Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари дуюми "Давлати исломӣ" кушта шуд


U.S. -- An undated mugshot released by the US State Department's Rewards for Justice (RJF) of Abu Alaa al-Afri.
U.S. -- An undated mugshot released by the US State Department's Rewards for Justice (RJF) of Abu Alaa al-Afri.

Амрико аз кушта шудани раҳбари дувуми созмони тундрави “Давлати исломӣ” хабар дод. Гуфта мешавад, Ҳоҷӣ Имом дар як амалиёти нирӯҳои Амрико кушта шудааст.

Вазири дифои Амрико Эштон Картер гуфт, дар ҷараёни як амалиёти нирӯҳои Амрико Ҳоҷӣ Имом, раҳбари дувуми созмони тундрави “Давлати исломӣ" кушта шудааст. Картер рӯзи 25 март дар Вошингтон ба хабарнигорон гуфт, Ҳоҷӣ Имом, ки бо номҳои Абӯало Ал-Афрӣ ва Абдурраҳмон Мустафо Ал-Қадилӣ низ маъруф буд, дар “Давлати исломӣ” мақоми “вазири молия”-ро бар дӯш дошт ва “террористи шинохта”-е буд, ки дар анҷоми ҳамлаҳо дар Ироқу Сурия даст дошт.

Вазири дифои Амрико дар бораи амалиёте, ки мунҷар ба ҳалокати Ҳоҷӣ Имом шудааст ва ҳам дар ин бора, ки ин амалиёт дар Ироқ сурат гирифтааст ё дар Сурия? - ҷузъиёт надод.

Картер гуфт, кушта шудани Ҳоҷӣ Имом тавонмандиҳои “Давлати исломӣ” барои анҷоми амалиётҳо дар дохил ва хориҷи Ироқ ва Сурияро коҳиш медиҳад.

Вазорати дороии Амрико дар моҳи маи соли 2014 Ҳоҷӣ Имомро ба рӯйхати ҷаҳонии террористҳо шомил кард ва дар моҳи майи соли 2015 вазорати хориҷаи Амрико эълон кард, ки барои маълумоте, ки ба боздошт ваё куштани ин раҳбари дуюми "Давлати исломӣ" кумак кунад, 7 миллион доллар ҷоиза таъин шудааст.

Моҳи майи соли 2015 вазорати дифои Ироқ аз кушта шудани Ҳоҷӣ Имом хабар дод, вале ин хабар тасдиқ нашуд.

Умар Ал-Шишонӣ
Умар Ал-Шишонӣ

Дар ибтидои моҳи март Ийолоти Муттаҳида гуфтанд, ки Тархан Батирашвилӣ, мулаққаб ба Умар Ал-Шишонӣ, ки бо номи Умар Чеченӣ низ маъруф буд, дар ҷараёни як ҳамлаи ҳавоӣ дар Сурия кушта шудааст. Умар Ал-Шишонӣ, ки зодаи дараи Панкисии Гурҷистон буд, дар “Давлати исломӣ” мақоми “вазири ҷанг”-ро дошт.

Дар моҳи ноябри соли 2015 Вошингтон ҳамин тавр, аз кушта шудани Абӯ Надил, як раҳбари баландпояи “Давлати исломӣ” дар натиҷаи як ҳамлаи ҳавоӣ дар Либия хабар дода буд.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар соли 2014 қисматҳое аз қаламравҳои Сурия ва Ироқро ишғол ва дар сарзаминҳои таҳти тасарруфаш эълони ба ном “хилофат” кардааст. Ҷангҷӯёни ин созмон бо бархӯрди бераҳмонаи худ нисбат ба асирон ва дигарандешон, аз ҷумла бо зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани асирон ном баровардаанд. Ин созмон, ки бино ба ҳисобҳо, то 20 000 ҷангҷӯи хориҷӣ аз кишварҳои мухталифро низ зери парчами сиёҳаш дар Сурияву Ироқ ҷамъ овардааст, дар ҳоли ҳозир яке аз хатарноктарин гурӯҳҳои террористии ҷаҳон дониста мешавад.

“Давлати исломӣ” масъулияти як силсила ҳамлаҳои террористӣ дар гӯшаҳои гуногуни дунё, аз ҷумла масъулияти ҳамлаҳои моҳи ноябри Порисро, ки 130 кушта ба ҷо гузошт, ва ҳамлаҳои рӯзи 22 март дар фурудгоҳ ва метрои Брюсселро, ки мунҷар ба ҳалокати беш аз 30 нафар шуд, бар дӯш гирифтааст. Кишварҳои Ғарб ва ҷаҳони Араб ба раҳбарии Амрико эътилоферо ташкил додаанд, ки аз моҳи августи соли 2014 ба ин сӯ мавқеъҳои “Давлати исломӣ”-ро дар Сурия бомбборон мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон низ пайваста аз афзоиши шумори шаҳрвандони тоҷик дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба ҳисоби мақомоти Душанбе, беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта, ба гурӯҳҳои тундрав ва асосан ба “Давлати исломӣ” пайвастаанд. То имрӯз дар бораи ҳалокати ҳудуди 150 шаҳрванди тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ гузориш шудааст.

XS
SM
MD
LG