Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эронро ба Созмони Шанхай роҳ надоданд


Сӯҳбати сарони кишварҳои узви Созмони Шанхай дар Тошканд
Сӯҳбати сарони кишварҳои узви Созмони Шанхай дар Тошканд

Бо вуҷуди талошҳо ва ташвиқҳои Русия, дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай Эронро ба узвияти ин созмони таҳти нуфузи Чин напазируфтанд.

Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки таҳти нуфузи Чин қарор дорад, рӯзи 23 июн дар нишасти саронаш дар қасри "Кӯксарой" дар канори Тошканд бо вуҷуди дархости Русия Эронро ба узвияташ напазируфт. Ин созмони амниятӣ барои ҳам Маскав ва ҳам Пекин ҳамчун василаи густариши нуфузашон дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ хидмат мекунад. Вале ба фарқ аз Русия, Чин дар мавриди ба ин созмон додани мавқеи шадидан зидди Ғарб истиҳола мекунад.

Эрон дер боз барои узвият дар Созмони Шанхай талош дорад ва Русия гуфт, ки азбаски таҳримоти Ғарб алайҳи Эрон сабуктар шудаанд, Теҳрон ҳам метавонад узви ин созмон шавад.

Бахтиёр Ҳакимов, намояндаи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар созмони Шанхай гуфт, “мавқеи Русия дар мавриди пуштибониаш аз шурӯи бидуни таъхири раванди пазируфтани узвияти Эрон рӯшан аст.” Ҳакимов гуфт, “усулан” касе ба ин пешниҳод мухолифат надорад, вале “бархе нукоти фаннӣ”, ки ҳаллашон замон мехоҳад, сабаби худдории аъзои Созмони Шанхай аз пазируфтани узвияти Эрон шудааст.

Эронро ба Созмони Шанхай роҳ надоданд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00
Линки мустақим

Дипломатҳои Чин, ки дар нишасти Тошканд ҳузур доранд, мавзӯъро шарҳ надоданд, вале вазири хориҷаи Чин Ванг Йи гуфт, Пекин мехоҳад пеш аз расидагӣ ба иқдомҳои дигар ба масъалаи пазируфтани узвияти Ҳинду Покистон, ки дар дастури кор қарор дорад, тамаркуз кунад.

Путин дар Тошканд
Путин дар Тошканд

Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Шанхай дар Тошканд рӯзи 23 июн оғоз ёфт ва 24 июн ҳам давом кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти рӯзи 24 июн низ дигарбора ба масъалаи узвияти Эрон баргашт ва гуфт, кадом монеае барои напазируфтани Теҳрон вуҷуд надорад. Путин гуфт, “Эрон ба ҳайси нозир дер боз ва хеле фаъолона дар кори созмон ширкат дорад. Аз соли 2005. Ба ақидаи ман, баъди ҳаллу фасл шудани мушкили ҳастаии Эрон ва лағви таҳримоти СММ ягон мониа барои баррасии мусбати дархости Эрон боқӣ намондааст.”

Путин ҳамзамон рӯзи 24 июн дар рӯзи дуюми нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Тошканд гуфт, Ҳинду Покистон дар соли 2017 метавонанд ба узвияти Созмони Шанхай бипайванданд. Раҳбари Русия гуфт, Деҳлии нав ва Исломобод “барои расидан ба мақоми кишвари узв бояд ҷавобгӯи тамоми талабот бошанд.” Ӯ изҳори умед кард, ки ин ду кишвар тамоми шартҳои узвиятро то нишасти ояндаи сарони кишварҳои узви Созмони Шанхай, ки моҳи июни соли 2017 дар Қазоқистон доир хоҳад шуд, иҷро хоҳанд кард.

Путин дар ин маврид гуфт: “Умедворем, ки шарикони мо метавонанд роҳи боқимондаро ҳаддалимкон зудтар, то мулоқоти навбатии мо дар Қазоқистон тай хоҳанд кард. Ҳамзамон бояд аз ҳоло ба шомил кардани Ҳинду Покистон ба ниҳодҳои кории Созмони ҳамкориҳои Шанхай, аз ҷумла ба Шӯрои сарвазирон ва нишастҳои мунтазами вазирони корҳои хориҷии ин созмон машғул шавем.”

Пешниҳоди Путин дар мавриди ба таъхир андохтани баррасии узвияти Ҳинду Покистон дар ҳолест, ки Чин баракс аз узвияти ин ду кишвари Осиёи Ҷанубӣ пуштибонӣ мекард ва қарор буд, дар нишасти рӯзи 24 июн Ҳинду Покистон расман ба узвияти Созмони ҳамкориҳои Шанхай қабул шаванд.

Дар нишасти рӯзи 24 июн, қарор аст, Ҳинду Покистон расман ба узвияти Созмони ҳамкориҳои Шанхай қабул шаванд.

Эрон ҳанӯз соли 2008 барои узвият дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дархости расмӣ додааст. Вале то кунун ин дархост ба далели таҳти таҳримоти байналмилалӣ қарор доштани Ҷумҳурии исломӣ баррасӣ намешуд.

Бахтиёр Ҳакимов, намояндаи Путин дар созмони Шанхай мӯътақид аст, ки аъзои ин созмон дар ниҳоят номзадии Эронро ҳам хоҳанд пазируфт. Ӯ бо ишора ба ин ки қарорҳо дар бораи ба ин созмон пазируфтани аъзои ҷадид танҳо бо иттифоқи оро қабул мешаванд, гуфт, “ин дафъа мо натавонистем бо ҳамкорони худ ба тавофуқ бирасем, вале кор идома дорад.”

Рамзи Созмони Шанхай
Рамзи Созмони Шанхай

​ Фиристодаи Путин мушаххасан аз кишварҳои мухолифи номзадии Эрон ном набурд. Вале ба ҷуз аз Русия, то кунун, бахусус дар аҳди раёсатҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинажод, Тоҷикистон дар ҷумлаи кишварҳое буд, ки аз узвияти Эрон дар Созмони Шанхай ҳимоят мекарданд.

Созмони Шанхай Чину Русия, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистону Тоҷикистонро муттаҳид мекунад. Афғонистон, Беларус, Эрон, Муғулистон ва Ҳинду Покистон дар ин созмон мақоми кишвари нозирро доранд.

Созмони Ҳамкориҳои Шанхай соли 1996 ибтидо бо номи “Панҷгонаи Шанхай” ва он ҳам дар оғоз танҳо барои ҳалли баҳсҳои марзии Чин бо кишварҳои пасошӯравӣ – Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ташкил ёфт. Ин кишварҳо то соли 2001 аз тариқи ироаи бахше аз қаламравҳои худ баҳсҳои марзиашон бо Пекинро нуқта гузоштанд.

Дар соли 2001 бо пайвастани Узбакистон, нахустин кишваре, ки бо Чин марзи мустақим ва табъан ягон мушкили марзӣ надошт, “Панҷгонаи Шанхай” ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай табдили ном кард. Соли 2004 Муғулистон, соле баъд аз он Покистону Ҳинду Эрон ва дар соли 2012 Афғонистон дар Созмони Шанхай соҳиби мақоми нозир шуданд.

Қаламрави кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар ҳоли ҳозир 34 миллион километри мураббаъ, ё тақрибан 60 дарсади ҳудуди АвроОсиёро ташкил дода, дар ин маҳдуда ҳудуди 2 миллиард нафар ба сар мебаранд. Бо пайвастани Ҳинду Покистон масоҳати Созмони Шанхай ба 38 миллион километри мураббаъ ва шумори аҳолии кишварҳои узваш ба 3,5 миллиард нафар хоҳад расид.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Тошканд қарор дорад, дар ҳошияи нишасти сарони Созмони Шанхай бо ҳамтои узбакаш Ислом Каримов ва ҳамчунин бо раиси Ҷумҳурии Чин Си Ҷинпинг мулоқотҳо алоҳида барпо кард. Тавофуқоти бадастомада дар мулоқоти Раҳмон бо Каримов ҳанӯз расонаӣ нашудааст, вале дар дидор бо раҳбари Чин аз ҷумла изҳори умедворӣ шудааст, ки Тоҷикистону Чин метавонанд ҳаҷми табодули молу маҳсулоташонро дар соли 2020 ба 3 миллиард доллар бирасонанд.

XS
SM
MD
LG