Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талошҳо барои боздошти 10 зани минасози узбакистонӣ дар Афғонистон


Мақомоти амниятии афғон мегӯянд, ки талошҳо барои боздошти 10 зани узбакистонӣ, ки гуфта мешавад дар сохтани минаҳо маҳорат доранд, дар вилояти Сарипули ин кишвар идома дорад.

Дар вилояти Сарипули Афғонистон талошҳо барои боздошти 10 зани узбакистонӣ, ки гуфта мешавад дар Покистон таълими сохтани минаҳоро дидаанд, ҷараён дорад.

Муҳаммадкозим Канъон, сухангӯи фармондеҳии амнияти вилояти Сарипул дар шимоли Афғонистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин занон шева ва усули сохтани минаҳоро дар Покистон омӯзиш дида ва дар ҳоли ҳозир машғули тамрини шуморе аз занон дар минтақаҳои дурдасти ин вилоят ҳастанд.

Сухангӯи фармондеҳи амниятии Сарипул гуфтааст, ки ин афрод як гурӯҳи даҳ нафарӣ ҳастанд ва дар рустои Заршоли вулусволии Куҳистонот фаъолият мебаранд. Ин манбаъ ҳамзамон таъкид кардааст, ки барои боздошти ин афрод, ниёз ба нерӯи ҳавоӣ доранд.

Ин нахустин бор аст, ки аз фаъолияти занон ба хотири густариши фаъолиятҳои ҷангӣ бо ин теъдод, гузориш дода мешавад. Занон дар ҷомеаи кунунии Афғонистон табақаи осебпазир мебошанд ва ба гуфтаи коршиносон, истифодаи абзорӣ аз онҳо дар ин росто, метавонад барои амнияти Афғонистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ ба ҳисоб ояд.

Манбаъҳои афғон ба кадом гурӯҳ тааллуқ доштани ин занон ишора накардаанд. Вале зоҳиран онҳо ба Ҳаракати исломии Узбакистон, ки ахиран дар шимоли Афғонистон ба сурати густурда фаъол шудааст, вобаста мебошанд.

Дар авоили моҳи ҷорӣ се фармондеҳи Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) дар як амалиёти шабонаи нерӯҳои афғон дар вилояти Бағлон кушта шуда буданд. Аз ин қабл, дар моҳи октябр ду раҳбари калидии "Ҷундуллоҳ" бар асари зарбаҳои ҳавоӣ кушта шуданд.

Хадамоти кашфи Афғонистон мегӯяд, ки Ҳаракати исломии Узбакистон дар Афғонистон бо номи "Ҷундуллоҳ" фаъолият мекунад. Дар Тоҷикистон ҳам чанд нафар ҳамчун аъзои гурӯҳи “Ҷундуллоҳ” боздошт шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG