Пайвандҳои дастрасӣ

Ороиши нохун бо каждум ба мӯди нав дар Мексика табдил шудааст. Мардуме, ки ба намоишгоҳи ороиши нохун ба Текскоко дар наздикии пойтахти Мексика омаданд, бори аввал шоҳиди бо каждум зеботар кардани нохун гардиданд.

Дар шимоли Мексика каждумро барои шаклаш дӯст медоранд ва айни замон аз он метарсанд, чун солона ба 250 ҳазор нафар дар кишвар неш мезанад.

Ингуна ороиш як сол пеш ба мӯд даромад ва ҳоло талабгорони нохуни каждумӣ зиёд шудаанд ва омода ҳастанд, барои як ё дутои он то 3 доллар пардозанд. Лупита Гарсиа, ороишгари мексикоӣ, як сол пеш каждумчаспониро дар зодгоҳаш шаҳри Дуранго шурӯъ кард ва ороиши нави ӯ ба ҳадде маҳбуб шуд, ки ороишгоҳи худро боз кард.

Дар намоишгоҳи ороиши нохун, ки ҳафтаи гузашта шурӯъ шуд, рӯзона 20 нафар ба онҳо муроҷиат мекунанд. Телма Гарденас, ки дар часпондани каждумҳо моҳир шудааст, мегӯяд, ин ороиш барои ҳама нест. “Вокуниши баъзе мардум мусбат аст, ки мегӯянд, бисёр зебо ва ин ороиши ба ман маъқул аст. Албатта, дигарон ҳастанд, ки мегӯянд, ин як тамоюли ваҳшатнок ва безавқона аст. Моро ба бераҳмӣ нисбат ба ҷонварон муттаҳам мекунанд”, - гуфт ӯ.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Абигайл Лопес, яке аз муштариёнест, ки барои оро додани нохунаш бо каждум омадааст ва мегӯяд, аз мӯди нав хушаш меояд. Ӯ гуфт, “ороиш додани нохун бо каждум як тамоюл мешавад. Фикр мекунам, зебо ба назар мерасад. Дигаргуна, нав ва аз ҳар чизи дигар дӯстдоштанӣ аст.”

Дар Мексика аз каждумҳои калон ороишоти гуногун месозанд, вале бачаҳояшонро дур меандозанд. Лупита Гарсиа мегӯяд, намехост каждумбачаҳо талаф шаванд, аз ин рӯ, истифодаи онҳоро барои ороиши нохун пеш гирифт. Ба қавли ӯ, заҳри каждумҳо баъд аз марг нобуд мешавад ва хатар надоранд.

Дар шимоли Мексика каждумро барои шаклаш дӯст медоранд ва айни замон аз он метарсанд, чун солона ба 250 ҳазор нафар дар кишвар неш мезанад. Заҳри каждум барои инсон хатарнок аст ва метавонад, ӯро нафасгир карда кушад, вале истифодаи позаҳр ва муолиҷаи зуд, дарду таъсирашро рафъ мекунад. Дар ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон 1000 навъи каждум вуҷуд дорад, ки 50 навъи онҳо барои инсон хатарноканд.

XS
SM
MD
LG