Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башар мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон натиҷаҳои таҳқиқи ҳаводиси Хоруғро эълон накарда, ҳуқуқи шаҳрвандонро барои дастрасӣ ба иттилоот нақз мекунанд.

Ин хулоса пас аз анҷоми як таҳқиқ аз сӯи 7 созмони ҳуқуқи башар - Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир, Бюрои ҳуқуқи башар ва риояи қонуният, Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон, Нотабене, Маркази ҳуқуқи кӯдак ва ҳам Бунёди ҳуқуқи инсони Ҳелсинкии Варшава, эълон шуд.



Гузориши ин гурӯҳ таҳти унвони «Мониторинги риояи ҳуқуқи инсон дар робита бо амалиёти махсуси 24 июл дар шаҳри Хоруғи ВМКБ» рӯзи 10 сентябр дар Душанбе муаррифӣ шуд.

Нигина Баҳриева ҳангоми муаррифии гузориши Хоруғ

Нигина Баҳриева ҳангоми муаррифии гузориши Хоруғ

Нигина Баҳриева, сарвари созмони "Нотабене" дар расми муаррифии ин гузориш гуфт, мушкили аввал ин набуди иттилоъ аст ва чун маълумот махфист, ин ҳақро касе надорад, ки бигӯяд, амалиёти 24 июл ва ҳаводиси ба дунболи он қонунӣ буданд, ё хайр. Аммо ҳамзамон ӯ чанд далели хулосаи ниҳоии ҳомиёни ҳуқуқро номбар кард: «Мо дар бораи он мегӯем, ки факт – одамон тахлия (эвакуатсия) нашуда буданд, факт – 22 нафар кушта шуданд, факт – хешовандон намедонанд, ки оё таҳқиқи марги наздикони онҳо гузаронида шудааст, ё не, факт – касе барои пайомадҳои он ҳаводис ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашудааст ва ин ҳам факт аст, ки як сол гузаштааст, аммо ба ин ҳама таҳқиқот нуқта гузошта нашудааст ва даъвоҳои мақомот дар бораи ин ҳаводис то ба ҳол бо фактҳо собит нашудаанд. Ва ин фактҳоеанд, ки мо ба онҳо истинод мекунем ва онҳоро таъйид менамоем.»
.


Расми муаррифии гузориши Хоруғ

Расми муаррифии гузориши Хоруғ

Хонум Баҳриева гуфт, яке аз шартҳои донистани ҳақиқат дақиқ муайян кардани теъдоди кушташудагон ҳангоми амалиёт аст, ки аз сӯи мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол иҷро нашудааст ва ҳам то ба ҳаводиси маргумир ва куштори мардум ҳангоми амалиёти 24 июли соли 2012 дар шаҳри Хоруғро мақомоти тафтишотӣ анҷом дода, ба мардум эълон накардаанд.


Гузориши 100-саҳифагии созмонҳои ҳуқуқи башар бо пуштибонии молиявии намояндагии Бунёди Сорос дар Тоҷикистон бо теъдоди 200 нусха нашр шуда, натиҷаи таҳқиқоти созмонҳост, ки моҳҳои феврал ва марти соли ҷорӣ дар Хоруғ гузаронидаанд.

Муаллифони гузориш бо такя ба санадҳои байналмилалӣ ва ҳам Сарқонуну дигар қонунҳои Тоҷикистон ба хулосае омадаанд, ки ҳангоми амалиёти махсуси нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар Хоруғ ҳуқуқи инсонҳо ба иттилоъ, адолат ва ҷуброн риоя нашудааст. Аз ҷумла ҳангоми амалиёт мардумро тавассути Хадамоти алоқа аз дастрасӣ ба алоқа ва иттилоот маҳрум карда, нерӯву муҳимоти ҷангӣ аз сӯи мақомоти амниятӣ берун аз меъёр истифода шудаанд ва хисороти молиявӣ ва маънавии ба мардуми Хоруғ расонидашуда аз сӯи ҳукумат ҷуброн нашудааст.

Дар гузориш ҳамчунин посухи додситонии кулл ва ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон ҳам нашр шудаанд. Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар мактубаш навиштааст, гузоришро «яктарафа» аст, чун дар бораи гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, ки алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ ҷангиданд, иттилоъе надорад, ҳол он ки куштор ва захмӣ шудани сарбозону афсарон далели боризи фаъолияти ин гурӯҳҳо ҳастанд. Дар ин мактуб, ки 6 августи соли равон ирсол шудааст, ҳамчунин омадааст, додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқи ҳаводиси Хоруғро то ба ҳол ба анҷом нарасондааст.

Аммо Абдусамеъ Додобоев, сарвари раёсати равобити байналмилалӣ ва матбуоти додситонии кулл мегӯяд, тамоми иттилоъи расмӣ дар бораи ҳаводиси Хоруғ ба ҷомиа расонида шудаанд ва зарур ояд, боз пешниҳод хоҳад шуд: «Ҳамаи ҳисоботҳо дар бораи ҳаводиси Хоруғ пешниҳод шудаанд. Ба назар мерасад, ин созмонҳо хабар надоранд. Як ба сомонаи додситонӣ руҷӯъ кунанд, ҳама маълумот вуҷуд дорад. Дар нишасти нимсолаи матбуотии додситони кул низ ҳама маълумот ба ҷомиа ироа шуда буд. Аммо дар ҳоли пеш омадани зарурат боз посух хоҳем гуфт.»

Рӯзи 24 июли соли 2012, нирӯҳои давлатии Тоҷикистон бо талаби ба мақомот супурдани гумонбарони қатли раиси идораи амнияти вилояти Бадахшон генерал Абдулло Назаров амалиёти вижа алайҳи гурӯҳҳои худсари мусаллаҳ дар шаҳри Хоруғро шурӯъ карданд. Ин амалиёт, ки даҳҳо кушта ба ҷо гузошт, танҳо чанд рӯз баъд бо эъломи оташбас миёни тарафҳои даргир бо миёнҷигии як гурӯҳи созмонҳои ғайридавлатӣ бо номи Гурӯҳи 20 ба поён расид.

Додситонии кул расман эълон дошт, ки дар ин амалиёт 22 мулкӣ ва 23 низомӣ кушта шудаанд. Мақомот мегӯянд, аз миёни мулкиён танҳо ду нафар ба гурӯҳҳои мусаллаҳ тааллуқ надоранд, аммо дар гузориши созмонҳои ҳуқуқи башар, наздикони онҳо гуфтаанд, ки пайванди онҳо ба ин гурӯҳҳо робитае надоштанд.

Коршинос Алӣ Мастов мегӯяд, дар кишварҳои авторитарӣ ҳукуматҳо ҳеҷ гоҳ худро пеши мардум ҷавобгар ҳисоб намекунанд, аммо мекӯшанд раъйи худро ба мардум бор кунанд: «Тоҷикистон шояд ягона кишваре бошад, ки ҷанги шаҳрвандиро паси сар карда, аммо то ба ҳол иттилоъи дақиқ ва асоснокшуда дар бораи қурбониён ва талафоти моддиву маънавии ин ҷангро надорад. Чӣ расад ба ҳаводиси Рашту Бадахшон? Хуб мебуд, ҳукумат он чиро, ки гуфт, мантиқӣ асоснок мекард, бигзор якҷониба бошад. Аммо мо ҳаминро ҳам надорем»


Нирӯҳои давлатӣ дар Хоруғ(соли 2012)

Нирӯҳои давлатӣ дар Хоруғ(соли 2012)

Зимнан, мақомоти Тоҷикистон алакай дар рӯзи аввали амалиёти Хоруғ дар бораи боздошти то 40 ҷангӣ, бо шумули 8 ҷангии хориҷӣ хабар дода буданд. Аммо то имрӯз, ки аз рӯйдодҳои Хоруғ беш аз 400 рӯз мегузарад, дар иртикоби он ҳаводис танҳо 4 нафар, аз ҷумла ду гумонбари қатли генерал Назаров, муҳокима ва маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон шудааанд. Аммо аз фармондеҳони гурӯҳҳои худсари Хоруғ танҳо Имомназар Имомназаров дар моҳи августи соли 2012 ба таври мармуз дар як сӯиқасд дар манзилаш кушта шуд ва сеи дигар дар озодӣ ба сар мебаранд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG