Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Тоҷикистон шунидани гуфтугӯҳоро рад накарда мегӯянд, ин кор барои боздошти ҷинояткорон истифода мешавад.

Ахиран дар Қирғизистон хабаре ба нашр расид, ки тамосҳои телефониву интернетии сиёсатмадорони ин кишварро аз хориҷ назорат мекунанд. Коршиносони ин кишвар мегӯянд, ширкатҳои хориҷии содиркунандаи таҷҳизоти телефонӣ баъд аз фурӯши таҷҳизоти худ ба кишварҳои хориҷӣ, ба вижа ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, рамзи дастгоҳ ё таҷҳизоти худро нигоҳ медоранд ва дар вақтҳои зарурӣ ба сабти гуфтугӯҳои телефонӣ ё гуфтугӯҳои мустақим гӯш медиҳанд.

Агар ин нуктаро дар назар бигирем, ки Тоҷикистон низ аз кишварҳои хориҷӣ таҷҳизоти телефонии худро харидорӣ кардааст, метавон суолеро матраҳ кард, ки оё назорати гуфтугӯҳои телефонӣ дар Тоҷикистон низ аз хориҷи кишвар имкон дорад?

Ниҳодҳои амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон барои анҷоми амалиёти ҷустуҷӯи ҷинояткорон ё афроди гумонбар таҷҳизоти гӯшдиҳӣ ба гуфтугӯҳои телефониро асосан аз кишварҳои дигар харидорӣ мекунанд. Масалан, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон соли 2008 барои ин кор ба арзиши 7 миллион доллар таҷҳизоти муосир ва пешрафтаи “PHANTOM” ва “Курьер”-ро аз Оё гуфтугӯи раҳбаронро гӯш мекунанд?

Оё гуфтугӯи раҳбаронро гӯш мекунанд?

ширкати СОРМ-и Русия харидорӣ кард. Ҳар кадоме аз ин таҷҳизот ҳамзамон метавонад ба гуфтугӯҳои 20 ҳазор муштарӣ гӯш диҳад ва онро сабт кунад. Таҷҳизоти ин ширкат аз беҳтарин имконоти муосири гӯшдиҳанда ва сабткунанда иборат аст .

Коршиносон мегӯянд, ҳангоми тавлиди таҷҳизот, ширкати тавлидкунанда метавонад рамзи худро гузорад ва хадамоти амниятии он кишварҳо бо истифода аз чунин рамзҳо дар ҳар кишваре метавонанд барои гӯш додан вориди хат шаванд.

Ҳоло дар Қирғизистон ин нигарониҳо пеш омадааст, ки бо чунин кор ин кишвар метавонад комилан зери таъсири хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ қарор бигирад. Элнура Худойбердиева-коршиноси таҷҳизоти рақамӣ мегӯяд, агар чунин рамзҳо дар ихтиёри хадамоти амниятӣ бошад, ин кор барои Қирғизистон хатар дорад:“Муҷтамаи СОРМ сохти Русия аст. Дар солҳои раҳбарии Боқиев ин таҷҳизотро дар марказҳои маъмулии телефонӣ ва телефонҳои ҳамроҳ насб карданд. Барномаҳои он рамз дорад ва бино ба маълумоти мо, ин рамзҳо дар ихтиёри тавлидкунандагон ҳаст. Шубҳае нест, ки хадамоти амниятӣ ё кашф чунин таҷҳизотро зери назорат доранд. Онҳо бо кӯмаки нусхаи ин рамзҳо метавонанд вориди барномаи таҷҳизоти тавлидкардаи худ шаванд ва аз он гуфтугӯҳо сабтшударо бигиранд. Гузашта аз ин, онҳо имкон доранд, ки мустақиман худи гуфтугӯҳоро гӯш кунанд ва мукотибаҳои интернетиро бихонанд”.

Дар Тоҷикистон низ имкони шунидани гуфтугӯҳои телефониро рад намекунанд ва эътироф мекунанд, ки хадамоти махсус ин корро барои боздошти ҷинояткорон ё афроди гумонбар истифода мекунанд. Асомиддин Атоев-коршиноси интернет ва таҷҳизоти телефонӣ мегӯяд, ҳар таҷҳизоте, ки дар шароити кунунӣ тавлид мешавад, имкони гӯш кардан ва сабт карданро дорад: “Ҳар як технологияе, ки дар соҳаи телекоммуникатсия ихтироъ мешавад, дар он имкони гӯш кардан ва пайгирӣ кардан вуҷуд дорад. Дар технологияи рақамӣ ин кор ба осонӣ даст медиҳад”.

Дар Қирғизистон гуфтугӯҳои телефонии намояндагони ҳукумат, ки 7-уми апрели соли 2010 сари қудрат омаданд, дастраси ҷомеа шуд ва ҳамаро ҳайратзада кард. Матни ин гуфтугӯҳоро дар шабакаҳои иҷтимоии интернет чоп карданд. Дар ин Асомиддин Атоев

Асомиддин Атоев

гуфтугӯҳо масъалаи тақсими қудрат ва масъалаҳои молӣ баррасӣ шудааст. Вале то ҳол касе намедонад, ки ин гуфтугӯҳоро кӣ сабт кардааст. Хадамоти кашф низ ошкор накарданд, ки чӣ касоне барои ин кор аз ин таҷҳизот истифода кардаанд.

Ҳукумати нави Қирғизистон он вақт аз пешниҳоди Русия саркашӣ кард ва мехост низоми парлумониро дар ин кишварро ҷорӣ кунад. Баъзе аз сиёсатмадорони Қирғизистон мегӯянд, ки он вақт Маскав ва Остона мехостанд, ки баъзе ҷонибдорони онҳо сари қудрат биоянд.

Дар Тоҷикистон то ҳол дар бораи гӯш додани гуфтугӯҳои раҳбарият аз тарафи хадамоти ҷосусии кишварҳои хориҷӣ намунае вуҷуд надорад ва ё ошкор нашудааст. Тоҷикистон дар соли 2011 бо Русия роҷеъ ба истирдоди Владимир Садовничий ва Алексей Руденко-халабонҳои боздоштшудаи ширкати “Ролкан-“и Русия, роҷеъ ба бозгашти нируҳои марзбонии Русия ба марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон ва дар гузаштаи наздик роҷеъ ба идомаи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон музокироти тулониву мушкил пеш мебурд. Касе наметавонад бигӯяд, ки дар ин марҳилаи мушкил оё хадамоти дастандаркори Русия дар Тоҷикистон ба гуфтугӯҳои телефонӣ гӯш додаанд ё хайр.

Аммо Ғафур Эркаев-раиси Анҷумани ширкатҳои телефонҳои ҳамроҳи Тоҷикистон дар мавриди таҷҳизоти телекоммуникатсионии ин кишвар мегӯяд, ширкатҳо чунин таҷҳизотро на танҳо аз Русия, балки аз кишварҳои мухталиф бар асоси озмун харидорӣ мекунанд. Вай мегӯяд: “Дар бозори ширкатҳои мобилӣ аслан 4 ширкат фаъолият мекарданд. Онҳо гурӯҳи ширкатҳои T-Cell мебошанд, ки ба он пештар “Индиго” ва “Сомонком” дохил мешуданд. Ҳоло ду ширкати мустақил ва қонунӣ ҳастанд. Онҳо ширкати “Вавилон-Мобайл” ва ширкати “Мегафон-Таджикистан” мебошанд. “Мегафон-Таджикистан” яке аз бахшҳои ширкати “Мегафон”-и Русия ба шумор меравад. Ин ширкатҳо қабл аз харидории таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ аз хадамоти зарурии Тоҷикистон бояд иҷозаи расмӣ бигиранд. Сипас ворид кардани чунин таҷҳизот қонунӣ дониста мешавад”.

Ғафур Эркаев мегӯяд, ширкатҳои Тоҷикистон асосан аз ширкатҳои номдори ҷаҳонӣ мисли “Алкател”, “Нокиа”, “Самсунг”, ZTI ва “Huawey” таҷҳизот ворид мекунад ва ин ширкатҳо ба чунин пинҳонкорӣ даст намезананд. Коршинос Асомиддин Атоев мегӯяд, ки Тоҷикистон аз Русия низ таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ ворид мекунад.

Коршиносони тоҷик имкони гӯш додан ба гуфтугӯи телефонии раҳбарони Тоҷикистонро истисно медонанд, вале дар Қирғизистон пеш аз рӯйдодҳои моҳи апрели соли 2010 дар интернет матни гуфтугӯи телефонии Максим Боқиев-писари Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури вақт ва Жаниш-бародари вай, яъне амаки Максимро чоп карданд. Ҳангоми ин гуфтугӯи телефонӣ Максим дар ҷумҳурии Литва қарор дошт ва амакаш дар Тоҷикистон. Дар ин гуфтугӯ онҳо дар бораи тазоҳуроти эътирозие сӯҳбат кардаанд, ки тоза дар Қирғизистон шурӯъ шуда буд. Бо назардошти ин далел, ҳоло дар Қирғизистон мегӯянд, ки шояд ин кор барои хадамоти кашф ё ҷосусони кадом кишваре даркор будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG