Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талаби ҳукми абад ба гумонбари ҳамла ба кормандони "военкомат"


Умедҷони Амрохон

Умедҷони Амрохон

Намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон барои гумонбари асосӣ дар ҳамла ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ҳабси абад хостааст.

Бахтиёр Маҳмудзода, намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон, барои Умедҷони Амрохон - гумонбари асосӣ дар ҳамла ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино – ҳабси абад хостааст. Дар ин бора 18 апрел Савлатбӣ Раҳматова, модари Умедҷон, ба Озодӣ хабар дод ва гуфт, ки мурофиаи ниҳоии писараш ба зудӣ дар додгоҳи пойтахт баргузор хоҳад шуд.

Аммо Раҳматова ин талаби намояндаи додситониро "бениҳоят сангин" хонд ва гуфт, ҳангоми ироаи сухани охирин аз додрас хоҳанд хост, то ҳукми писарашро сабуктар кунад. "Дубора ба раисиҷумҳури Тоҷикистон низ нома навишта, аз ӯ дар ин маврид кумак хостаам. Умед дорем, ин мушкили мо то ҳадде ҳалли худро меёбад, вагарна писарам қурбонӣ хоҳад шуд," - гуфт ӯ.

Ба қавли Савлатбӣ Раҳматова, айбдоркунандаи давлатӣ барои ҳамроҳони писараш - бародарон Наврӯзҷон ва Одилҷон Мирзоевҳо 5-солӣ ва Ҷумъахони Давлатшоҳ, Шоҳинҷон Сафаров ва Шарифҷон Раҳматов 2-солии зиндон талаб кардааст.

Мурофиаи шаш гумонбар дар ҳамла ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи сино баъд аз як муддати мутаваққиф шуданаш аз сар гирифта шудааст. Додгоҳи шаҳри Душанбе дар пайи даъвои ин шаш нафар, ки гуфтаанд гӯё аз сӯи маъмурони пулис шиканҷа шудаанд, парвандаи онҳоро барои баррасии дубора ва инки оё онҳо дар боздоштргоҳ латту кӯб ушдаанд ё не, ба Додситонии кулл фиристода буд.

Субҳи 7 ноябри соли гузашта дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе (ҳудуди ноҳияи Фирдавсии пойтахт) чанд нафар бо кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино лейтенанти калон Темурхон Эгамбердиев, майор Пӯлод Мирзоев, прапоршик Ҳамза Насибов ва ронандаи ҳамин комиссариат Рустам Саъдуллоев вориди муноқиша шуда, онҳоро бо корд маҷрӯҳ карданд ва аз маҳалли ҳодиса фирор карданд.

Пӯлод Мирзоев ва Ҳамза Насибов бар асари захмҳои бардоштаашон ҷон доданд ва Темурхон Эгамбердиев ва Рустам Саъдуллоев бо захмҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Рӯзи 17 феврал дар Додгоҳи шаҳри Душанбе муҳокимаи гумонбарон дар ҳамла ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт оғоз шуд. Ин парванда аз се ҷилд иборат буда, додраси парванда Тоҳир Мӯсобекзода ва айбдоркунанда аз Додситонии кулл Бахтиёр Маҳмудзода мебошанд.

Муттаҳами аслӣ Умедҷони Амрохон, сокини шаҳри Кӯлоб, бо қисми дуи моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "куштани ду шахс ва бештар аз он" ва моддаи 32, қисми 3 ва "куштани шахс ё наздикони ӯ вобаста ба фаъолияти хидматӣ", гунаҳкор дониста мешавад.

Бархе аз гумонбарон мисли Наврӯзҷон Мирзоев ва Одилҷон Мирзоев дар ҳамла ба кормандони комиссариат даст надошта, балки “барои огоҳ будан ва ба мақомот хабар надодан” дар курсии айбдорӣ нишастаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG