Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳпаймоии садҳо ҷавон ба хотири ҷанговарон дар Хоруғ


Як гурӯҳ аз ҷавонони вилояти Бадахшон бо бардоштани акси 224 иштирокчии ҷанги бузурги ватанӣ дар Хоруғ роҳпаймоӣ карданд.

Садҳо ҷавон дар Бадахшон бо акси 224 иштирокдори Ҷанги бузурги ватанӣ ба хиёбони марказии шаҳри Хоруғ баромада, раҳпаймоӣ карданд. Онҳо мегӯянд, ки ин аксҳоро аз хонаҳо ҷамъоварӣ ва нашр намудаанд.

Ташаббускорони ҷавони ин чорабинӣ мегӯянд, бо ҳадафи поси хотири ҷанговарон ин иқдом рӯйи даст гирифта шуд. Мақсуд Ғиёсов, яке аз аъзои гурӯҳи ихтиёриёни "Ҷавонон нерӯи созандаи миллат" гуфт, "мо онҳоро фаромӯш намекунем ва нахоҳем кард. Ҳарчанд дар қайди ҳаёт нестанд, аммо фарзандону набераҳою хешу пайвандон бо бардоштани аксҳояшон поси хотири онҳоро ба ҷо овардем. Мо хостем, ин чорабиниро дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор кунем, аммо фурсату маблағ, ки надоштем, феълан дар сатҳи вилоят ташкил кардем."

Мақсуд мегӯяд, тамоми ин 224 аксро онҳо ба осорхонаи вилоятӣ тақдим хоҳанд кард.

Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи ташаббускорони ҷавон аз ин минтақа 1399 нафар дар ҷанг ширкат карда, ҳоло 7 нафарашон дар қайди ҳаётанд. Дар зимн, дар ростои рӯзи ғалаба бар фашизм, имсол мушоҳида мешавад ҷавонони тоҷик дар пойтахт ва бархе аз дигар минтақаҳо ҳам аз ин ҷашн бо шавқ таҷлил мекунанд ва ёди бобоҳои худро пос медоранд.

Ҳоло ҷавонони зиёде дар мошинҳои худ шиорҳое мисли "Ташаккур ба бобоям барои ғалаба"-ро овехтаанд ва истифода аз лентаи георгий ҳам "муд" шудааст, агарчӣ баҳсҳо бар сари он ки оё ин лента ба ҷанги дувуми ҷаҳон марбут аст ё на, ҳанӯз сард нашудааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам дар саҳифаҳои ҷавонон ингуна шиорҳову ёдоварӣ аз корнамоиҳои ҷанговарони тоҷикро зиёд дидан мумкин аст.

Дар баробари аёдату табрики ҷанговарон бо гулдастаҳо, бархе аз ҷавонон иқдом гирифтанд, дар ин рӯз хонаҳои онҳоеро, ки ҳанӯз миёни мо ҳастанд, пок кунанд.

Ҳамчунин, дар рӯзи 8 май аз номи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Душанбе муроҷиатномае нашр шуд, ки дар он аз қаҳрамонии тоҷикон, собиқадорони ҷангу меҳнат, ёдоварӣ намуда, аз ҳунармандону эҷодкорон ва таҳлилгарону таърихнигорон даъват шудааст, бо эҷоду таҳияи асару барномаҳо, насли ҷавони кишварро аз осори ҷанг бештар огоҳ кунанд.

Ҷавонон дар ин муроҷиатномаи худ ба ҳаёти сиёсӣ ҳам таваҷҷӯҳ карда, аз аҳзоби сиёсӣ ва иттиҳодияҳои диниву ҷамъиятии кишвар даъват кардаанд, то “манфиатҳои сиёсӣ ва гурӯҳии худро канор бигузоранд ва дар ин марҳилаи ҳассос гирди як идеологияи воҳид ҷамъ шаванду баҳри ҳифзи созандагиву бунёдкорӣ бо ҳам якҷоя бошанд”

Ҷавонони тоҷик дар бораи Ҷанги дувуми ҷаҳон, дар дарси таърих маълумот мегиранд, аммо аз сӯҳбатҳое, ки дар робита ба ин мавзӯъ бо ҷавонон сурат мегирад, малум аст, ки ҷавонон дар ин бора маълумоти зиёде надоранд.

XS
SM
MD
LG