Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муноқишаву ҷанҷолҳои мактабӣ, масъулини муассисаҳoи таълимиро дар Тоҷикистон водор кардааст низоми амниятии таълимгоҳҳоро шадидтар кунанд.

Ҳоло дар даромадгоҳи аксар мактабҳои кишвар хонанда ва ҳам меҳмононро на як, балки ду муҳофиз ё посбон пешвоз мегиранд ва пас аз пурсупосу тафтиш ба дохили мактаб роҳ медиҳанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки қаблан аксар таълимгоҳҳои кишвар бидуни ягон посбон ё нигаҳбоне фаъолият мекарданд ва даромаду баромад ҳам ба ин муассисаҳо озод буд.

Шамсиддин Азизов, як хонандаи мактаб-гимназияи рақами 53 воқеъ дар маркази шаҳр мегӯяд, баъди бозгашт аз таътили якмоҳаи зимистона ӯ ва ҳам сабақонашро як навгонӣ дар мактаб дар ҳайрат гузошт. Барои дохил шудан ба мактаб ду муҳофиз ё посбон бо ҷиҳози махсус онҳоро аз сар то по тафтиш мекунанд ва ин муҳофизон даробарои хонандаҳоро таҳти назорат гирифта, намегузоранд, ки онҳо беиҷозати омӯзгор ва падару модарон аз мактаб берун шаванд: «Пас аз таътил ҳангоме мо ба дарс омадем, муҳофизонро дар онҷо дидем. Маро тафтиш карданд ва аз ҷайбам тангаҳоямро бароварданду пасон раҳо карданд. Мактаббачае, ки дар Москва талабаҳоро гаравгон гирифту муаллимаи фанни географияро ба қатл расонид, барои ҳамин инҷо муҳофиз гузоштаанд. Барои ман будани онҳо бадие надорад, чунки ман дар ҷайбам чизе намебарам».

Озодамоҳ Бобоева, муовини раҳбари гимназияи рақами 53 дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, дар беш аз 10 рӯзе, ки мактаб аз хизмати муҳофизон кор мегираду назорату амният шадидтар шудааст, мушоҳида мешавад, ки вазъ дар мактаб орому хуб аст ва муаллимон ҳам беташвиш аз пайи иҷрои вазифаи аслии худ, таълиму тарбияи хонандагон ҳастанд. Хонум Бобоева меафзояд: “Аз рӯзе, ки фаъолияти муҳофизон ба роҳ монда шудааст, боз ҳам тартибу интизом дар мактабҳо хеле хуб ба назар мерасад. Бачаҳо дар вақте, ки лозим аст ба мактаб меоянду мераванд. Ба сабабу бесабаб аз ҳудуди мактаб берун намераванд, овардани телефонҳои мобилӣ камтар шудааст. Махсусан муноқишаҳое, ки байни ҷавонону наврасон дида мешуд, аллакай аз байн рафтааст. Инчунин, даромадани падару модар ва шахсони дигар кам шудааст, ки ин ба орому бе ташвиш гузаштани дарс мусоидат мекунад”.

Муҳофизони мактаб гимназияи шумораи 53 ба ширкати “Шамшер” тааллуқ доранд, онҳо ба ҷуз аз хонандаҳо бидуни мувофиқа бо раҳбарияти мактаб ба шахсони бегона иҷозаи вурудро намедиҳанд. Яке аз ин дарбонҳои ин гимназия бидуни он, ки худро муаррифӣ кунад ба мо гуфт, вақтҳои ахир талабот ба хизматрасонии муҳофизон аз ҷониби мактабҳои Тоҷикистон меафзояд ва мактабҳову боғчаҳои кӯдакона аз ин роҳ кӯшиш доранд оҳиста оҳиста низоми амниятии худро шадидтар кунанд. Сабаби афзоиши талабот ба кори муҳофизон ҳам ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, ин афзоиши мавориди ҷанҷолу бетартибиҳои хонандаҳо ва истифода аз асбобҳои мухталиф аз қабили корду оҳан барои лату куби ҳамдигар будааст. Аз сӯйи дигар, ин муҳофиз мегӯяд, ҳодисаи ахири гаравгонгирӣ дар як мактаби Маскав ҳам чашми масъулини бархе аз мактабҳоро тарсонидаву боиси кор гирифтан аз хизмати дарбону муҳофизон шудааст.

“Пас аз ҳодисае, ки дар яке аз мактабҳои Шаҳри Маскав рух дод ва ҳодисаи гумшудани кӯдакону дигар воқеаҳое, ки имрӯз мову шумо шоҳид ҳастем, сабаби ба роҳ мондани чунин низом гардиданд. Мо дар инҷо корро аз рӯзи душанбе шурӯъ кардем ва ҳама ҷавобгарӣ бар ӯҳдаи мост. Дар роҳ ягон воқеаи нохуш рӯй надиҳад гуфта, то падару модар наоянд, хурдсолонро ба рафтан иҷозат намедиҳем”.

Аммо Саида Ғаффорова, муовини директор оид ба корҳои тарбиявии мактаби миёнаи №15, мегӯяд, ин низом дар таълимгоҳи онҳо тӯли 3 сол аст ба роҳ монда шудааст. Ба гуфтаи хонум Ғаффорова, ин мактаб, дар наздикии роҳи калони мошингард қарор дорад ва омӯзгорон маҷбур буданд дар баробари дарс гуфтан, ҳамчунин бехатарӣ ва даромаду баромади хонандаҳоро ҳам назорат кунанд. Ба қавли ӯ, ҷилавгирӣ аз ҷангҳои мактабиву назорати ҳар қадами хонандаҳоро ҳам худи омӯзгорон ба ӯҳда доштанд.

“Бояд қайд кунем, ки мактаби мо дар назди роҳи калон ҷойгир аст. Нигоҳбонҳои мо субҳи барвақт ба кор меоянд ва намегузоранд, ки хонандагон дар вақти дарс аз мактаб берун бароянд ва мо омӯзгорон аз кори муҳофизон қаноатманд ҳастем. Вақте дарс ба охир мерасад, омӯзгорон талабаҳои худро бурда аз назорати муҳофизон мегузаронанд. Агар хонанда бе муаллим барояд нигоҳбон ӯро баромадан намегузорад. Аллакай 3 сол аст, ки дар мактаби муҳофизон кор мекунанд, ки хело кори моро осон кардаанд, чунки мактаб беназорат нест, ҳатто рафту омади мо омӯзгоронро, низ қайд мекунанд.”

Мактаби мазкурро, кормандони ширкати муҳофизатии “Ред Лайн” нигаҳбонӣ ва назорат мекунанд. Муҳофизони ин ширкат ҳифзу нигоҳубинии ҳудуди 2 ҳазор хонандаи ин таълимгоҳро ба ӯҳда дорад. Шараф Ҳабибов, роҳбари Оҷонсии муҳофизатии “Ред Лайн” дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт, ҳоло беш аз 16 муассисаи таълимӣ бо ин ширкат ҳамкорӣ доранд. Оқои Ҳабибов мегӯяд, ба фарқ аз дигар муассисаҳо, нархномаи ширкат барои мактабҳои ҳамагонӣ, ки чандон буҷаи калон надоранд, камтар муайян шудааст: “Мо дар ҳар объект ду муҳофиз мефиристем, ки нархномаамон сари ҳар моҳ 2800 сомонӣ аст. Аслан 1 соат муҳофизати мо 1,5 доллар аст, аммо аз сабабе, ки мактабҳо шароити хуб надоранд, мо аз онҳо камтар мегирем. Дар ин маблағи мазкур маоши муҳофизон, сару либос, ҳисоби телефонҳои онҳо ва маблағи налог, дохил аст”.

Масъулини мактабҳое, ки ҳоло бахши амнияту назорати муассисаи худро ба ӯҳдаи муҳофизон ё дарбонҳо гузоштаанд, мегӯянд ин иқдом кори онҳоро хеле сабук ва ташвишашонро камтар кардааст. Аммо масъулини бархе аз мактабҳои дигар, ки ҳамоно ин масъулиятро ҳам ба дӯши худ доранд, мегӯянд, ба далели камбуди молӣ натавонистаанд то ба ҳол ин хизматрасонии муҳофизон кор гиранд.

Раҳматхоҷа Ҷалолов, раҳбари мактаби рақами 31-и пойтахт мегӯяд, ҳузури муҳофиз дар мактаб зарур аст, аммо ба қавли ӯ буҷаи ин мактаб ҳоло барояшон чунин иҷозаро намедодаст: “Ба роҳ мондани ин низом орзӯи ҳаряки мо мудирҳо мебошад. Соли гузашта оҷонсии мустақили муҳофизатии “Ред лайн” ба мо муроҷиат карда буд, аммо аз сабаби норасоии маблағ, мо ин корро ба роҳ монда натавонистем. Хостем аз ҳисоби маблағи сарикасӣ, ки дар мо 10 сомонӣ аст, маблағи ширкатро пардохт кунем, аммо пас аз ҳисобу китоби муҳосибон ин маблағ хароҷотамонро пӯшонида натавонист. Аз ин сабаб мо боз ба падару модарон такя кардем, лекин аксари онҳо ба ин кор розӣ нашуданд”.

Омӯзгорон аз шадид шудани низоми назорату амният дар мактабҳо ҷонибдорӣ ва хушҳолӣ мекунанд, аммо волидону хонандаҳо чӣ? Як тан аз хонандагони мактаб гимназияи шумораи 53 дар сӯҳбат бо мо аз вуҷуди муҳофизон изҳори норозигӣ кард: “Барои мо будани ин муҳофизон онқадар хуб нест, моро сахт мегиранд, бисёр боз медоранду тафтиш мекунанд”.

Бархе бар инанд, ки шадид шудани низом муассисаҳои таълимӣ ва назорат шудани ҳар қадами хонанда аз сӯйи афроди либоси махсусдор чандон хуб нест ва ба руҳияи кӯдакон бетаъсир намемонад. Аммо Саида Ғаффорова, муовини директор оид ба корҳои тарбиявии мактаби миёнаи шумораи 15 мегӯяд, ҳузури муҳофизон аслан ба равони кӯдакон таъсир нахоҳанд расонид. Баръакс ин амр боис ба бештар шудани таваҷҷӯҳи хонанда ба таҳсилу омӯзиш шудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG