Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи "хиёнат"-и генерал Назарзода ва полковник Умаров


Абдуҳалим Назарзода
Абдуҳалим Назарзода

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, алайҳи генерал Абдуҳалим Назарзода ва полковник Ҷунайдулло Умаров бар асоси 4 моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла "хиёнат ба ватан" парванда боз кардааст.

Алайҳи генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини барканоршудаи вазири дифоъ ва полковник Ҷунайдулоҳ Умаров (Эшони Ҷунайдуллоҳ) барои ташкили гурӯҳи террористӣ ва хиёнат бо моддаҳои 305 - “хиёнат ба ватан”, 307 (2) - “ташкили иттиҳоди экстремистӣ”, 309 - “тахрибкорӣ” ва 179 - “терроризм”-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 8 сентябр тасдиқ кард, ки Ҷунайдулло Умаров, полковники вазорати дифоъ низ бо Абдуҳалим Назарзода дар ташкили ҳамлаи рӯзи 4 сентябр даст дошта, ҳамроҳи ӯ ба дараи Ромит фирор кардааст.

Номи ин полковники Вазорати дифоъ субҳи чоруми сентябр ва баъд аз чанд лаҳзаи ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Душанбе ва Ваҳдат ба расонаҳо роҳ ёфт ва яке аз ҳамлаварон муаррифӣ шуд. Баъзе аз расонаҳо гуфтанд, ки ӯ чанд рӯз қабл аз кораш дар Вазорати дифоъ ронда шудааст ва ба эҳтимоли зиёд ин ҳамлаҳо интиқоми ӯст. Аммо баъдан масъулони Вазорати дифоъ ин иттилоъро носаҳеҳ хонда ва гуфтанд, ки полковник Умаров аз вазифааш ронда нашудааст ва ба эҳтимоли зиёд гаравгони ин гурӯҳ шуда бошад.

Ҳоло ҳам масъулони Додситонии кулл ва ҳам Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки ӯ низ дар ташкили ҳодисаҳои 4 сентябр дар баробари Назарзода даст доштааст. Дар ин ҳамлаҳо 8 корманди вазорати умури дохилӣ кушта шуданд.

Дар бораи полковник Ҷунайдуллоҳ Умаров ва кори ӯ иттилои кофӣ дар даст нест. Вале ӯ аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик буд, ки баъди имзои Созишномаи сулҳ барои кор ба вазорати дифоъ рафтааст. Ӯ зодаи ноҳифи Рӯдакӣ буда, замоне ба ҳайси коменданти шаҳри Душанбе низ кор кардааст.

ВИДЕО: Амалиёти нерӯҳои давлатӣ барои боздошти Абдуҳалим Назарзода ва ҳамроҳони ӯ дар Ромит

Амалиёти нирӯҳои давлатии Тоҷикистон бар зидди гурӯҳи Назарзода
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:20 0:00

XS
SM
MD
LG