Пайвандҳои дастрасӣ

Бисёре аз овоздиҳандагон дар ҳамапурсии Шотландия ба истиқлоли ин сарзамин аз Бритониёи Кабир мухолифат кардаанд.

Беш аз 55 дарсади раъйдиҳандагон дар ҳамапурсии тақдирсози Шотландия, ки 18 сентябри соли ҷорӣ баргузор шуд, барои истиқлол ё ҷудоии ин сарзамин аз Бритониё посухи рад додаанд. Алекс Салмонд, нахуствазири Шотландия, ки раҳбари истиқлолталабон ба шумор меравад, шикастро пазируфтааст.

Аз ин пеш, натиҷаи назарсанҷиҳои ҷудогона ҳам нишон додаанд, ки 52 дарсади мардуми Шотландия тарафдори якҷо мондан бо Бритониёи Кабир буда, 48 дарсад тарафдори истиқлол ҳастанд.

Девид Кемерон, нахуствазири Бритониё, рӯзи 15 сентябр дар муроҷиати 11-соата ба мардуми Шотландия гуфта буд, дар сурати интихоби ҷудоии онҳо “бисёр дилшикаста” хоҳад шуд ва ҳушдор дод, баъд аз ин Шотландия дигар наметавонад, ба ҳайати Бритониёи Кабир шомил шавад. Шотландия 307 сол боз дар ҳайати Бритониёст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG