Пайвандҳои дастрасӣ

Муди имсолаи зимистона ба Тоҷикистон аз Аврупо омадааст ва ба фарқ аз муди солҳои қаблӣ шинаму оддӣ ба назар мерасад ва орӣ аз ороишоти шарқӣ аст.

Ба фарқ аз кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон муди мавсимиро на тарроҳон, балки тоҷирон муайян мекунанд. Ин аст, ки муди зимистони имсола, ба қавли тоҷирон, асосан аз Аврупо омадааст ва ба фарқ аз муди солҳои пешин шинаму оддӣ ва орӣ аз ороишоти шарқӣ ба назар мерасад.

Ирина Муъминова, фурӯшандаи мағозаи либосҳои занонаи “Дошан” дар Душанбе, рӯзи 1 декабр ба Озодӣ гуфт, фурӯшгоҳи онҳо ҳар мавсим барои харидорон либосҳои истеҳсоли кишварҳои аврупоӣ ва Туркияро пешниҳод мекунад. Ба гуфтаи Муъминова, аксар харидорони мағозаи онҳо занҳои шаҳрнишин ҳастанд. "Сабки либосҳои зимистонии аврупоӣ, аз ҷумла англисӣ дар мо зиёданд ва барои занону духтарони синну соли гуногун тавсия мешавад. Махсус бо матоъҳои пашмин ва рангҳои чашмрас, ки дар ин мавсим серхаридоранд," -- афзуд ӯ.

Агар солҳои гузашта пайравони муд барои либоси шинам ва пойафзоли зебо ба даҳҳо дӯкону фурӯшгоҳ сар мезаданд, акнун либосҳои табъи дилашонро аз Интернет аз мағозаҳои онлайнӣ харидорӣ мекунанд.

Мудшиносон мегӯянд, арзиши либоси хубро пойафзоли хуб муайян мекунад. Аз ин рӯ, Ҳилола Акрамова, сокини 32-солаи пойтахт ҳам барои интихоби пойафзоли пошнабаланд ба маркази савдои “Душанбешаҳр” омадааст. Ҳилола имсол аз пайи пойафзоле мегардад, ки ранги рӯшан дошта бошад ва болопӯшашро комил кунад. Пойафзоле, ки Ҳилола мехоҳад харидорӣ кунад то 800 сомонӣ арзиш доранд: “Ин пойафзолро бо лисбоҳои классикӣ ва ҳам бо либосҳои аврупоӣ пӯшида метавонам. Лекин кӯшиш мекунам, ки либосу пойафзоли харидаи ман шинам, бароҳат ва аз ҳама муҳим зебо бошад”.

Ба фарқ аз занон, мардон камтар ба мӯд аҳамият медиҳанд. Сафаралӣ Юсуфов, як ҷавони тоҷик, ки барои харидории либоси зимистонӣ ба фурӯшгоҳи либосҳои мардона омадааст, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ба дунболи муд намеравад ва бештар мувофиқ ба касбу кораш либос харидорӣ мекунад. Зеро ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, чун ӯ соҳибкор ҳаст, бештар либосҳои варзишӣ ва ғайрирасмиро интихоб мекунад.

Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки на ҳама сокинонаш дар пайи муд ҳастанд ва таъсиси хонаҳои муд низ дар кишвар чандон роиҷ нест. Онҳое, ки аз пайи муд мераванд, афроди коргар ва шаҳрнишинанд. Вале аксари мардум вобаста ба ҷайби худ либос интихоб мекунанд.

Тоҷирони дӯконҳои вижа ва ё “бутикҳо” барои ин мавсим ҳанӯз аз фасли тирамоҳ омадагӣ дидаанд. Моли ин мағозаҳо бештар аз кишварҳои Туркияву Чин ворид шуда, ба фарқ аз бозорҳо нархи гарон доранд. Барои онҳое, ки як болопуши зимистонӣ харидорӣ мекунанд, аз 900 то 2000 ва барои як пойафзол то 800 сомонӣ лозим аст.

XS
SM
MD
LG