Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли киноҳои "мулло"-ҳои тоҷик


Имсол моҷароҳо бо ширкати муллоҳои тоҷик аз ҳарвақта дида бештар сари забони расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ буданд.

Ҳадди аққал ду наворҳои муллоҳои “шаҳватпараст” дар шабакаҳои YouTube ва Facebook шӯре барпо карда, тайи чанд ҳафта аз телефон ба телефон мекӯчиданд.

"МУЛЛОИ ҶОДУГАР"

Дар яке аз онҳо, ки муаллифон “Ҷодугар” ва “Муллои беинсоф” номгузорӣ кардаанд, саҳнаи “табобат”-и Асадулло Иброҳимов сабт шудааст. Дар навор як зану як мард дида мешаванд ва мард бо қироати сураҳои Қуръон занро гӯё муолиҷа мекунад. Вале мулло ҳангоми қироат ба бадани зан даст мезанад ва он гуна рафтор мекунад, ки гӯё ҳаракатҳои шаҳвонӣ бахше аз табобат бошад. “Бемор” ба ин ҳаракатҳо мухолифате намекунад...

Баъди пахши навор вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти мулло Асадулло Иброҳимов хабар дод. Ду моҳ баъд, 24-уми октябр, додгоҳи ноҳияи Сино ӯро бар пояи моддаҳои 139, қисми 2, банди "а" (“Амалҳои зӯроварии характери шаҳвонӣ дошта”) ва моддаи 247, қисми 2, банди "а" (“Қаллобӣ”) ба ҳафт соли зиндони низомаш шадид маҳкум ва ба маблағи 14 600 сомонӣ ҷарима кард.

"ҚАҲРАМОН"-И YOUTUBE АЗ БОЛШЕВИЗМ

Дигар “қаҳрамон”-и шабакаҳои иҷтимоӣ – муллое аз ноҳияи Рӯдакӣ буд, ки саҳнаи ҳамхобагияш бо занеро ба навор бардошт, вале бо амри тасодуф телефонашро гум кард. Шахси телефонро пайдокарда навори “ҷолиб”-ро билофосила дар ихтиёри YouTube гузошт. Баъзеҳо муллоро чун имомхатиби масҷиди деҳаи Болшевизми ноҳияи Рӯдакӣ ташхис карданд. Аммо Кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи 17-уми июн эълом дошт, ки ин мард имом-хатиб нест ва «азбаски ӯ таълимоти диниро дар хориҷи кишвар - Эрону Покистон гирифтааст, мардум ӯро “мулло”ном мебурдаанд” ва “баъзан дар маъракаву ҳамсоянишиниҳо бо хоҳиши аҳли деҳа имоматӣ мекард”. Ба думболи ин бахши фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон эълом дошт, аз нигоҳи шариат барои фарди мусулмон наворбардорӣ ва ё аксбардорӣ кардани муносибати маҳрамона бо зани худ ё ҳар зани дигар ҳаром аст.

Аммо, ба иттилои расмӣ, муллоҳое, ки занҳои беморро бо бӯсу канор “табобат” мекунанд, кам нестанд. Сокини Истаравшан Дилшод Султонов, ки мардум ба ӯ чун “мулло-табиб” эътиқод доштанд, барои талоши таҷовуз ба номуси зани аз худаш тақрибан 20 сол ҷавонтар боздошт шуд. Ба иттилои расмӣ, Дилшод Султонов барои ин амалаш ба маблағи 18 ҳазор сомонӣ ҷарима пардохт кардааст. Вале, ба гуфтаи таҳлилгарон, ин қазияҳо боиси сару садо нашуданд, шояд ба он хотир, ки наворҳояшон ба YouTube нарасидааст.

ДИН ВА ФАСОД

Аҳмадшоҳ Комилзода, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, фисқу фуҷур ва шаҳватпарастӣ на фақат ба аҳли тоату тақво, балки ба ҳукуматдорон – аз мансабдорони аршади ҳукумат сар карда то ба раҳбарони сатҳи миёнаву маҳаллӣ ҳам хос аст, вале то имрӯз нафаре аз онҳо ошкор ва муҷозот нашудааст, зеро наворҳояшон, агар сабт шуда бошанд, на ба шабакаи иҷтимоӣ, балки ба “ҷойҳои дахлдор” барои “рӯзи мабодо” фиристода мешавад. Ӯ иқрор мекунад, ки воқеъан ҳам бори аввал баъд аз замони нооромиҳо дар Тоҷикистон рӯҳониёни тоҷик “қаҳрамон”-ҳои доимии нашрияҳову шабакаҳои иҷтимоӣ шуданд. Аҳмадшоҳ Комилзода дар ташреҳи ин раванд мегӯяд, “гурӯҳҳои гуногуни мазҳабӣ, аз ҷумла, исломи расмӣ дар кишвари мо, бо истифода аз амниву озодиҳои феълӣ шумораи бузурги мардум, ба вижа, ҷавонону кӯдаконро ҳарчӣ бештар ва қудратмандонатар ба масҷид ва мазҳабгароӣ ҷалб мекунад, ки ин боиси нороҳатии ҳукуматдорон шудааст”.

Саймиддин Дӯстов
Саймиддин Дӯстов

Саймуддин Дӯстов, раиси маркази таҳлилии “Индем”, ҳам мутмаин аст, ки “таъинкунандаи муҳити сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар соле, ки сипарӣ мешавад, муқовимати ошкору ниҳони дунявиҳо ва мазҳабиҳо буд”. Ӯ ҳам мегӯяд, соли равон дар Тоҷикистон ду раванд баръало мушоҳида шуд, яке раванди ҳарчӣ бештар ба дину мазҳаб рӯ овардани мардум, ба вижа, ҷавонон, ва дуввум – таваҷҷуҳи хосаи ҳукуматдорон ба раванди аввал. Аз нигоҳи таҳлилгар, ”раванди ҳарчӣ бештар мазҳабӣ шудани мардум – як навъи пӯшидаи эътироз аст ва мақомот ҳам инро худ дарк карда авзоъро таҳти назорат қарор доданд”.

Маҳз ба ин хотир, ба гуфтаи мусоҳибони мо, миёни ахборе, ки вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва расонаҳои давлатӣ имсол нашр карданд, аз аъмоли зишти муллоҳо зиёд ёд мешавад. “Мулло Собир”, сокини 34-солаи ноҳияи Восеъ Собир Гиёев бо зане издивоҷ карда, баъдан духтари 12-солаи ин занро ба никоҳи худ даровард. Абдуҷаббор Абдураҳмонов, сокини ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар, маъруф ба “Мулло Ҷаббор” ва «чашмбанду сеҳргар», моҳи феврали соли равон се ҷавонро ба дуздии сармояи як тоҷир дар Қӯрғонтеппа ташвиқ намуд ва онҳоро мӯътақоид кард, ки бо роҳи сеҳру ҷоду соҳиби мол ва мақомоти пулисро роҳгум мезада ва изи ҷиноятро пок мекунад. Иқбол Раҷабов, сокини 22-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар масҷиди деҳаи Қулписта ба тиловат машғул буд, барои таҷовуз ба номуси як кӯдаки 8-сола боздошт шуд. Абдулвоҳид Қодиров, як “муллои қасидахон” ё “ҷинбарор” аз ноҳияи Панҷро ба иттиҳоми куштори Рӯҳуллоҳои 19-сола, ки гӯё гирифтори маризии рӯҳӣ будааст, дастгир карданд...

Саидумар Ҳусайнӣ
Саидумар Ҳусайнӣ

Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ва муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мутмаин аст, бештари ин ҳаводис фитнаанд ва ба хотири бадномсозии дини ислом пахш мешаванд. “Мо шоҳиди он ҳастем, ки бисёре аз муллоҳоро худи ҳукумату худи кормандони амниятӣ зери назорат мегиранд ва бо нишондоди онҳо ин афрод масҷиду минбарҳоро соҳиб мешаванду на амри Худову Паёмбар, балки амри ҳукуматдорону амниятиҳоро иҷро мекунанд”, мегӯяд сиёсатмадори тоҷик. Ӯ меафзояд, ки солҳои ахир аз дигар роҳҳои “сиёҳ” кардани дини ислом, аз ҷумла, аз тариқи духтарони беҷогард ҳам истифода мебаранд.

ҲАР АЙБ, КИ ҲАСТ...

Вале Саодат Амиршоева, вакили парлумони Тоҷикистон, ба фитна будани ин ҳодисаҳо мутмаин нест ва мегӯяд, бархе аз рӯҳониён бо аъмоли худ воқеан ҳам на фақат обрӯи худ, балки обрӯи дини мубини ислом ва кишварро мерезонанд. Ба гуфтаи ӯ, “онҳо ҷиноятпешаанд, барояшон на обрӯи дин муҳим аст, на обрӯи миллату ватан”. Хонум Амиршоева меафзояд, аз як сӯ, мардум ҳарчӣ бештар мазҳабӣ мешаванд, аз сӯи дигар, ҳарчӣ бештар муллоҳову муллобачаҳо “даст ба фасодӣ мезананд”.

Саодат Амиршоева
Саодат Амиршоева

Вакили парлумон аз он ҳам нигарон аст, ки сабту наворҳои баҳсбарангез, аз ҷумла, дар бораи аъмоли шаҳвонӣ, на фақат дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасанд, балки гоҳ-гоҳ аз тариқи телевизиони давлатӣ ҳам намоиш дода мешаванд ва масъулин намеандешанд, ки ин наворҳоро кӯдакон ҳам тамошо мекунанд.

Хонум Амиршоева аз коҳиш ёфтани ахлоқи ҷомеъа таассуф мехӯрад, аз ҷумла, аз телевизион хабарҳои аз сӯи падар таҷовуз шудани духтаронро шунида сахт нороҳат шудааст. Манзур иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар бораи боздошти як сокини 41-солаи деҳаи "Конститутсия"-и ноҳияи Рӯдакист, ки аз моҳи октябри соли 2012 духтари 19-солаи худро ҳадафи таҷовуз қарор додааст. Ин шахс амали ношоистаи худро то моҳи июни соли равон идома дода, духтарашро пайваста таҳдид мекардааст, ки агар ба ягон кас муроҷиат намояд, ӯро мекушад.

Моҳи август кормандони милисаи ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ҳам чунин ҳодисаро сабт карданд. Як сокини деҳаи Кавраки ин ноҳия моҳи сентябри соли 2011 дар манзили зисташ ба номуси духтари 22-солааш таҷовуз кардааст. Ба гуфтаи мақомоти умури дохилӣ, ин шахс то боздошт дар моҳи августи соли равон амали худро нисбати духтари худ идома додаст...

XS
SM
MD
LG