Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Атомуҳаммади Нур: Ба зудӣ истеъфоро пешниҳод мекунам


Атомуҳаммади Нур
Атомуҳаммади Нур

Атомуҳаммади Нур, волии Балхи Афғонистон, таъкид дорад, ки нирӯҳои амниятии ин кишвар аз ҳолати дифоӣ ба ҳолати таҳоҷумӣ бигузаранд. Оқои Нур ин гапро рӯзи 25 март дар маросиме дар шаҳри Мазори Шариф баён дошт ва гуфт, дар вазъи дифоӣ нирӯҳои амниятӣ бештар осебпазир хоҳанд буд. Вай ҳамчунон гуфт, ҷанг дар Афғонистон ҷанги Толибону гурӯҳи “Давлати исломӣ” нест, “балки ҷанги минтақа ва фароминатақаист”.

Атомуҳаммади Нур аз раҳбарияти ҳукумати Афғонистон хост, ки барои тақвияти нирӯҳои мусаллаҳ талошҳои бештаре ба харҷ диҳанд. Дар ин маросим Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон, низ ҳузур дошт. Вай рӯзи шанбе дар раъси як ҳайати давлатӣ ба вилояти Балх рафтааст, то бо раҳбарияти вилоят ва раисони ақвому фаъолон масъалаи пешрафти минтақаро баррасӣ кунад ва ҳам дар ифтитоҳи чанд иншоот, аз ҷумла масҷиди равзаи мансуб ба ҳазрати Алӣ иштирок намояд.

Аммо манобеи дигар мегӯянд, эҳтимол дар ҷараёни ин сафари Ашраф Ғанӣ ба Балх натиҷаи музокироти Ҷамъияти исломӣ бо Арг ҳам эълон шавад. Ҳарчанд раиси ҷумҳури Афғонистон ва раҳбари Балх дар суҳбатҳои худ дар Мазори Шариф аз ин мавзӯъ лаб накушоданд, аммо Атомуҳммади Нур бо сипосгузорӣ аз онки Ашраф Ғанӣ қарори дубораи дар садри вилоят монданашро имзо гузоштааст, гуфт, ба зудӣ истеъфояшро пешниҳод мекунад.

XS
SM
MD
LG