Пайвандҳои дастрасӣ

Сад миллион доллар. Тоҷикистон аз кишварҳо ва созмонҳо ёрӣ хост


Вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд, бино ба ҳисобҳои аввалия сел даҳҳо хонаи сокинон, мактабу роҳҳо ва хатҳои барқро хароб карда, ба иқтисоди кишвар наздики сад миллион доллар зиён расондааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зиёни сел дар ноҳияҳои кишварро ҳудуди 100 миллион доллар ҳисоб карда, барои рафъи оқибатҳои он ва барқарор намудани роҳу хонаҳои сокинон аз сафорати кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ кумак хостааст. Вазорат дар муроҷиати расмияш, ки 21 июл нашр кард, гуфтааст, ҳоло ҳисоби ниҳоии хисороти сел идома дорад.

Ба иттилои ин ниҳод, сел дар Бадахшону Хатлон, Суғд ва Рашт асосан роҳҳои мошингарди маҳаллӣ ва байнулмилалӣ, хонаҳо, мактабу фурӯшгоҳҳо ва хатҳои интиқоли нерӯи барқро хароб карда, аз ҷумла боис ба ҳалокати ҳафт сокини кишвар ва бенишон шудани панҷ тани дигар гардидааст. "Тоҷикистон дар доираи имкониятҳояш тамоми чораҳоро барои кумак ба осебдидагону бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ меандешад ва ҳамзамон умед дорад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин самт ёрӣ хоҳанд кард," -- гуфта шудааст дар муроҷиати Вазорати корҳои хориҷӣ.

ТАСАЛЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба хонаводаи ҳафт қурбонии сел дар ноҳияҳои Ванҷу Рашт изҳори тасаллият кардааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ Тоҷикистон 21 июл гуфт, шаби гузашта бар асари боришоти шадиди борон ва омадани сел 6 нафар дар ноҳияи Ванҷ ва 1 тан дар ноҳияи Рашт ҳалок шудаанд. Оқои Раҳмон ба мақомот дастур додааст, ки "аз аҳволи хонаводаҳои шахсони ҳалокшуда бохабар гардида, дастгирии моддию маънавии худро дареғ надоранд".

Дар пайи омадани сел дар мавзеи байни деҳаҳои Бунай ва Рави ноҳияи Ванҷи Бадахшон панҷ сокини ин ноҳия ҷон бохтаанд. Як манбаи Радиои Озодӣ дар Ванҷ гуфт, ки инҳо - Раҳмиддин Раҳмонов, Саидаҳрор Раҳмонов, Саломатшо Убайдов, Субҳӣ Худойбахшов ва ҳамсари ӯ - буда, ҷасадҳояшон субҳи 21 июл ёфт ва ба наздиконашон супурда шудааст.

БА ОБ РАФТАНИ ЭКСКВАТОР

Ба қавли манбаъ, ин панҷ сокини Ванҷ савори мусофирбари тамғаи “Старекс” буда, натавонистаанд аз дохилаш худро берун бикашанд. “Мусофирони дигари ин мусофирбар ва як худрави тамғаи “Опел”, ки сел онҳоро ба комаш, ба ҳар васила худро аз дохили мошин берун карда ва ҷон ба саломат бурданд,” -- афзуд мусоҳиби мо.

Ӯ гуфт, бар асари борони шадид дар деҳаи Рохарв – маркази ноҳияи Ванҷ низ сел омада, чандин иншоот ва хонаҳои сокинонро вайрон намудааст. “Айни замон мардуми мавзеъҳои осебпазирро ба масҷиди марказии ноҳия ва хонаҳои хешу табор кӯчондаанд,” – илова кард манбаъ.

Нилуфар Асламшоева, мудири бахши иттилоот ва таҳлили дастгоҳи ҳукумати Бадахшон, 21 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло муовини нахуствазири Тоҷикистон - Азим Иброҳим ва раиси вилояти Бадахшон - Шодихони Ҷамшед ба ноҳияи Ванҷ рафтаанд. Ба қавли Асламшоева, дар ноҳияи Ванҷ, инчунин, ду мошини борбар ва як экскваторро, ки аз Душанбе ба Хоруғ оварда мешуданд, сел бурда ва як ронанда низ ба ҳалокат расидааст.

МАРГИ 1 НАФАР ДАР РАШТ

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Ҳамдулло Шарифов, раҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Ғарм, шаби гузашта сел дар рустои Бедаки ин ноҳия ҳудуди 70 манзилро вайрон карда, ҷони Мунавваршоҳ Сироҷов, як сокини 28-сола ва маъюби гурӯҳи якумро гирифтааст.

Аз рӯзи 16 июл боз сел дар ноҳияҳои вилояти Бадахшон даҳҳо манзили сокинон ва роҳу хатҳои интиқоли нерӯи барқро вайрон карда, танҳо хисороташ дар ҷамоати деҳоти Сӯчон ба беш аз се миллион доллар баробар будааст. Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, 20 июл дар сӯҳбаташ бо намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ва корпусҳои дипломатӣ дар Душанбе хисороти то ин дами сел ба иқтисоди кишварро бештар аз 50 миллион доллар дониста, барои рафъи оқибатҳои сел аз онҳо ёрӣ хостааст.

Ӯ гуфтааст, "бар асари офатҳои табиии рӯзҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои Шуғнон, Ванҷу Дарвоз ва Рӯшони Бадахшон, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Айнӣ ва Панҷакенти вилояти Суғд, Панҷ, Ҳамадонӣ, Бохтар ва Ҷилликӯли вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои гурӯҳи минтақаи Рашт ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат шумораи зиёди манзилҳои истиқоматӣ, роҳу купрӯкҳо, хаттҳои интиқоли барқ ва дигар иншооти таъиноти гуногун хароб гардида, мушкилоти зиёде пешорӯ гузоштанд".

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG