Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Романов "беҳтарин ҳомии ҳуқуқи инсон" дар Тоҷикистон шуд


Сергей Романов, вакили мудофеъ (Акс аз Фейсбук)
Сергей Романов, вакили мудофеъ (Акс аз Фейсбук)

Ҷоизаи "беҳтарин ҳомии ҳуқуқи инсон дар соли 2012" дар Тоҷикистон ба вакили мудофеъ Сергей Романов дода шуд.

Сергей Романов, вакили мудофеи тоҷик, ҷоизаи "беҳтарин ҳомии ҳуқуқи инсон дар соли 2012" дар Тоҷикистонро ба даст овард. Ин ҷоизаи Дафтари ҳуқуқи инсон дар Душанбе соли 2009 таъсис ёфта, ҳамасола дар рӯзи даҳуми декабр (рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи инсон) ба фаъолони ҳуқуқи башар тақдим мешавад.

Аммо имсол ин ҷоиза дар ҳоле ба Сергей Романов дода шуд, ки худи ӯ дар Варшава қарор дорад. Масъулини Дафтари ҳуқуқи инсон дар Душанбе гуфтанд, ҷаноби Романов дар соле, ки сипарӣ мешавад, дар чандин парвандаи пурсарусадои марбут ба шиканҷа иштирок ва барои дифои нафарони таҳти ҳимояташ талоши зиёд ба харҷ додааст.

Сергей Романов солҳо боз ҳамчун вакили мудофеъ ё адвокат дар Тоҷикистон кор мекунад. Ӯ имсол дар нишасти Варшава оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон суҳбат карда, гуфта буд, ки дар зиндонҳои ин кишвар шиканҷа ба таври густурда истифода мешавад. Ҷаноби Романов илова карда буд, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон аз дастгоҳҳои барқие чун "Роғун"-у "Сангтӯда" ҳам истифода мекунанд. "Фарқи дастгоҳҳо дар он аст, ки "Сангтӯда" шиддати ҷараёни пасттар дода, агар бо дастаи махсус дастгоҳи "Роғун"-ро тоб додан гиред, он ҷараёни мунтазами барқ тавлид мекунад",-гуфта буд ӯ.

Дафтари ҳуқуқи инсон дар Душанбе дар қатори Сергей Романов ҳамчунин Рамзия Мирзобекова, хабарнигори "Азия-Плюс" ва созмони ҳуқуқшиносони ҷавон "Ампаро"-ро барои мавқеи шаҳрвандӣ ва талош барои дифоъ аз ҳуқуқи ҷавонон дар артиш бо ҷоизаҳои махсус сарфароз гардонд.
XS
SM
MD
LG