Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари оятуллоҳи маъруф дар Эрон зиндонӣ шуд


Аҳмад Мунтазирӣ, писари Ҳусейн Алӣ Мунтазирӣ, рӯҳонии маъруфи Эрон.
Аҳмад Мунтазирӣ, писари Ҳусейн Алӣ Мунтазирӣ, рӯҳонии маъруфи Эрон.

Аҳмад Мунтазирӣ, писари Ҳусейн Алӣ Мунтазирӣ, яке аз поягузорони Ҷумҳурии Исломӣ барои пахши сабти садои даҳсолаҳо пеши падараш, ки эъдомҳои дастҷамъии соли 1988 бо фармони Ҳумайниро маҳкум мекард, боздошт ва зиндонӣ шуд. Ӯро рузи 22 феврал ба додгоҳ даъват карданд ва баъдан эълон шуд, ки таҳти боздошт мемонад.

Ходими шинохтаи мазҳабӣ, Аҳмад Мунтазирии 60-сола, моҳи ноябри соли гузашта бо ҳамин гуноҳ ба мӯҳлати 21 сол зиндонӣ шуд. Аммо додгоҳ баъдан ҳукмро то ба 6 сол поён овард.

Ӯро дар халалдор кардани амнияти миллӣ гунаҳкор эълон карданд. Ба гуфтаи созмони Афви Байналмилал он замон дар Эрон наздик ба панҷ ҳазор афроди дигарандеш ба қатл расид.

XS
SM
MD
LG