Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

7 узви фаъоли гурӯҳи Назарзода боздошт шуд. Хабари кушта шудани генерал ҳанӯз тасдиқ нашудааст


ВКД Тоҷикистон хабари боздошти тарафдорони генерали фирориро нашр кард.

Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки кормандони ВКД, КДАМ ва дигар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ рӯзи 11-уми сентябр, ҳафт узви фаъоли гурӯҳи террористии Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифоъро дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат дастгир карданд. Аз ин гурӯҳ 2 адад автомати «АКМ» ва миқдори зиёди лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира шудааст. Ҳамзамон, мақомоти вазорати умури дохила мегӯянд, феълан хабари кушта шудани генерал Назарзодаро расман тасдиқ намекунанд. "Амалиёт идома дорад, маҳалли пинҳоншавии ӯ аллакай дақиқ муайян шудааст ва ин маҳал дар муҳосира аст. Вале феълан мо хабари кушта шудани ӯро дарёфт накардаем", гуфт Ҷалолиддин Садриддинов, масъули дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Вай гуфт, ки феълан ҳеҷ хабаре дар бораи кушта шудани афроде дар амалиёти зиддии гурӯҳи Назарзода дар даст нест. Манобеи Озодӣ мегӯянд, ки дар маҳалли амалиёт шоми имрӯз мақомоти баландпояи қудратиро дидаанд.

Амалиёти зиддии гурӯҳи генерал Назарзода рӯзи 4 сентябр шурӯъ шуд. Субҳи барвақт афроди силоҳбадаст ба Шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Ваҳдат ҳамла карда, баъдан дар Душанбе дар гардиши фурудгоҳ бо ходимони милиса даргир шуданд. Дар натиҷа, 9 корманди ҳифзи ҳуқуқ кушта шуд. Аз 4 то 11 сентябр дар натиҷаи амалиёти зидди афроди марбут ба генерал Назарзода, ҳудудан 100 нафар дастгир ва дасти кам 20 нафар кушта шуданд. Мақомот мегӯянд, ки сокинони маҳаллӣ дар дастгир кардани силоҳбадастон кӯмак мекунанд.

Бо як амри президент Эмомалӣ Раҳмон, генерал Назарзода рӯзи 4 сентябр барои "содир кардани ҷиноят" аз мақоми муовини вазири дифоъ барканор шуд. Мақомот ӯро дар қасбу азхудкунии объектҳои зиёди тиҷоратӣ айбдор карданд. Амалиёти зидди гурӯҳи Назарзода дар дараи Ромит идома дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG