи ҳамҷинсгароист. Дар ҳамин ҳол ҳамҷинсгароӣ дар Миср амали ҷиноӣ шумурда намешавад ва боздоштшудаҳоро асосан ба «рафтори бадахлоқона», «фаҳшо» ё «нақзи авбошонаи тартиботи ҷамъиятӣ» айбдор мекунанд.

Дар яке аз маҳбасҳои Миср

Дар яке аз маҳбасҳои Миср

Вазъи ҳуқуқи башар дар Миср ахиран бисёре аз ҳомиёни ҳуқуқи инсонро дар саросари ҷаҳон нигарон кардааст. Ин нигаронӣ дар ҳоле бешт ар мешавад, ки режими Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ зидди мухолифони худ даҳҳо ва гоҳе садҳо ҳукми дастаҷамъонаи қатл мебарорад. Ин ҳам дар ҳоле ки генералҳои мисрӣ, вақте ба қудрат расиданд, худро «нерӯи оқили мутамаддин»-е номиданд, ки мехоҳад, тундагроии исломиро, ки кишварро фаро гирифта буд, шикаст диҳад.

Нуқтаи олии ин ҳукмҳоро эълони ҳукми эъдоми президенти барканоршуда Мурсӣ ва дигар сарони «Ихвон-ал-муслимин» ташкил дод. Ин ҳукм ба муфтии аъзами Миср пешниҳод шуд ва хулосаи он рӯзи 2 июн эълом хоҳад гашт.

Мурсӣ ва тарафдоронаш дар ҷосусӣ ба манфиати давлатҳои номбарнашуда ва даст доштан дар фирори наздик ба ҳазор маҳбуси сиёсӣ аз зиндонҳоли Миср дар соли 2011 муттаҳам шудаанд. Ин фирор дар айни тазоҳуроти мардумие иттифоқ афтодааст , ки сабаби барканории ҳукумати президенти дерсолаи Миср Ҳуснӣ Муборак шуда буд. Пештар, дар моҳи апрели соли равон Мурсӣ бо иттиҳомоти марбут ба таъқиби ширкаткунандагони тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар замони раҳбарияш ба 20 соли ҳабс маҳкум шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG