Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба гуфтаи як таҳлилгар, эҳтимоли вуруди ситезаҷӯёни “Давлати исломӣ” ба Осиёи Марказӣ Маскавро ночор месозад, ки сарбозҳояшро аз марзҳои Украина ба ин минтақа интиқол диҳад.

Микола Сунгуровский, раҳбари барномаҳои низомии Маркази таҳқиқоти иқтисодиву стратегии Украина (Маркази Разумков) рӯзи 12 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки шурӯъ аз ҳамин баҳор Осиёи Марказӣ метавонад ҳар лаҳза мавриди ҳамлаи гурӯҳи “Давлати исломӣ” қарор бигирад - “ба ин изҳороти раҳбарони гурӯҳ ва баёнияҳои моломол аз нигаронии мақомоти амниятии кишварҳои минтақа далолат мекунад”.

Ӯ афзуд, “ин “фронти дувум” барои Русия хоҳад шуд ва Маскав барои ҳифзи манфиатҳояш маҷбур аст, ки на фақат пойгоҳҳояш дар Қирғизистону Тоҷикистон, балки нерӯҳои иловагии низомиро ҳам сафарбар кунад”.

Аз нигоҳи таҳлилгари украинӣ, Маскав қудрати дар ду ҷабҳа ҷангиданро надорад, аз ин рӯ бояд нерӯҳояшро аз марзҳои Украина берун кашида, ба Осиёи Марказӣ фиристад.

Микола Сунгуровский

Микола Сунгуровский

Русия дар Осиёи Марказӣ ду пойгоҳи бузург дорад – пойгоҳи ҳарбӣ- ҳавоии Кант дар Қирғизистон, ки он ҷо ҳавопаймоҳои ҷангии СУ-25 ва чархболҳои МИ-8 ҷойгир шудаанд ва пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон, ки тақрибан 7,5 ҳазор афсару сарбозаш дар се шаҳр - Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб хизмат мекунанд. Дар Қазоқистон низ баъзе ҷузву томҳои артиши Русия мустақар шудаанд.

Микола Сунгуровский гуфт, ки “Путин бояд ҳарчӣ зудтар қазияи Донбассро ҳаллу фасл кунад ва агар ҳалли он ба дарозо бикашад, ӯ фақат як интихоб дорад – ё низомиёнашро аз шарқи Украина ба Осиёи Марказӣ интиқол диҳад ё манфиатҳояш дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, гази арзони Туркманистону робитаҳои наздик бо Қазоқистонро фаромӯш кунад”.

ТОҶИКИСТОН Ё ТУРКМАНИСТОН? ҲАМЛА АЗ КУҶО САР МЕЗАНАД?

“Владимир Путин миёни Украина ва Осиёи Марказӣ ахириро интихоб хоҳад кард, зеро дар он минтақа манфиатҳои зиёди иқтисодиву сиёсӣ ва геополитикӣ дорад”, мутмаин аст Микола Сунгуровский. Осиёи Марказӣ барои Маскав манбаи асосии ашёи хом ва маводи сӯхт боқӣ мемонад.Таҳлилгар афзуд, ки дар Кремл ҳам инро хуб дарк мекунанд ва шояд ҳатто дар ин бора тасмим ҳам гирифта бошанд.

Аз нигоҳи Микола Сунгуровский, гурӯҳи “Давлати исломӣ” амалиёт дар Осиёи Марказиро аз ноором кардани кишварҳои минтақа шурӯъ мекунад. Аммо, ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз маълум нест, ки ҳамлаи аввал аз куҷо сар мезанад – “ситезаҷӯён ҳоло нуқтаи заъфи минтақаро меҷӯянд”.

Максим Шевченко

Максим Шевченко

Аз ин пеш дигар таҳлилгарон ҳадс мезаданд, ки ҳамлаи “Давлати исломӣ” ба Осиёи Марказӣ аз Туркманистон ё Тоҷикистон шурӯъ мешавад. Андрей Казантсев, раиси Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти байналмилалӣ ва устоди МГИМО - Донишгоҳи давлатии робитаҳои байналмилалии Маскав, аз ҷумла, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ситезаҷӯёни ҷунбиши “Толибон” ва “Давлати исломӣ” алҳол дар марзҳои ин ду кишвар мустақаранд ва шояд аз тариқи ин марзҳо вориди Осиёи Марказӣ шаванду бенизомиҳоро доман зананд.

Аммо Максим Шевченко, хабарнигор ва сиёсатшиноси рус, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳамлаи "Давлати исломӣ" ба Осиёи Марказиро “номумкин” хонд – ба гуфтаи ӯ, теъдоди шаҳрвандон минтақа дар гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз ду ҳазор нафар бештар нест ва “онҳо аслан хоҳиши бозгашт ба минтақаро ҳам надоранд, зеро набардҳо дар Сурияву Ироқ ба ин зудӣ хатм нахоҳанд шуд”.

ОСИЁИ МАРКАЗӢ “СУРИЯИ НАВ” ХОҲАД ШУД?

Микола Сунгуровский мегӯяд, теъдоди шаҳрвандони Осиё Марказӣ дар сафи “Давлати исломӣ” меҷанганд, муҳим нест. “Вақте, ки гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз худ дарак дод, дар сафаш ҳамагӣ дусад-сесад ҷангӣ буд. Аммо ҳоло фақат аз Осиёи Марказӣ беш аз 2 ҳазор нафар ба ин гурӯҳ пайвастаанд. Тақрибан ҳамин миқдор шаҳрвандони Русия, асосан сокинони Қафқози Шимолӣ ҳам аз тарафи ситезаҷӯён меҷанганд”. Ӯ меафзояд, “Давлати исломӣ” бо ҷунбиши “Толибон” ҳам вориди музокирот барои “ҷиҳоди муштарак” шудааст.

“Ман ҳадс мезанам, ки шояд онҳо дар дохили Осиёи Марказӣ ҳам пуштибонҳо ёбанд, аз ҷумла, аз тарафи Ҳаракати исломии Туркистон. Як бахши он - Ҷунбиши исломии Узбакистон дар минтақа фаъол ва соҳиби нерӯ аст. Ва ба иловаи ин, агар “Давлати исломӣ” аз ҷонибдории исломгароҳои вилояти Шинҷон-Уйғури Чин бархурдор шаванд, теъдодашон чанд ҳазор бештар хоҳад шуд.”

Микола Сунгуровский меафзояд, “ва ин дар ҳоле, ки дар сатҳи олии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳоло “тағйири наслҳо” ва муборизаҳои ошкору ниҳон барои қудрат идома доранд. Агар ба ин ҳама зиддиятҳои миёни давлатҳои Осиёи Марказиро изофа кунем, метавон гуфт, ки минтақа ба як “бомби соатӣ” табдил шудааст. “Яъне, дар сурати ҳамлаи “Давлати исломӣ” вазъ дар Осиёи Марказӣ ҳатто аз Сурия дида бадтар хоҳад шуд ва он ҷо хуни ҳазорҳо нафар хоҳад рехт”, ҳадc мезанад таҳлилгари украин. Дар вазъи феълӣ, аз нигоҳи Микола Сунгуровский, “Путин барои “аз даст надодани минтақа” фақат як роҳ дорад – тақвияти ҳузури низомии Русия дар Қирғизистону Қазоқистон дар чаҳорчӯби Паймони амнияти дастаҷамъӣ”.

Николай Патрушев

Николай Патрушев

Анатолий Торкунов, ректори МГИМО - Донишгоҳи давлатии робитаҳои байналмилалии Маскав ҳам таҳдиди ҳамлаи “Давлати исломӣ” ба Осиёи Марказиро воқеъӣ мехонад. Ӯ рӯзи 11 март дар нишасти Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар вилояти Ханти-Мансийски Русия гуфт, “таҳдиди ҷиддӣ ва зимнан, хело ҷиддӣ, ки миқёси онро мо ҳанӯз дуруст наметавонем арзёбӣ кунем – пайдоиши гурӯҳи “Давлати ислом” ва фаъол шудани он дар марзҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ва дар худи ин кишварҳост". Ба гуфтаи Анатолий Торкунов, "алҳол “Давлати исломӣ” дар Афғонистон фаъолият мекунад ва ин, албатта, таҳдиди мустақим ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ, Чин ва Русия аст”.

Ахиран Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия ҳам таъкид кард, ҳар узви аъзои гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ки аз Сурияву Ироқ бармегардад, бояд таҳти назорати вижа қарор бигиранд. “Махфӣ нест, ки теъдоди зиёди зархаридҳои рустабор дар хориҷи кишвар дар сафи гурӯҳҳои ифротӣ меҷанганд. Дар бозгашт ба ватан онҳо метавонанд бо худ он навъҳои мудҳиши террорро оваранд, ки хоси гурӯҳи “Давлати исломӣ” аст”, - ҳушдор дод ӯ. Аз ин пеш раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия Александр Бортников хабар дода буд, ки фақат дар қаламрави Ироқ тақрибан 1,7 ҳазор шаҳрвандони Русия меҷанганд.

ТАҲДИД? НА, ТАРҒИБОТ...

Фаридун Маҳмадалиев

Фаридун Маҳмадалиев

Таҳдиди гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва имкони ноором шудани вазъиятро мақомоти минтақа ҳам дарк мекунанд. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон рӯзи 12 март ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеъан ҳам таҳдид ҷой дорад ва иттилое низ мавҷуд аст, ки “бархе гурӯҳҳои терористӣ қасди вуруд ба қаламрави Тоҷикистонро доранд”. Ин иттилоъ, ба гуфтаи ӯ, ҳоло ҳамаҷониба омӯхта мешавад. Фаридун Маҳмадалиев иқрор кард, як ҳадафи баргузории машқҳои низомии густарда дар манотиқи ҳаммарз бо Афғонистон, ки то 14 март идома хоҳад кард, ҷилавгирӣ аз ҳамлаи гурӯҳҳои террористӣ аз хоки кишвари ҳамсоя аст.

Дар ҳамин ҳол бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки бештари пешгӯиҳо дар бораи таҳдиди амниятӣ ба Осиёи Марказӣ бофтаи хаёланд ва ангезаи сиёсӣ доранд. Ба гуфтаи Артем Улунян, устоди Пажӯҳишгоҳи таърих ва сиёсат дар Маскав, мегӯяд, як бахш аз ин мавод бо супориши "боло" таҳия мешаванд.

Ӯ меафзояд, ки “ҳар кас курпаро тарафи худ мекашад” ва мебинад, ки аз ин вазъ чӣ манфиате ба даст меоваранд – агар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо пахши иттилоъ дар бораи имкони ноамнӣ дар минтақа аз сӯи ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои мубориза бо терроризм маблағи бузург ба даст меоваранд, давлатҳои абарқудрат бошанд бо роҳи тарсонидани раҳбарони маҳаллӣ мехоҳанд ҳузури худ, аз ҷумла, ҳузури низомияшонро дар минтақа таҳким бубахшанд. Ҳузури низомӣ бошад кафолати дастрасии осон ба ашёи хому захираҳои ғании энержии минтақа аст...

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG