Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хонандагони мактабҳои ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон синфхонахои сарди худро дар зимистони соли таҳсили 2014/2015 бо “супер-тапак” гарм мекунанд.

Сокинони Тоҷикистон зоҳиран пешниҳоди Бонки ҷаҳониро пазируфта ва ба захира кардани тапак шурӯъ кардаанд. Дар ноҳияи Ёвон, аз ҷумла тасмим гирифта шудааст, ки дар навбати аввал мактабҳо бо чунин мавод таъмин шаванд. Дар ҳоле ки Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши садсаҳифагии худ дар моҳи июли соли равон тапакро “беҳтарин навъи сӯзишворӣ” барои Тоҷикистон номида буд, дар ин ҷо ба яке аз навъҳои пешрафтаи он тамаркуз кардаанд, ки “супер-тапак” ном дорад.

Масъулони таҳияи захираи “супер-тапак” дар ноҳияи Ёвон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин навъи сӯзишворӣ аз тапаки одӣ фарқ дорад, зеро гармии хеле зиёд ва дуди хеле кам медиҳад.

Ҳамон гуна ки тамоми ихтироъ ва кашфиётҳои нодири ҷаҳон тасодуфан рӯй медиҳанд, кашфи “супер-тапак” замоне иттифоқ афтод, ки занон тӯдаҳои ангишти куҳнаеро диданд, ки дар анборҳои мактаб аз солҳои пеш бекор хобидааст. Омехтани он бо саргини гову гусфанд “супер-тапак”-ро ба миён овард. Хокаи ангишт ба танҳоӣ намесӯзад ва тапак дар танҳоӣ гармии зиёд намедиҳад ва дуд мекунад. “Супер-тапак” ҳамаи ин мушкилотро ҳал кард.

Исломиддин Нарсов, мудири идораи маориф ва илми ноҳияи Ёвон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, маъмурияти мактабҳо ҷаъмоварии ин сузишвориро бо ташаббуси кумитаи падару модарон дар ин ноҳия ба роҳ мондаанд: “Аз хоҷагиҳои чорводор саргини гов ё поруро меоранд ва бо хокаи ангиште, ки намесӯхт, омехта якҷоя карда тапак мекунад, ки ин кор ҳоло идома дорад. Дар ноҳия пайдо кардани саргини гов мушкил нест, чун баъзе аз мансабдорон инҷо ширкатҳои чорводорӣ доранд ва мо аз онҳо истифода мекунем.

Бино ба иттилои расмӣ, дар ноҳияи Ёвон кумитаи падару модарон низ саргарми ҷамъоварии “супер-тапак” аз хонаҳо баро мактабҳо ҳастанд. Вале занону духтарон ин гуна тапакро аз аввалҳои моҳи май то охирҳои тобистон омода мекардаанд ва танҳо дар поёни маъракаи ҷамъоварии тапак аниқ хоҳад шуд, ки чанд дона ё тоннаи он дар мактабҳо тақсим шудааст. Ҳамчунин худи мактабҳо низ бо истифода аз нерӯи фаррошону боғбонҳо ё посбонҳои мактаб ба таҳияи тапак машғул будаанд.

Дар деҳоти Тоҷикистон тапакро ба далели набуди ангишт ва ҳезум фаровон истифода мекунанд ва бо вуҷуди инки тапак аз ҳезуму ангишт арзон мебошад ҷамъоварӣ ва истифодааш низ дар мактабҳо ба роҳ монда шудааст.

Усмоналӣ, як сокини ноҳияи Ёвон мегӯяд, ки се фарзандаш дар як мактаби ин ноҳия таҳсил мекунанд. Ӯ аз ташаббуси бо тапак гарм кардани мактабҳо пуштибонӣ мекунад, чунки, мегӯяд ҳамсӯҳбати мо, дар чунин сурат фарзандони мардум метавонанд дар синфхонаоҳи гарм таҳсил кунанд.

Робия Саидова, мудири мактаби шумораи 7 дар ноҳияи Ёвон мегӯяд, ки онҳо барои замистон як миқдор “супер-тапак” захира кардаанд, вале шояд боз ҳам як миқдори дигар харидорӣ кунанд: “Мо поруро худамон харидорӣ карда, дар саҳни мактаб фаррошҳо тапак карда буданд ва боз мехоҳем, ки тапаки тайёрро харидорӣ намоем, ки дар замистон ба мушкил дучор нашавем.

Ин видеои Озодӣ моҳи июл дар пайи нашри гузориши Бонки ҷаҳонӣ дар бораи аҳамияти тапак барои мардум дар Тоҷикистон таҳия шуда буд:

Мудирони чанд мактаб гуфтанд, ки як тележка саргини чорво, ки аксаран аз ширкати чорводории “Баракати Ёвон“ харидорӣ мешавад, камаш 100 сомонӣ нарх дорад ва донаи тапаки одӣ аз 5 то 10 ва “супер-тапак” аз 15 то 25 дирам арзиш доштааст.

Ноҳияи Ёвон аз ноҳияҳое дар ҷануби Тоҷикистон мебошад, ки дорои чандин корхонаи саноатист, аммо замистон аз набуди нерӯи барқ ва дигар хелҳои сӯзишворӣ сокинонаш аз сардӣ ранҷ мекашанд.

Ҷамъоварии тапак дар Ёвон дар ҳоле идома дорад, ки масъулони ҳукумати ноҳия мегӯянд, ки ҳамаи мактабҳо бо сӯзишвории мавсими зимистон таъмин шудаанд. Сайфулло Лутфуллоев, як масъули идораи маориф ва илми вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар вилоят 1306 муассисаи таълимӣ мавҷуд аст, ки 99 дарсад ба фасли сармо омода шудаанд.
Айни видео дар Ютюб

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG