Пайвандҳои дастрасӣ

Сардабирон: Бастани сайтҳо зидди манфиатҳои кишвар аст


Зебо Тоҷибоева, сардабири "Азия-Плюс"

Зебо Тоҷибоева, сардабири "Азия-Плюс"

Сардабирони расонаҳои интернетии Тоҷикистон мегӯянд, ҳанӯз ҳам дастрасии мушатроиён ба сомонаҳои онҳо имконпазир нашудааст ва ин амал ба онҳо соеби молӣ мерасонад.

Зебо Тоҷибоева, сардабири "Азия-Плюс" мегӯяд, дастрасии муштариён ба сомонаи интернетии расона ҳамоно маҳдуд аст ва аз ин амали ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет ҳуқуқи расона ва муштариёни он поймол гашта, "Азия-Плюс" осеби зиёди молӣ мебинад. Хонум Тоҷибоева афзуд, ҳарчанд то ҳоло ягон расона ё муштарӣ ин ширкатҳоро барои поймол кардани қарордод ба додгоҳ накашондаанд, расонаи ӯ тасмим дорад, таблиғҳои ширкатҳои мазкурро нашр накунад ва барои ин ҷуброн ҳам напардозад.

Дастрасӣ ба сомонаи "Азия-Плюс" аз нимирӯзии 28 май замоне масдуд шуд, ки ин расона хабареро дар бораи пахши як видео аз тарафи сардорри Дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-И Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов мунташир намуд. Ҳамзамон бархе аз фароҳамоварони хадамоти интернетӣ дастрасии муштариёни худро дар Тоҷикистон ба сомонаҳои Радиои Озодӣ, "Ютюб, "Одноклассники" ва "ВКонтакте" низ маҳдуд кардаанд. Даҳҳо нафар аз хонандагони торнамои Радиои Озодӣ аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки то ҳанӯз ба ин сомона ва ҳамчунин шабакаи Ютюб, порталҳои "Одноклассники" ва "ВКонтакте" дастрасӣ надоранд.

Ин шикоят асосан аз забони муштариёни ширкатҳои "Бабилон", "Индиго", "Тоҷиктелеком" ва "Мегафон" садо медиҳад. Эҳтимол меравад, ширкатҳои дигар низ роҳи муштариёни худро ба ин сомонаҳо баста бошанд. Яке аз корбарони интернет дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ба торнамои Радиои Озодӣ танҳо бо ёрии филтршикан даромада тавонистааст. Ӯ худро муштарии ширкати "Билайн" муаррифӣ кард.

Изҳороти Зебо Тоҷибоеваро сардабири торнамои "Тоҷнюс" Абдуазими Абдуваҳҳоб низ ҳимоят мекунад. Вай мегӯяд, барои ҷалби ҳар як муштарӣ машаққати зиёди ҳайати эҷодӣ сарф мешавад ва аммо дар натиҷаи баста будани сомонаҳо ҳар рӯз онҳо даҳҳо хонандаи худро аз даст медиҳанд. "Мавзӯъ фақат ин нест, ки сомонаҳоро мебанданд, балки мардумро аз гирифтани иттилои дуруст маҳрум мекунанд. Аммо ин сайтбандиҳо роҳи ҳал нест. Ҳоло даҳҳо филтршикане ҳаст, ки мардум метавонанд ба сомонаҳо даст ёбанд. Аз сӯи дигар он

Абдуазими Абдуваҳҳоб

Абдуазими Абдуваҳҳоб

иттилои тоҷикӣ ё миллие, ки сомонаҳои мо медиҳанд, иттилое, ки аз тарафи Тоҷикистон ва барои мардуми Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои миллӣ омода ва нашр шудааст, ҷои онро хабару гузоришҳои ғайр, моли дигарон мегирад, ки ба амнияти иттилоотии Тоҷикистон ва ташаккули афкори ом дар кишвар бетаъсир буда наметавонад," -- мегӯяд Абдуазими Абдуваҳҳоб.

Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани дастраскунандагони интернет ва ширкатҳои технологияи иттилоотӣ, 28 май ба Радиои Озодӣ гуфт, вай бар ин аст, ки шояд ширкатҳои мазкур барои бастани ин сомонаҳо аз Хадамоти алоқа дастури шифоҳӣ гирифтаанд. "Сабабаш шояд нашри хабарҳо дар бораи видеои полковники ОМОН бошад. Вақте якбора бисёр сайтҳоро мебанданд, шояд ягон дастур ҳаст. Вале, ба назари ман, бастани сомонаҳо роҳи ҳалли мушкил нест ва хилофи ҳуқуқи муштариён ба маълумот аст," -- таъкид дошт ӯ.

Аммо Фазлиддин Хоҷаев, сардабири "Фараж-Онлайн", изҳори умедворӣ мекунад, ки бастани сомонаҳо як падидаи муваққатӣ ва барои пешгирӣ аз ягон таҳдид аст. "Мақомот талош мекунанд, ки аз чунин ҳолатҳо пешгирӣ кунанд ва ин як амали мусбат ҳам ҳаст. Аммо ин набояд ба сайтҳои хабарӣ дахл дошта бошад ва ман куллан ба чунин кор мухолифам," -- мегӯяд Фазлиддин Хоҷаев.

Ҳарчанд Хадамоти алоқаи Тоҷикистон қатъи дастрасии муштариёнро ба сомонаҳо рад мекунад, сафи шикояткунандагон рӯ ба афзоиш дорад ва ҳисобкунакҳои Гугл ва Адоб нишон медиҳанд, ки шумораи воридшавандагон ба сомонаи Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон ба таври ғайримуқаррарӣ кам буда, он ҳам рӯ ба коҳиш дорад.

Ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет ва алоқаи мобилии Тоҷикистон дар гузашта низ борҳо дастрасии муштариёнро ба сомонаҳои гуногун, аз ҷумла Радиои Озодӣ, Фейсбук ва Ютюб маҳдуд кардаанд. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон танҳо бархе аз чунин мавридҳоро эътироф карда, онро ба “мушкили фаннӣ” бастагӣ додааст.

Қатъи дастрасӣ ба торнамои Радиои Озодӣ дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки он яке аз аввалин расонаҳои ахбори ом буд, ки дар бораи рӯ задани видеои Гулмурод Ҳалимов дар бораи ба сафи "Давлати Исломӣ" пайвастани полковники бенишоншудаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG