Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созишҳои махфии табибон бо соҳибони дорухонаҳо (ВИДЕО)


Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ мегӯяд, табибон ва дорухонаҳо бар пояи созишҳои молӣ ҳуқуқи маризҳоро барои дарёфти доруи арзонтар дар дорухонаҳои дигар нақз мекунанд.

Маҳмадалӣ Давлатов, муовини сардори Хадамоти фаъолияти фармасевтӣ рӯзи 3-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ниҳоди таҳти назари онҳо 12 пизишкро, ки беморонро барои харидории маводи табобатӣ аз дорухонаи мушахас маҷбур кардаанд, ҷарима бастааст.

Ба ин далел, гуфт ҷаноби Давлатов, ҳоло дар назди аксари беморхонаҳо ва дорухонаҳо эълонеро насб кардаанд, ки дар он аз корафтодаҳо хоҳиш мешавад, дар сурати таъкиди табиб бар сари харидории дорӯ аз дорухонаи мушаххас ба ин хадамот маълумот диҳанд: “Ҳам пизишк ва ҳам доруфурӯш аз ин манфиат мебинанд, аммо бемор зиён мебинад. Зеро дар чунин маврид доруҳо бо қимати баландтар фурӯхта мешаванд. Ин як мушкиле шудааст, ки тақрибан аксари пизишкон шартномаи даҳонӣ доранд, аммо ошкор кардани онҳо мушкил аст. Мо нисбат ба чунин пизишкон ба вазорати тандурустӣ низ маълумотнома пешниҳод кардаем. ”

Маҳмадалӣ Давлатов
Маҳмадалӣ Давлатов

Ин масъул мегӯяд, бар асоси моддаи 121-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Риоя накардани қоидаҳои муомилот бо доруворӣ ва иловаҳои хӯрокворӣ, аз ҷумла нигаҳ доштани доруҳо дар утоқи корӣ) ин пизишкон то 2 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

Аммо табибоне, ки аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ҷарима шудаанд, иттиҳоми муомилот бо доруфурӯшиҳоро рад мекунанд.

Асолат Каримова, як пизишки тоҷик, ки бо гумони маҷбуран раҳнамоӣ кардани як бемор ба харидории дору ҷарима шудааст, мегӯяд, ӯ бо соҳибони он дорухона ҳеҷ муомилае надошт, балки танҳо медонист, ки дорухона ин маводи табобатиро ба фурӯш баровардааст.

Ин табиб меафзояд: “Ман беморро, ки танаш захм дошт, дору тавсия додам. Ӯ пурсид, ки инро аз кадом аптека харидан мумкин аст. Ман барояш фақат тавсия додам. Ӯ метавонист, ки ба тавсияи ман гӯш надиҳад. Лекин шикоят кард ва маро барои ин ва камбудӣ дар ҳуҷҷатҳо 2 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд.”

Аммо масъулони Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ мегӯянд, дар бархе мавридҳо агар бемор аз дорухонае, ки пизишк барояш нишон медиҳад, дору нахарад, ҳушдор мегирад, ки барои табобат ба духтури дигар муроҷиат кунад.

Заррина Икромова
Заррина Икромова

Заррина Икромова, корманди дорухонаи “Ориёнфар 81” дар шаҳри Душанбе, бо онки мегӯяд, ки дорухонаи онҳо бо ҳеҷ духтуре муомилоти молӣ надорад, вале ҳамзамон вуҷуди ин гуна “созишҳо”-и ғайриқонуниро эътироф мекунад: “Баъзе пизишкон ҳатто дар поёни дорухат менависанд, ки бемор бояд ба кадом аптека равад. Онҳо меоянд ва мепурсанд, ки ин аптекаи фалонӣ аст? Вақте мегӯем, не, аз мо дору намехаранд. Наздикони бисёри пизишкон дорухона доранд ва ба он ҷо тавсия медиҳанд. Он доруе, ки дар он дорухатҳо навиштаанд, мо ҳам дорем, аммо пизишкон ба онҳо мефаҳмонанд, ки аз ҳар ҷо нахаред, ки қалбакӣ аст. Ман даҳҳо бор бо пизишкон ҷанҷол кардаам, ки чунин накунанд, аммо онҳо боз такрор мекунанд.”

Аксари беморон раҳнамоӣ ба дорухонаҳои мушаххасро аз тарафи духтурҳо таҷруба кардаанд, вале намехоҳанд, ба мақомот шикоят кунанд.

Савлатмоҳ Тоҷиддинова, зане, ки бо халтаи доруҳо вориди беморхонаи Қарияи Боло мешуд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, солҳост аз бемории диққи нафас ранҷ мекашад ва бори чорум аст, ки дар ин муассиса дар назди як духтур табобат мегирад. Ӯ гуфт, воқеан, пизишке, ки ӯро табобат мекунад, ҳамеша барояш харидории дору аз як дорухонаи мушахахасро тавсия медиҳад: “Ҳамин духтуре, ки пешаш табобат мегирам, доим мегӯяд, ки аз пушти дорухонаи назди дарвозаи Қараболо дору бихар. Мехарам, лекин ҳеҷ ҷо шикоят накардаам ва шикоят карданӣ ҳам нестам. Ҳаволаи ҳар кас ба Худо. Муҳим шифо ёбам.”

Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ барои аввалин аз ҷарима бастани 12 пизишк барои муомилоти махфӣ бо дорухонаҳо ва раҳнамоии беморон ба дорухонаҳои мушаххас хабар медиҳад. Масъулони ин ниҳод мегӯянд, ҳарчанд ин гуна мавридҳо зиёд аст, аммо беморон дар ин бора аксаран хомӯширо ихтиёр мекунанд. Ин ниҳод мегӯяд, ба суратиу мум дар як соли ахир қариб 400 пизишкро бо ҷурмҳои гуногун ба маблағи беш аз 800 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.

XS
SM
MD
LG