Пайвандҳои дастрасӣ

Идораҳои сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Тоҷикистон вазифадор шудаанд, ки бе санади ташхиси тиббӣ ҷавононро никоҳ накунанд. Дар маълумотномаи пизишкӣ вазъи саломат ва пайванди хешутабории домоду арӯсшаванда зикр мешавад.

Идораҳои сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки аз ин ба баъд бе санади ташхиси тиббӣ ба никоҳи ҷавонон иҷоза надиҳанд.

Раиси яке аз ҷамоатҳои ноҳияи Рӯдакӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз 18 апрели соли ҷорӣ аз арӯсу домоду арӯсшавандаҳо маълумотномаи пизишкӣ талаб карда мешавад, ки дар он вазъи хун, чашм, гӯш ва пайванди хешутабории ҷавонон зикр шудааст.

Мусоҳиби мо афзуд, бе ин маълумотнома дар шиносномаи номзадҳо мӯҳри идораи ҷамоат гузошта намешавад ва арӯсу домодшаванда наметавонанд, тӯй барпо кунанд ва, ҳамин тавр, аз тарафи як рӯҳонӣ никоҳи шаръӣ низ наметавонад сурат бигирад.

Ҷалолиддин Раҳимов -- муовини раиси Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, маълумотномаи тиббӣ баробар аз арӯсшавандаву домод талаб карда мешавад. Ба гуфтаи Раҳимов, дар Узбакистон ин таҷриба алакай ба роҳ монда шудааст ва аммо "дар онҷо вақте ариза ба идораи ЗАГС пешниҳод карда мешавад, ба ҷавонон роҳхат барои муоинаи тиббӣ дода мешавад ва онҳо ройгон ё бепул аз муоинаи пизишкӣ мегузаранд".

"Гоҳе мешавад, ки арӯсшаванда ҳомила аст, вале домодшаванда хабар надорад ва маълум нест кӯдак аз кист. Дар чунин ҳолат маълумотномаи тиббӣ вазъиятро ошкор мекунад ва қабл аз никоҳ аз пошидани хонавода ҷилавгирӣ карда мешавад. Дар пайи ташхис инчунин маълум мешавад, ки оё ҷавонҳо бемор ҳастанд ё не,"-афзуд муовини раиси идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ.

Ҷалолиддин Раҳимов мегӯяд, ҳоло аз вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хоста шудааст, масъалаи бе пардохти пул муоина намудани арӯсу домодашвандаро ҳал бикунад: "Вақте барои маълумотномаи тиббӣ ба беморхона меравед, ҳатман барои ҳар навъи муоина пул талаб карда мешавад. Барои ҳамин, пешниҳод кардем, масъалаи мазкур ҳалли мусбати худро пайдо кунад, то ҷавонон бе ягон мушкил рафта, аз муоина бигузаранд."

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл бо дастури Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб қабл аз издивоҷ 43 ҷуфти ҷавон аз ташхиси тиббӣ гузаштанд, ки дар натиҷа як ҷуфт пайванди хешу таборӣ доштааст.

Иддае аз сокинон ба ин иқдоми идораи ЗАГС ва дигар ниҳодҳои зидахл мухолифат нишон дода ва онро муғойир ба қонун мехонданд. Аммо мақомот мегӯянд, ҳадаф на маҳдуд кардани ҳаққи шаҳрвандон, балки ҷилавгирӣ аз талоқ ва ба дунё омадани тифлони маъюб аст. Ба қавли онҳо аксари кӯдакони ноқис аз никоҳи хешутаборӣ ба дунё омада, 15 дарсади хурдсолоне, ки аз бемориҳои мухталиф ҷон медиҳанд, низ аз никоҳҳои хешутаборӣ зода мешаванд.

Файзулло Баротзода

Файзулло Баротзода

Файзулло Баротзода, раиси Маркази исломшиносии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон низ қаблан бо нашри як мақола аз ташхиси тиббии ҷавонон пеш аз издивоҷ ва хотима додан ба никоҳҳои хешутаборӣ ҳимоят карда ва гуфта буд, ин тасмимҳо мухолифи дини мубини ислом нест.

Раҳбари маркази исломшиносӣ мегӯяд, мавзӯи ҳатмӣ кардани ташхиси пеш аз издивоҷи ҷавонон қабл аз он ки ба сокинон гуфта шавад, бисёр таҳқиқ шуда ва таҷрубаи кишварҳои дигар низ омӯхта шудааст. Ӯ меафзояд, дар Миср, Сурия, Арабистони Саудӣ, Иморот, Урдун, Кувайт ва Қатар қонунҳои алоҳида “Дар бораи низоми муоинаи пизишкӣ пеш аз издивоҷ” қабул шудаанд, ки баргирифта аз таҷрубаи кишварҳои пешрафта, аммо бунёдёфта бар асоси таълимоти Қуръонанд.

Соли 2014 дар кишвар 95 ҳазору 500 ақди никоҳи сабт кардаанд ва аз ин миён 9 ҳазор ҷуфт аз ҳамдигар ҷудо шудаанд, ки нисбат ба соли 2013 9,5 дар сад зиёд аст ва ҳамингуна ҳазорон кудаки дигари тоҷик нимаятим мондаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG