Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дарси имло" дар шаҳрдории Кӯлоб


Раиси шаҳри Кӯлоб гуфт, ки бинобар саводи ками бархе аз мутахассисони шаҳрдорӣ, "Дарси имло"-ро ба роҳ мондааст. Хайрулло Амонулло, раиси шаҳри Кӯлоб, ки рӯзи 18 январ дар нишасти хабарӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ки вақте зердастонаш ба унвони шаҳрдорӣ мактуб менависанд, бинобар хато ва иштибоҳҳои имлоӣ, номаҳои онҳо чанд маротиба бозпас гардонида мешаванд.

"Ҳоло ман худам қалами сурх дорам, мактубҳое, ки аз сӯи зердастон оварда мешавад, ислоҳ мекунам. Ҳолате шуд, ки чанд маротиб як мактубро гардонидам. Аз ин сабаб, ман дар шаҳрдорӣ "Дарси имло"-ро ҷорӣ кардам ва ҳар рӯз ба муддати 1,5 соат аз сӯи муовинонам гузаронида мешавад",-афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG