Пайвандҳои дастрасӣ

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон барои аввалин бор як пурсиши сартосариро шурӯъ карда ва мехоҳад ниҳодҳои фасодзада дар кишварро муайян кунад.

Ҳамакнун ин ниҳод мехоҳад дар робита ба сатҳи ришвахорӣ дар миёни мансабдорон ва риояи қонун аз ҷониби хизматчиёни давлативу ҳокимияти маҳаллӣ рӯшанӣ андозад. Як манбаъ аз Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 25-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ин пурсиши иҷтимоӣ идома дорад ва натиҷаи он пас аз чор моҳ муайян хоҳад шуд.

Ин ҳамсӯҳбати Озодӣ гуфт, ҳар нафари пурсидашуда бояд ба 15 савол, аз ҷумла, дар кадом сатҳи идоракунӣ порагирӣ бештар аст, сокинон дар кадом ҳолат ба мақомот пора медиҳанд ва роҳи аз миён бурдани фасодзадагӣ дар кишвар кадом аст, посух бигӯянд. Ин масъули оҷонсӣ гуфт, қаблан пажӯҳишҳои иҷтимоӣ дар робита ба сатҳи ришвахорӣ дар кишвар, дар доираи чанд ниҳод маҳдуд мешуд. Аммо ҳоло назари мардум дар бораи ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳам пурсида мешавад.

“Солҳои пеш, оҷонсӣ сатҳи коррупсияро дар натиҷаи ошкор шудани ҷиноятҳои коррупсионӣ муайян мекард. Ва дар асоси он ҳамон соҳа ташвишовар номбурда мешуд. Яъне динамикаи афзоиши ҷиноятҳо. Агар ин динамикаи ҷиноятҳо боло рафт, пас муайян мешавад, назорат аз болои кирдорҳои коррупсионӣ камтар шудааст”-гуфт манбаи Озодӣ.

Чораҳои нав барои мубориза бо фасод дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки таҳлилгарон ҳам беҳтарин роҳи муборизаро на дар ҷаримаву ба маҳбас кашидан, балки бештар дар марҳилаҳои ибтидоӣ решакан кардани фасодкорӣ медонанд. То имрӯз дар саргаҳи рӯйхати рӯйхати оҷонсӣ, танҳо ду ниҳод -- маориф ва тандурустӣ қарор доранд, вале порагирии ниҳодҳои қудратманд пушти парда мемонанд.

Алиакбар Абдуллоев

Алиакбар Абдуллоев

Алиакбар Абдуллоев, раҳбари Маркази ҷумҳуриявии тарғиби маърифати зиддикоррупсионии Тоҷикистон аз ин иқдоми оҷонсӣ истиқбол кард, аммо гуфт беҳтар мебуд, чунин назарпурсиҳо ба шакли онлайнӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ шавад. Вай гуфт, меъёрҳои баҳогузорӣ дар робита ба муайян кардани ниҳоди фасодзада аз сӯи ин оҷонсӣ ҳанӯз ҳам бо шеваи шӯравӣ сурат мегирад ва ниёз ба бознигарӣ дорад:

“Бубинед, барои мисол агар гӯем, ки дар вазорати тандурустӣ соли гузашта 10 ҷиноят буд ва имсол 11 адад шуд ва бояд ин вазорат фасодзада эълон шавад, ё вазорати маориф, ин хато аст, албатта. Бояд мавзӯъро аз ин зовия баҳо дод, ки Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия кормандонашро барои тафтиш бештар ба кадом ниҳод мефиристад? Ҳоло ду-се ниҳоде, ки дар сархати фасодзадаҳо ҷой дода мешаванд, ин ҳам боз ҳамон ниҳодест, ки сокинон ҳамарӯза пушти дари ин мақомот корафтода ҳастанд.”

Алиакбар Абдуллоев мегӯяд, дар анҷоми ҷиноятҳои коррупсионӣ ҳамеша мардуми оддӣ зиён мебинанд ва агар ҳангоми ин пажӯҳиш ба назари сокинон таваҷуҳи бештар шавад, он замон вазъи воқеӣ ошкор хоҳад шуд.

Коршиносон мегӯянд, боздошти пизишку омӯзгор бо ҷурми фасод дар ҳолест, ки аз ҳама бештар маоши камро онҳо мегиранд ва аслан дар ин ниҳод онҳое кор мекунанд, ки «пушту паноҳ»-и қавӣ надоранд, дар ҳоле, ки бар асоси таҷрибаи шаҳрвандон, аксари идораҳои давлатӣ, аз ҷумла пулиси роҳ, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ки мардум дар онҳо корафтода мешаванд, чашм ба дасту ҷайби корафтода медӯзанд. Алиакбар Абдуллоев мегӯяд, танҳо омӯзгору пизишк пора намегирад: “Ҳастанд ҳокимиятҳои маҳаллҳо ва касе намегӯяд, ки онҷо ба порагирӣ даст мезананд, дар ҳоле ки тамоми заминро онҳо мефурӯшанд.”

Маҳбуба як пизишк, ки аллакай ба суолҳои ин пурсишнома посух додааст, мегӯяд, агар ҳамаи пурсидашудаҳо мисли ӯ ҳақиқатро навишта бошанд, шояд “рӯйхати ниҳодҳои фасодзада” тағйир ёбад. Вай мегӯяд, бояд масъулони Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар ин пурсишнома исми ин ниҳодро ҳам зикр мекарданд, то боварии сокинонро ба шафоффияти чунин назарсанҷиҳо ба даст биёранд: “Мардум бояд инро донад, ниҳоде, ки бо ришваву фасод мубориза мекунад, худаш ба фасод даст назанад, дар ин ҳолат мешавад вазъиятро ошкор кард”

Ин пурсиши Оҷонсии корупсия дар ҳолест, ки Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ҳам мегӯяд, рӯзҳои наздик натиҷаи як назарпурсии сотсиологии худро дар мавриди муқовимат бо

Сайфулло Сафаров.

Сайфулло Сафаров.

коррупсия нашр хоҳад кард. Ба гуфтаи Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, дар назарпурсии навбатии ин марказ, афроди касбу кори гуногун дар манотиқи мухталифи ин кишвар фаро гирифта шудаанд. Ин марказ дастикам панҷ чунин назарсанҷиро анҷом дода, ду соли пеш гуфта буд, коррупсия дар ҷомеаи Тоҷикистон реша давонистааст.

Ҳоло оморе дар он бора, ки сокинони Тоҷикистон ҳамасола чӣ миқдор пулро ба ҷайби раису вакилу миёнаравҳо мерезанд, мавҷуд нест.

Парлумони Тоҷикистон дар моҳи январи соли ҷорӣ бо ислоҳи панҷ қонун ва як кодекс, масъулияти раҳбарони ниҳодҳои муҳими кишварро барои пешгирӣ аз ришвахорӣ бештар кард. Бар асоси ин дигаргуниҳо, раҳбарони кумитаи андоз, оҷонсии зиддифасод, амнияти миллӣ, молия, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, маориф ва варзиш барои порагирии кормандонашон ё ҷазои маъмурӣ мегиранд ё аз кор озод хоҳанд шуд.

Тасмими пурсиши сартосари барои муайян кардани сатҳи фасод аз тарафи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар гузориши ахири созмони Transparency International, ки дар моҳи январи соли ҷорӣ нашр шуд, миёни 168 кишвар дар ҷои 136-ум қарор гирифтааст. Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки фасоду коррупсия дар Тоҷикистон бештар низоми додгустарӣ, ниҳодҳои қудратӣ ва шохаҳои ҳукуматро олуда карда, ин сохторҳоро дар чашми ҷомеа ношаффоф ва пӯшида нигоҳ медорад.

Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бар фасод ва ҷароими молиявӣ соли 2007 Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасодро ташкил дод ва ҳоло дар худи корхонаву муассисаҳо ниҳодҳои назоратӣ амал мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG