Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асоси қонуне, ки тоза имзо шудааст, барои ташкили фоҳишахона аз 600 то 1800 доллар ва ё то ҳафт соли зиндон пешбинӣ гардидааст.

Узбакистон барои ташкили фоҳишахона ҷазоро сахттар кардааст. Бар асоси қонуне, ки рӯзи 25 апрели соли ҷорӣ аз сӯи раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов имзо шуда ва мавриди иҷро қарор гирифт, барои ташкили фоҳишахона дар ин кишвар аз 600 то 1800 доллар ҷарима ва ё то ҳафт соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Барои ҷалби духтарони ноболиғ ба танфурӯшӣ ҷазои аз ин ҳам сахттар таъин шудааст, ки то ҳашт соли маҳрумият аз озодиро дар бар мегирад. То ин дам дар моддаи 31-уми қонуни ҷиноии Узбакистон барои ташкили фоҳишахона аз 6 моҳ то 5 соли ҳабс пешбинӣ шуда буд.

Сурат Икромов, раҳбари гурӯҳи ташаббускори ҳомиёни ҳуқуқи башари мустақил, мегӯяд, ки аз тариқи сахттар кардани ҷазову ҷарима ҷилавгирӣ аз танфурӯшӣ ва ташкили фоҳишахонаҳо дар он кишвар хеле сахту камҳосил хоҳад буд. Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, “ҳомиёни” аксари онҳое, ки даллагӣ мекунанд ва ё фоҳишахона ташкил додаанд, дар ниҳодҳои интизомӣ, аз ҷумла идораҳои пулис, нишастаанд.

Сурат Икромов

Сурат Икромов

Дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки ҳоло мавриди амал қарор дорад, низ барои ташкили фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ сол пешбинӣ шудааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сари чанд вақт аз боздошти афроде хабар медиҳад, ки манзили худро барои иртиботи ҷинсии сокинон ба иҷора додаанд.

Танҳо як ҷустуҷӯ дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилӣ кофист, то феҳристи хабарҳои марбут ба “ташкили фоҳишахона”-ро дар Тоҷикистон пайдо бикунед. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, аз моҳи январи соли ҷорӣ то кунун 15 нафар ба гумони ташкили фоҳишахона боздошт шудаанд, ки қаламравашон аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то Конибодому Хуҷанд ва Восеъву Файзободу Душанберо дар бар мегирад. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, дар миёни ин афрод кормандони ҳаммому меҳмонхонаҳо низ ҳастанд.

Як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, дар гузашта манзилашро барои як рӯз ва ё як ҳафта ба иҷора медод ва қариб буд, ки қурбонӣ бишавад. “Баъзе аз ҷавонҳо аз иҷораи манзилҳо истифода карда, ба корҳои ғайр даст мезананд ва билохира чормағз дар сари соҳиби хона мешиканад. Дигар ҳоло иҷорагирҳоро месанҷем ё назорат мекунем, то ягон шармандагӣ накунанд, ки дар бало монем,” гуфт ӯ.

Моҳи октябри соли гузашта Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт як сокини Душанберо барои ташкили фоҳишахона дар манзили зисташ ду сол аз озодӣ маҳрум кард. Додгоҳ гуфт, ки ин нафар дар ивази 50 ва 60 сомонӣ барои иртиботи ҷинсии шаҳрвандон дар манзилаш шароит фароҳам кардааст.

Аз ин пеш, дар соли 2014, Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ як занро бо ҷурми ташкили фоҳишахона 40 000 сомонӣ ҷарима баста, аммо бар асоси қонуни афв аз толори додгоҳ ҷавоб дода буд.

Мақомоти Тоҷикистон дар солҳои ахир аз афзоиши танфурӯшӣ дар кишвар низ бонги изтироб мезананд ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли 2014 барои муайян ва боздошт кардани ин гурӯҳи занону духтарон амалиёти густурдае анҷом дода буд. Дар пайи танҳо се рӯзи рейди милиса ва танҳо дар пойтахт беш аз 500 танфурӯш дастгир шуданд, ки гуфта мешуд, 450 тани онҳо ба бемориҳои мухталифи зӯҳравӣ гирифторанд.

Дар идомаи ин иқдом парлумони Тоҷикистон ҳам ҷазои танфурӯширо шадидтар карда, барои онҳо аз 10 то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ пешбинӣ намуд. То он дам занони танфурӯш баъди боздошт бо ҷарима халос мехӯрданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG