Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Киев мурофиаи Абдуллоҷонов шурӯъ шуд


7 феврали соли 2013, додгоҳи шаҳри Киев.
Абдумалик Абдуллоҷонов (аз рост) ҳамроҳ бо вакили дифоъ Андрей Федур

7 феврали соли 2013, додгоҳи шаҳри Киев. Абдумалик Абдуллоҷонов (аз рост) ҳамроҳ бо вакили дифоъ Андрей Федур

15 март дар шаҳри Киев мурофиаи додгоҳии собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов идома хоҳад ёфт.

Ин додгоҳ бояд сарнавишти минбаъдаи ӯро муайян ва дар сурати мувофиқати додгоҳ, қарори баргузории додгоҳи истирдодии Абдумалик Абдуллоҷоновро ба Тоҷикистон содир кунад.

Намояндаи гурӯҳи мудофеъи Абдумалик Абдуллоҷонов гуфт, ки панҷшанбе, 14 март дар додгоҳи ноҳияи Шевченкои шаҳри Киев мурофиаи додгоҳии нахуствазири собиқи Тоҷикистон шурӯъ шуд. Қарор аст, имрӯз, 15 март, баррасии сарнавишти баъдии ӯ идома ёбад. “Дар рӯзи аввали мурофиаи додгоҳии имрӯз далелҳои ҳарду ҷониб шунида шуд. Мо тамоми далелҳои худро дар заминаи бегуноҳии Абдуллоҷонов ва мақоми паноҳандагии ӯ пеш овардем. Ҷониби айбдоркунанда ҳам далелҳои худро мегуфт”, гуфт як узви гурӯҳи дифоии Абдуллоҷонов дар сӯҳбат бо Озодӣ аз толори додгоҳ.

Ба иттилои ӯ, бо сабаби ин ки ҷониби айбдоркунанда натавонист тамоми асноди зарурии тасдиқкунандаи шахсияти айбдоршавандаро пешкаш кунад, додгоҳ то фардо ба додситонии куллии Украина фурсат дод, ки ин камбудиро ислоҳ кунад. Бо ҳамин сабаб баррасии ин қазия то фардо мавқуф гузошта шуд, гуфт вакил. Аз рӯи иттилои ӯ, аз ҳуқуқи Абдуллоҷонов се вакили дифоъ ҳимоят мекунанд. "Эҳтимолан, фардо дар нисбати ӯ қароре содир шавад", гуфт ин манбаъ дар сӯҳбати телефонӣ аз шаҳри Киев рӯзи 14 март. Ин ба он маъност, ки додгоҳ ё қарори озодшавии Абдуллоҷонов ва ё боздошти ӯро эълон мекунад. Дар сурати боздошташ, бояд додгоҳи истирдодии таслими Абдуллоҷонов ба Тоҷикистон баргузор шавад.

Ба иттилои вакили дифоъ, Абдумалик Абдуллоҷонов дар мурофиа дар ҳалқаи амниятӣ қарор дошт ва ҳақ надошт бо хабарнигорон сӯҳбат кунад.

Собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов рӯзи 5 феврал дар фурудгоҳи “Бориспол”-и канори шаҳри Киев бо дархости пулиси байналмилалии Интерпол боздошт шуд. Мақомоти Тоҷикистон аз Украина хостаанд, ки ӯро ба Душанбе истирдод кунанд. Бо қарори додгоҳи Украина ва то замони баррасии дархости истирдодаш Абдумалик Абдуллоҷонов барои 40 рӯз дар боздоштгоҳ хоҳад монд. Дар Тоҷикистон ӯро ба таъсиси гурӯҳи ҷиноӣ, куштор, талош барои ғасби ҳокимият ва дуздии моликияти давлатӣ айбдор мекунанд. Вале ба бовари худи Абдуллоҷонов, тамоми иттиҳомоти зидди ӯ ангезаи сиёсӣ дорад.

Дар сӯҳбаташ бо радиои Озодӣ 5 март вакили дифоъ Андрей Федур гуфт, ки санадҳои таъйидкунандаи мақоми паноҳандагии Абдуллоҷоновро дар ИМА ба додситонии кулли Украина таслим кардааст. Вай гуфт, тибқи қонунҳои Украина, ӯ наметавонад ба кишваре, ки дар он таваллуд шудааст, истирдод шавад. “Дар номае, ки ман бо имзои консули генералии ИМА дар Киев ба даст овардам, гуфта мешавад, ки Абдуллоҷонов дар таърихи 17 июни соли 1999 мақоми паноҳандагии ин кишварро дарёфт кардааст. ИМА собит кардааст, ки барояш чун як шахсе, ки барои дидгоҳҳои сиёсиаш таъқиб мешавад, ҳақи паноҳандагӣ дода шуд”, - гуфта буд ӯ.

Бо пуштибонӣ аз Абдуллоҷонов ва даъвати ҷилавгирӣ аз истирдод нашудани ӯ ба Тоҷикистон созмони Amnesty International ва Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон садо баланд кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG