Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни пойгоҳи Руссия ба 17 ва 13 соли зиндон маҳкум шуданд


Мурофиаи додгоҳии Илдар Сахапов ва Федор Басимов. Душанбе, 25 августи 2015
Мурофиаи додгоҳии Илдар Сахапов ва Федор Басимов. Душанбе, 25 августи 2015

Додгоҳ Илдар Сахапов ва Федор Басимовро дар куштори таксирони тоҷик Раҳимҷон Тешабоев гунаҳгор эълон кард.

Додгоҳи гарнизони низомии пойгоҳи 201 Русия бо қарори худ шоми 26 август ду сарбози ин пойгоҳ - Илдар Сахапов ва Федор Басимовро дар куштори шаҳрванди Тоҷикистон Раҳимҷон Тешабоев дар моҳи августи соли 2015 гунаҳгор эълон кард. Бар тибқи қарори додгоҳ, Федор Басимов ба 17 ва Илдар Сахапов ба 13 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуданд.

Трибунал ду сарбози русро маҳкум кард.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:33 0:00

Бо қарори додгоҳ, маҳкумшудаҳо мӯҳлати ҷазоро дар зиндони Русия сипарӣ хоҳанд кард. Эълони ҳукм имрӯз пушти дарҳои баста ҷараён гирифт.

Абдуқаюм Юсуфов, вакили дифои сарбозон рус гуфт, Илдар Сахапов аз ҳукми додгоҳ норозӣ буда қасд дорад аз болои ҳукм ба зинаи болоии додгоҳ шикоят барад. Федор Басимов бо ин ҳукм розӣ буда хоҳиши шикоят карданро накардааст. Ҳамчунин додгоҳ пардохти ҷарима барои зарари маънавӣ ва моддиро ба хонаводаи Тешабоевҳо дар ҳаҷми 1 миллион рубл тасдиқ карда, қарор кард, ки 40 дар сади ин маблағро Сахапов ва 60 дар садашро Федор Басимов ба дӯш мегиранд.

Дирӯз додситон Алексей Корниенко барои ду сарбози пойгоҳи 201-уми Русия, ки ба қатли шаҳрванди Тоҷикистон Раҳимҷон Тешабоев айбдор шудаанд, аз 14 то 18 соли зиндон талаб кард. Оқои Корниенко 25 август, дар рӯзи охирини мурофиаи додгоҳӣ, ки дар ҳудуди пойгоҳи 201 дар Душанбе баргузор шуд, аз додрас Дмитрий Норвинд тақозо намуд, ки Илдар Сахаповро ба 14 ва Федор Басимовро ба 18 соли зиндон маҳкум кунад.

Нигора Ҳаитова, вакили мудофеи хонаводаи Раҳимҷон Тешабоев, мегӯяд, Сахапов ва Басимов аслан ба куштори барқасдона айбдор мешаванд. Аммо, ба қавли ӯ, ба дӯши Басимов як ҷурми дигар - дуздии 37 ҳазору 500 рубл - аз дохили мошини Раҳимҷон Тешабоев низ бор будааст.

Рӯзи охирини мурофиаи додгоҳии сарбозони рус дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

"Баъд аз он ки Тешабоевро куштанд, Басимов аз дохили мошини ӯ 37 ҳазору 500 рубл гирифта будааст," -- афзуд ӯ. Ҳаитова гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба он ки вай аз манфиати хонаводаи таксирони кушташуда ҳимоят мекунад, аз чунин талаби додситон розист. Вале Рустамҷон Тешабоев, бародари Раҳиҷон Тешабоев, мегӯяд, онҳо барои қотилони бародараш ҳукми абадро талаб доранд.

"Ман дар мурофиа вақте баромад кардам, гуфтам, ки нисбат ба қотилони бародарам бояд сахттарин ҷазо пешбинӣ шавад, ки ин ҳукми абад аст. Ҳоло фардо мебинем, ки додрас чӣ ҳукм мебарорад," -- гуфт ӯ дар сӯҳбат бо Озодӣ.

Акси Раҳимҷон Тешабоев
Акси Раҳимҷон Тешабоев

Мурофиаи додгоҳии ду сарбози рус, ки дар қатли таксирони тоҷик муттаҳам мешаванд, баъд аз танаффуси дуҳафтаина рӯзи 25 август дар қароргоҳи пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Душанбе аз сар гирифта шуд. Додраси парванда гуфт, 11 ҷилд парвандаи ҷиноӣ омӯхта шудааст ва ӯ дар рӯзи охирини мурофиаи додгоҳӣ бо ду шоҳид ба таври мустақим аз Русия саволу ҷавоб кард. Як нафар аз рафиқони Федор Басимов аз Русия эътироф кард, ки моҳи августи соли гузашта Басимов ба вай занг зада, аз ҷинояти содиркардааш ӯро огоҳ кардааст. Басимов ҳам ҳамаи нишондодҳои ин шоҳидро тасдиқ намуд.

Дар ҳамин ҳол ташхиси тиббиву додгоҳӣ муайян кардааст, ки Раҳимҷон Тешабоев зиёд шиканҷа шуда ва сар аз танаш дар ҳоле бурида шудааст, ки ӯ зинда будаст. Федор Басимов комилан ба гуноҳи худ иқрор шуда, аммо аз додгоҳ тақозо кард, ки ба ӯ ҷазои нармтар бидҳад.

Вале Илдар Сахапов даст доштани худро дар ин куштор рад намуд ва гуфт, «маро ноҳақ тӯҳмат заданд». Сафол Сафаров, вакили мудофеи Илдар Сахапов, низ мегӯяд, ҳеҷ ваҷҳи аососноке, ки гунаҳкории нафари таҳти ҳимояташро исбот кунад, пешниҳод нашудааст. “Ба ман маълум нест, ки додгоҳ дар асоси кадом далелҳо ҳукми худро содир мекунад, аммо ман то охир барои сафед кардани зерҳимояам талош хоҳам кард. Тавре дар ҷарёни тафтишот маълум

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазору сарбозу афсари рус ҳузур доранд
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазору сарбозу афсари рус ҳузур доранд

шуд, Басимов пас аз куштор аз Сахапов хоҳиш кард, ки ӯ ин кушторро ба гардани худ бигирад. Вале ӯ ин хоҳишро рад кард, ки боиси хашми Басимов шуд ва ӯро барқасд тӯҳмат зад,” –гуфт вакил.

Вакилони мудофеъ мегӯянд, дар ҷараёни тафтишот маълум шудааст, ки Раҳимҷон Тешабоев, маъмулан ба сарбозони ин пойгоҳ бар ивази фоиз (баҳра) пул қарз медодааст ва ҳоло даҳҳо нафар аз ӯ қарздор будаанд. Дар ҳамин ҳол, пайвандони Раҳимҷон Тешабоев ба гунаҳкории ин ду нафар дар куштор бовар доранд ва тақозо мекунанд, ки нисбат ба онҳо сахттарин ҳукм содир шавад. Интизор меравад, ки рӯзи 26 август додрас баъд аз шунидани баромади вакили мудофеи Илдар Сахапов ва ҳарфи охирини муттаҳамон ба хонаи машваратӣ дарояд ва пас аз он ҳукмро эълон намояд.

Ин ду сарбози пойгоҳи Русия расо як соли пеш, яъне 26 августи соли гузашта баъд аз он боздошт шуданд, ки шаби 19 август ҷасади сарбуридаи Раҳимҷон Тешабоев аз назди кӯле дар қарибиҳои деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ пайдо шуд. Тешабоев одатан дар назди қароргоҳи пойгоҳи 201-и Русия, дар маҳаллаи "Гипрозем"-и шаҳри Душанбе таксиронӣ мекард. Сахапов ва Басимов барои он дар ин куштор гумонбар дониста шуданд, ки бо Тешабоев додугирифти молӣ доштаанд.

XS
SM
MD
LG