Пайвандҳои дастрасӣ

70 сол баъд аз озодии "урдугоҳи марг" (ВИДЕО ва АКС)


Ҳафтод соли пеш дар таърихи 27 январи соли 1945 урдугоҳи Освенсим, ки дар он ҳазорон нафар зери шиканҷа қарор доштанд, аз сӯи Артиши сурх озод шуд.

27 январи соли 1945 артиши Иттиҳоди Шӯравӣ дарвозаҳои Освенсим-Биркенау, урдугоҳи марг (конслагер) дар шаҳри Освенсимро боз кард. Беш аз як миллион нафар, ки бештарашон яҳудиён будаанд, ҳанӯз то расидани Артиши Сурх дар ин урдугоҳ ҷон бохтаанд. Вақте Артиши сурх ба Освенсим ворид шуд, дар он каме бештар аз 7 ҳазор асир зинда монда буд...

Рӯзи 27 январ бо баргузории як маросим дар маҳалли конслагери собиқи фашистони Олмон дар Освенсими Лаҳистон (Полша) ҷаҳон аз солгарди 70-уми раҳоии асирони зиндамондаи ин “урдугоҳи марг” аз сӯи Артиши Сурх таҷлил мекунад. Дар ин маросима чандсанд нафари зиндамонда аз асирони собиқи Освенсим, ҳамчунин намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои дунё ширкат мекунанд.

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел рӯзи 26 январ дар маросиме ба муносибати солгарди 70-уми раҳоии Освенсим дар Берлин ба гурӯҳе аз асирони собиқи Ҳолокост ( маъракаи қатли омми яҳудиён аз сӯи Олмони фашистӣ дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон) гуфт, дар Олмон таҳти таҳқиру таббъиз ва таҳдиду хушунат қарор гирифтани яҳудиёнро “шармандагӣ” номид. Ӯ Освенсимро ҳушдоре хонд, ки мардум дар рафтор нисбат да якдигар ба чӣ коре қодиранд. Ӯ таҷрибаи таҳти назорати пулис гузоштани синагога ва дигар ниҳодҳои яҳудиро “доғе” барои кишвараш хонд.

27 январ Рӯзи байналмилалии ёдбуди қурбониёни Ҳолокост аст. Конслагери Освенсим яке аз рамзҳои умдаи геносидест, ки аз сӯи Олмони фашистӣ ба роҳ андохта шуд ва дар ҷараёни ин Ҳолокост, бино ба ҳисобҳо, то 6 миллион яҳудиро қатли ом карданд. Намояндагони ақалиятҳои дигаре, чун лӯлиён, ҳамҷинсгароён ва маризони рӯҳӣ низ дар он замон қатли ом шуданд.

Меркел намунаи Освенсимро барои мазаммати онҳое кор бурд, ки ахиран дар Олмон алайҳи мусалмонон эътироз карданд. Садри аъзами Олмон гуфт, “мо намехоҳем шиорҳои пур аз адоват алайҳи мардумеро, ки дар Олмон макон ёфтаанд, шунавем.”

Артиши Сурхи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷараёни босуръат ба сӯи Ғарб пеш кардани нирӯҳои Олмони фашистӣ рӯзи 27 январи соли 1945 конслагери Освенсимро озод кард.

Аммо солгарди имсолаи раҳоии Освенсимро ташдиди равобити Русияву Ғарб, ки ба далели бӯҳрони Украина тақрибан ҳамсони даврони Ҷанги сард шудааст, хадшадор кардааст. Русияро изҳори назари мақомҳои Лаҳистону Украина, ки гуфтанд, Освенсимро асосан украиниҳо озод кардаанд, сахт ба хашм овард. Маскав мегӯяд, нирӯҳои озодибахши Освенсим Ҷабҳаи Украина ном дошт, вале дар ҳайати ин ҷабҳа намояндагони миллатҳои мухталиф меҷангиданд.

Ба оташи ин танишҳо эълони раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, ки тавассути сухангӯяш аз ширкат накардани худ дар маросими 70-солагии озодии Освенсим хабар дод, равғани бештар рехт. Осорхонаи давлатии Освенсим-Биркенау имсол ба ягон нафар аз раҳбароин кишварҳо даъватномаи расмӣ барои ширкат дар маросими рӯзи 27 январ нафиристод, балки танҳо бо як пурсиш, ки оё кадоми онҳо ба ин маросим меояд?, иктифо кард. Матбуот ин иқдомро гашти машкуки Лаҳистон ба хотири пешгирӣ аз ҳузури Путин дар ин маросим арзёбӣ мекунанд.

Раисиҷумҳурони Украинаву Фаронсаву Олмон Петро Порошенко, Франсуа Ҳолланд ва Йоахим Гаук дар маросими бахшида ба солгарди 70-уми озодии Освенсим ширкат мекунанд, аммо Русия, Амрико ва Исроил тасмим гирифтаанд, ба инҷо мақомҳои пойинтарашонро фиристанд. Интизор меравад, боз даҳҳо раисиҷумҳури сарвазир аз саросари дунё ва подшоҳони Белгия ва Ҳолланд низ дар солгарди Освенсим ширкат кунанд.

Путин, ба гуфтаи Кремл, рӯзи 27 январ аз Осорхонаи яҳудиён ва Маркази ҳусни таҳаммул дар Маскав боздид мекунад. Раисиҷумҳури Русия дар як паём ба аҳли маросими солгарди озодии Освенсим гуфт, Ҳолокост “яке аз саҳифаҳои аз ҳама пурфоҷиа ва шармсоронаи таърихи инсоният” ба шумор меравад. Путин гуфт, “маҳз Артиши Сурх буд, ки нафақат яҳудиён, балки ҳамчунин халқҳои дигари Аврупову ҷаҳонро аз нестшавӣ наҷот дод.”

Путин алайҳи онҳое ҳушдор дод, ки ба таъбири ӯ, дар Ғарб мехоҳанд саҳми Иттиҳоди Шӯравӣ дар пирӯзӣ бар Олмони фашистиро камранг нишон дода, Русияро бо рангҳои сиёҳ тасвир кунанд. Путин гуфт, “ҳар навъ талоши бознависии таърих ва кам нишон додани саҳми Шӯравӣ дар Пирӯзии бузург ба маънои тавҷеҳи ҷиноятҳои фашизм буда, роҳро барои эҳёи ин идеологияи қаттол боз мекунад.”

Солгарди 70-уми озодии Освентсим дар пасманзари нигарониҳо аз афзоиши яҳудибадбинӣ (антисемитизм) дар Аврупо таҷлил мешавад. Танҳо як маркази яҳудиёни Фаронса дар бораи дастикам 851 мавриди антисемитизм дар соли 2014, бо шумули 241 мавриди хушунати ҷисмонӣ нисбат ба яҳудиён хабар додааст. Хунинтарини онҳо ҳамлаи рӯзи 9 январи як исломгаро ба мағозаи фурӯши ғизоҳои яҳудиӣ дар Порис буд, ки дар ҳамоҳангӣ бо омилони ҳамлаи хунин ва қатли 12 нафар дар идораи маҷаллаи ҳаҷвии “Шарли Эбдо” анҷом шуда, 4 кушта ба ҷо гузошт.

Раҳбари Конгресси яҳудиёни Аврупо Моше Кантор рӯзи 26 январ дар Форуми Ҳолокост дар Прага гуфт, Аврупо дар рӯбарӯи “ҳиҷрати оммавӣ”-и ҷадиди яҳудиён қарор дорад. Ӯ гуфт, “ҷиҳодизм ба фашизм хеле наздик аст. Ҳатто метавон гуфт, ки онҳо ду рӯи як шайтонанд.”

Фарин Осимӣ, хабарнигори Радиои Фардо (бахши эронии Радиои Озодӣ) ба ин муносибат сафаре ба ин урдугоҳ дошт ва аз онҷо филми мустанаде таҳия кардааст. Ин филмро инҷо тамошо кунед:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG