Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо ё бе Бритониё? Шотландия - дар чорсӯ


U.K. -- Posters for and against Scotland's independence fly from a pole in Clydebank (Scotland referendum)

U.K. -- Posters for and against Scotland's independence fly from a pole in Clydebank (Scotland referendum)

Раъйпурсии рӯзи 18 сентябр дар мавриди мустақилияти Шотландия нафақат Бритониёи Кабир, балки кишварҳои дигари дучори хатари ҷудоиталабиро низ водор ба андеша кардааст.

Қарор аст, рӯзи 19-уми сентябр натиҷаҳои раъйпурсии сарнавиштсози Шотландияро эълон кунанд ва бигӯянд, ки ин кишвар дар ҳайати Бритониёи Кабир мемонад ва ё ҷудо гашта, кишвари комилан мустақил мешавад.

Натиҷаҳои назарсанҷиҳо қабл аз раъйдиҳӣ, нишон додаанд, ки 52 дар сади мардуми Шотландия тарафдори якҷо мондан бо Бритониёи Кабир ва 48 дар сад тарафдори истиқлол будаанд. Аммо 20 дар сади мардум гиҷ шуда ва намедонистаанд, ки ба саволи “Оё Шотландия кишвари мустақил бошад?” чӣ ҷавоб диҳанд?

Дар сурати раъйи мувофиқи мардум, музокироти ҷудо шудани Шотландия аз Бритониёи Кабир рӯзи 24-уми марти соли 2016 шурӯъ мешавад ва бо ҳамин иттиҳоди 307-солаи ду кишвар ба поён мерасад. Мумкин аст, ҷудоиталабон дар кишварҳои дигари ҷаҳон аз ин раъйпурсӣ илҳом бигиранд.

Алекс Салмонд

Алекс Салмонд

Алекс Салмонд, нахуствазири Шотландия ва раиси ҳизби миллӣ, ки тарафдори истиқлоли комил аст, пас аз раъйпурсӣ дар шаҳри Аберденшир гуфт: “Мо шанс дорем, иқтисоди ободтар ва ҷомеаи одилонатар бисозем. Ин як дурнамои зебое аст ва аз ин рӯ Шотландия бояд аз ин фурсат истифода барад. “

Девид Кемерон, нахуствазири Бритониё рӯзи 15 сентябр дар муроҷиати 11-соата ба мардуми Шотландия гуфт, дар сурати интихоби ҷудоии онҳо “бисёр дилшикаста” хоҳад шуд ва ҳушдор дод, ки баъди ин Шотландия дигар наметавонад, ба ҳайати Бритониёи Кабир шомил шавад.

Бо назардошти тафовути ками шумораи тарафдорону мухолифони истиқлоли Шотландия, раҳбарони сиёсии Бритониё бо муроҷиат ба мардум гуфтанд, ки дар сурати мондан, ба Шотландия мухторияти бештар медиҳанд. Раҳбарони се ҳизби умдаи Бритониё аз ҷумла Девид Кемерон ҳамроҳ ваъда доданд, ки агар Шотландия дар ҷудо нашавад, ба порлумонаш салоҳиятҳои бештар медиҳанд ва ҳам дар харҷу тақсими сарват, ҳукумати минтақа ҳаққи бештар хоҳад гирифт. Аммо тарафдорони истиқлоли Шотландия гуфтанд, ки ин ваъдаҳо як нишонаи ноумедии тарафдорони будан бо Бритониёи Кабир аст ва мумкин аст, ин ваъдаҳо иҷро нашаванд.

Дон МакЛеод, як муҳандиси шотландӣ, ки ба тарафдории истиқлол раъй додааст, мегӯяд: “Ба фикрам, сиёсати мо аз сиёсати Бритониё фарқ мекунад. Низоми мо агар сотсиалистӣ ҳам набошад, вале мо тарафдори баробарии бештар дар ҷомеа ҳастем ва намехоҳем, тафовут байни камбизоату сарватмандон чунин зиёд бошад.”

Аммо Каролин Никол, як сокини дигари Шотландия мегӯяд, ки мухолифи истиқлол раъй дод, зеро аз вазъи феълӣ хушнуд аст ва намехоҳад, ватанаш “қадами бузурге ба сӯи номаълумӣ” гузорад.

Девид Кемерон сахт дар андеша уфтодааст

Девид Кемерон сахт дар андеша уфтодааст

Дар сурати пирӯз омадани тарафдорони истиқлоли Шотландия, музокирот дар бораи масоили “хордор”-е пеш меояд, ба мисли ҳаққи истихроҷи нафт аз баҳри Шимолӣ, узвият дар Иттиҳодияи Аврупо ва ояндаи пойгоҳи киштиҳои атомии зериобии Бритониё, ки дар Шотландия ҷойгир аст. Алекс Салмонд гуфтааст, ки дар сурати ҷудоӣ, Шотландия пули Бритониё - фунт стерлинро нигаҳ хоҳад дошт.

Ҷудо шудани Шотландия барои бақияи Бритониёи Кабир низ мушкил эҷод мекунад ва аз ҷумла ин суол пеш меояд, ки Девид Кемерон, нахуствазир мемонад, ё не. Аз ҳоло даъватҳо барои додани салоҳиятҳои бештар ба Уэлс, як минтақаи дигари тобеи Бритониёи Кабир шунида мешавад. Раъйпурсии Шотландия дигар кишварҳои ҷаҳони дучори ҳаракатҳои ҷудоиталабиро низ ба андеша меандозад.

XS
SM
MD
LG