Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Блаттер ваъда дод, баъд аз чор сол дигар президент намешавад


Зепп Блаттер

Зепп Блаттер

Зепп Блаттер бори панҷум раиси ФИФА интихоб шуд. Ӯ дар даври аввал 133 раъй гирифт ва бо даст кашидани Алӣ бинни Ҳусейн аз рақобатҳо тавонист, ки мақоми худро то соли 2019 ҳифз намояд.

Зепп Блаттер бори панҷум раиси Федератсияи ҷаҳонии футбол ё ФИФА интихоб шуд ва то соли 2019 дар ин мақом боқӣ хоҳад монд. Ӯ рӯзи 29 май, баъд аз эълони пирӯзияш дар Сюрихи Швейтсария, гуфт, "ман киштиеро бо номи ФИФА роҳбаладӣ мекунам. Бале, ман одами идеалӣ нестам, аммо ҳеч кас ҳам инсони идеалӣ нест. Мо дар якҷоягӣ пирӯз хоҳем шуд. Ба пеш, ФИФА!"

Интихоботи раиси нави Федератсияи ҷаҳонии футбол баъд аз зӯҳри 29 май бо иштироки 209 вакили конгресси ФИФА дар Сюрихи Швейтсария баргузор шуд ва довталабони ин курсӣ - Зепп Блаттер ва Алӣ бинни Ҳусаейн, шоҳзодаи Урдун - буданд.

Аммо ҳардуи ин довталаб натавонистанд дар даври аввал раъйи кофӣ барои пирӯзиро ба даст биоранд. Дар даври аввали ин инхтибот номзаде баранда мешавад, ки аз 209 раъйи вакилон ҳадди ақалл 140 овоз бигирад. Вале, бино ба гузоришҳо, Зепп Блаттер 133 раъй ва Алӣ бинни Ҳусейн ҳамагӣ 73 овоз гирифтаанд.

Барои дар мақоми худ боқӣ мондани Зепп Блаттер аз рақобат даст кашидани Алӣ бинни Ҳусайн “кумак” кардааст. Оқои Блаттер дар суханронии баъд аз пирӯзияш гуфт, пас аз ин дигар довталаби курсии президенти ФИФА нахоҳад шуд, балки баъд аз чаҳор соли дигар ин мақомро ба ҷойнишинаш хоҳад дод.

Ин пирӯзии Блаттер дар ҳолест, ки 27 май Додситонии кулли Швейтсария хабар дод, бар зидди чанд нафар аз раҳбарони ФИФА бо гумони сӯиистифода ва шустушӯи пул дар робита ба пардохти “ҷоизаҳо” дар ивази ба даст овардани ҳаққи мизбонии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018, ки дар Русия доир мешавад ва Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022, ки Қатар мизбонаш мебошад, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Аз ин пеш ҳамон рӯз идораи адлияи Швейтсария (FOJ) аз боздошти 7 мақоми футбол бо дархости мақомоти Амрико хабар дод.

Баъд аз ин боздошт бисёриҳо хостори истеъфои Зепп Блаттер шуданд ва аммо ӯ изҳор намуд, ки мақомашро тарк карданӣ нест. ФИФА 209 федератсияи футбол, футзал ва футболи соҳилӣ (пляжный футбол)-ро муттаҳид мекунад. Аз соли 1998, инак 17 сол боз раҳбарии ин бузургтарин созмони футболи дунёро Блаттер дар даст дорад ва то чор соли дигар дар аръйи он қарор хоҳад дошт.

Дар интихоботи имсола бо Зепп Блаттер се муддаии дигар – футболбози дар гузашта маъруфи португалӣ Луиш Фигу, раиси Иттиҳодияи футболи Ҳолланд Михаэл Ван Праг ва шоҳзода Алӣ бинни Ҳусейн, бародари малики Урдун Абдуллоҳ вориди рақобат шуда буданд. Аммо Ван Праг ва Фигу номзадиашонро гирифтанд.

XS
SM
MD
LG