Пайвандҳои дастрасӣ

Тадобири нави амниятӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳамакнун сокинонро аз толори интизорӣ ба саҳни ҳавлӣ берун овардааст.

Тайи ҳудудан як моҳи охир афроде, ки барои гусел ё пешвози пайвандони худ ба фурудгоҳ меоянд, аз он шикоят мекунанд, ки соатҳои интизории онҳо дар ҳавои сарди кӯча мегузарад ва ба онҳо имкон намедиҳанд, ки дар бинои гарму чароғони дохил қарор дошта бошанд. Масъулони амниятии фурудгоҳ танҳо онҳоеро ба дохил иҷоза медиҳанд, ки дар даст чипта доранд ё барои харидории чипта вориди бино мешаванд.

Зоҳир, як ҷавоне, ки дар назди бинои фурудгоҳ беш аз ду соат дар сардӣ интизор мондааст, 23 декабр дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, милисаҳо баробари шунидани ин, ки онҳо барои пешвоз омадаанд, барояшон гуфтанд, ҳаққи ворид шудан ба дохилро надоранд.

Зоҳир мегӯяд, дар Русия шоҳиди он шудааст, ки ҳатто дар ҳолати дарёфти хабари ҳодисаи террористӣ, ҳеҷ нафарро аз дохили бинои фурудгоҳ ба берун гусел намекунанд. Дар гузашта дар Фурудгоҳи байналмиллалии

Душанбе қоидаи будубош маъмулӣ ва айнан мисли фурудгоҳҳои дигар буд. Ба мусофирон имконият медоданд, пеш аз сафар ва баъди гузаштан аз ташхису тафтиш, пеш аз парвоз дар толори интизорӣ бо азизонашон бимонанд.

Аммо тасмими нав боз аз он ҷиҳат мардумро нигарон кардааст, ки парвозҳо аз фурудгоҳи Душанбе на ҳамеша дар соати муайяншуда анҷом мешаванд ва мусофирону наздиконашон маҷбуран соатҳо мунтазири соати парвоз бимонанд. Масъулини Фурудгоҳи байналмилалӣ ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, воқеан дар ин авохир дар кори ин ниҳод чанд тағйирот ҷорӣ ва чораҳои назоративу амниятӣ бознигарӣ шуд.

Мунаввар Муллочаев, сухангӯи ширкати “ТоҷикЭйр” мегӯяд, тағйироти ахирро намешавад «дастури вижае барои маҳдуд кардани вуруди сокинон ба дохили фурудгоҳ» номид. Вай мегӯяд, баъди ҳодисаҳои нохуше, ки дар кишварҳои дигар рух дод, масъулин тасмим гирифтанд, ки аз эҳтиёт кор бигиранд ва тадобире андешанд, ки пеш аз ҳама ба манфиати худи мусофирон ва наздиконашон бошад. Вай ба гунаи мисол суқути ҳавопаймои Русия дар Шарқи Наздикро ёдовар шуд.

Мунаввар Муллочаев мегӯяд, назорат аз амнияти фурудгоҳ воқеан ҳам ҷиддитар шуд ва намояндагони сохторҳои қудратӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз ҷиноят дар фурудгоҳ чораандешӣ мекунанд. Айни замон, ӯ таъкид кард, ки ин тадбирҳо хусусияти муваққатӣ дорад ва танҳо ба фоидаи ҷомеа равона шудааст.

Мақомоти фурудгоҳ мегӯянд, баъди чунин тадбирҳо мушоҳида мекунанд, ки ҷараёни гуселу пешвози мусофирон дар бинои фурудгоҳ беҳтар танзим шудааст.

Дар зимн, коршиносоне, ки дар ин бора бо радиои Озодӣ сӯҳбат карданд, мегӯянд, ҳама гуна тадбирҳое, ки барои таъмини амнияти мардум андешида мешавад, қобили дастгирист, ба шарте, ки ҳуқуқ ва ҳам шароити мардуми дигар ҳам ба инобат гирифта шавад.

Маҳдӣ Собир, таҳлилгари масоили амниятӣ дар Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти қудративу амниятӣ бояд шароит дошта бошанд, ки кори худро бахубӣ иҷро кунанд. Вале дар ҳолате, ки наздикони мусофирон маҷбуранд соатҳо дар берун мунтазир бимонанд, ин боиси нороҳатии онҳо мешавад.

Вай гуфт, ба мардум бояд имкон дода шавад, ки соатҳои интизориро дар шароити муносиб сипарӣ кунанд ва ба ғизову чои гарм дастрасӣ дошта бошанд. Вай гуфт, вақте мардум маҷбуранд 24 соат дар ҳавлии фурудгоҳ зери барфу борон мунтазир бимонанд, эҳсоси нороҳатии онҳо афзоиш меёбад. «Ба эҳсоси мардум расидан даркор нест“, гуфт ӯ.

Фурудгоҳи Душанбе, ки дар маҳалли ҳозирааш аз соли 1964 амал мекунад, соли 2014 пурра навсозӣ ва ба истифода дода шуд. Терминали дуошёнаи нави фурудгоҳ метавонад дар як соат ба 500 мусофир хизмат расонад. Аз ин ҷо ҳар ҳафта даҳҳо парвози мустақим ба самтҳои Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркия, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Олмон сурат мегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG