Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тило мехарем". Бозори гарми маснуоти заргарии "дасти ду" дар "Корвон"


Барои даҳҳо ҷавон хариду фурӯши маснуоти заргарии шикаста дар назди бозори «Корвон» ба манбаи асосии таъмини рӯзгор табдил ёфтааст.

Агар гузаратон ба «Корвон», бузургтарин бозори шаҳри Душанбе афтад, ҳатман диққати шуморо ана ҳамин садо - «Тилло мехарем» - ба худ ҷалб мекунад. Ин тиҷорати хурди як гурӯҳ ҷавонони аз 16 то 25-сола аст, ки сари ҳар қадам ба хариду фурӯши маснуоти тиллоӣ машғуланд. Аксари онҳое ки бо ин «тиҷорати хурд» машғуланд, мегӯянд, ин кор манбаи асосӣ барои таъмини хонаводаҳои онҳост.

Шамшод, донишҷӯи соли сеюми риштаи кимёи донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, як сол боз ба тиҷорати маснуоти заргарии шикаста, дар назди бозори «Корвон» пардохтааст: «Дуздӣ намекунам, ҳаминҷо тиллоро аз беруни дар аз дасти нафароне, ки тиллоҳои шикастаи худро мефурӯшанд, мехарам ва ба заргарҳое, ки дар ин бозор ҳастанд, мефурӯшам. Ягон кори айб нест».

Шамшод мегӯяд, як грамм тиллоро аз дасти мардум 110 сомонӣ харидорӣ карда, ба заргарҳо 114 сомонӣ мефурӯшад. Ва барои ӯ аз ҳар грамм 4 сомонӣ фоида ба даст меояд. Мисли Шамшод ҳудуди 60 ҷавони дигари аксар донишҷӯ дар ин бозор ба ин навъи тиҷорат даст задаанд ва мегӯянд, зиндагияшонро бо ҳамин маблағ пеш мебаранд. Вале онҳое, ки ба хариду фурӯши тилло машғуланд, дастмузди якрӯзаи худро гуногун арзёбӣ мекунанд.

Диловар, як ҷавони 26-сола, ки аз ноҳияи Қумсангир барои кор ба Душанбе омадааст, мегӯяд, гоҳе аз 15 то 30 сомонӣ ва агар рӯзи бобарор бошад, то 200 сомонӣ дастмузд пайдо мекунад. Аммо вай ҳамзамон иқрор мекунад, ки баъзе рӯзҳо тамоман аз ин кораш даромад намеёбад.

Ҳарчанд ин намуди бизнес чандин нафарро бо ҷойи кор таъмин мекунад ва ба ҷайби ҷавонон ба истилоҳ «чанд танга» меорад, вале бархе корафтодаҳо мегӯянд, ки онҳо дар тиҷорати худ аз роҳи фиреб дар тарозу ҳам кор мегиранд. Гулрӯ, як сокини пойтахт мегӯяд, онҳо тарозуҳои махсуси худро доранд, ки вазни тиллоро кам нишон медиҳад: «Ман як ангуштари шикаста доштам. Хостам онро фурӯшам. Ангуштари ман 6 грамм буд, аммо ба ман гуфтанд, он 4 грамм аст. Вақте дубора ба як заргари шиносам бурдам, он 6 грамм баромад. Онҳо бо кам нишон додани вазни тилло пул кор мекунанд».

Ин дар ҳолест, ки мо ҳам шоҳиди як «нофаҳмӣ» байни ин ҷавонони тиллофурӯш ва муштарии онҳо шудем. Вақте бо ин ҷавонон дар мавриди тиҷорати кашф кардаашон сӯҳбат доштам, зани тахминан 55- сола назди мо омад ва хост тиллоҳои харидаи ҷавононро бинад:

«- Хола шумо тилло мехаред? Тиллоҳои дар дасти ман буда ҳамааш шикастагӣ аст.
-Канӣ, ман бинам. Не ман намехарам. Ман тиллоҳои худамро мекобам, ки аз хонаам дуздиданд. Медонам, ки ба шумо арзон оварда мефурӯшанд ва шумо тиллои дуздиро ҳам мехаред.»

Аммо аксари ҷавононе ки ба хариду фурӯши маснуоти тиллоӣ дар назди бозори «Корвон» машғуланд, гуфтанд, ки онҳо танҳо аз дасти афроде тилло мехаранд, ки соҳиби мол бошад.

Толиб, ки дар ин бозор дӯкони заргарӣ дорад, мегӯяд, ҳар рӯз аз дасти ин ҷавонон то 50 грамм тилло харидорӣ мекунад. Вай мегӯяд, аксари тиллоҳои харидааш гӯшвору ангуштарӣ ва гарданбандҳои шикастаест, ки барқарор кардани онҳо дигар имкон надорад. Ба гуфтаи Толиб, ин тиллоҳои шикастаро метавон фақат об кард ва аз нав аз тиллояш ягон маснуоти заргарӣ сохт.
XS
SM
MD
LG