Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, ҷумъаи 7-уми июн дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии Тоҷикистон «Занги камолот» садо дод.

Вазорати маорифи ҷумҳурӣ хабар додааст, ки ин маросим дар тамоми мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии кишвар аз соати 8:00 –и субҳи 7 июн шуруъ гардида, 45-дақиқа идома кард.

Вазорати маориф гуфтааст, дар рӯзи «Занги камолот» ҷамъ кардани маблағ барои оростани зиёфат, хусусан дар тарабхонаҳо, тақдими туҳфаҳо, ба бар кардани лентаи сурх, сайругашт бо мошинҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аз сӯи хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ қатъиян манъ шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати маорифи Тоҷикистон, дар ин кишвар 3 ҳазору 816 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ вуҷуд дорад, ки дар он 1 миллиону 700 ҳазор шогирд бо таҳсил фаро гирифта шудаанд. Соли ҷорӣ мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии кишварро 111 ҳазору 486 нафар хатм менамояд, ки аз он 41 ҳазору 854 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд.




Маросими “Занги охир» дар макотиби ҳамагонии Тоҷикистон соли гузашта рӯзи 25-уми май ва соли 2011 дар таърихи 30-юми июн - як моҳ баъд аз рӯзи маъмулӣ садо дода буд.

Чанд соли пеш дар Тоҷикистон, бахусус дар шаҳри Душанбе, «Занги охир» бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор мешуд. Хатмкунандагон сароғоз бо ширкати овозхонону раққосаҳо дар мактаб базм барпо менамуданд ва баъди хатми он ба кӯчаҳои шаҳр мерехтанд. Аз кӯчаҳои шаҳр ҷашн ба тарабхонаҳо ва ҳатто сайр ба берун аз шаҳр мекӯчид. Ҳазинаи ин ҷашн ба ҳазорҳо доллар мерасид, ки аз ҳисоби волидайни хонандагон пардохта мешуд.

Дар соли 2007 бо фармони вазири маорифи Тоҷикистон гузаронидани чорабинии “Занги охир” қатъиян манъ гардид. Тибқи ҳамин фармони вазири маориф, дар макотиб ташкил намудани хӯрокҳо ва ҳамагуна чорабиние, ки аз ҷониби хонандагон сурат мегирад, мамнӯъ гашт.

Фармони вазорати маориф дар пайи интиқоди раисҷумҳури Тоҷикистон аз таҷлили бошукӯҳу серхароҷоти ин ҷашну анъанаҳо дар макотиби миёна содир гардид. Гуфта мешавад, як сабаби дигар барои манъи ин чорабиниҳо ҳалокати чаҳор хатмкунанда дар як садамае дар роҳи Қалъаи Ҳисор буд. Дар соли 2009 баргузории шабнишиниҳо ва сайёҳатҳои бахшида ба хатми мактаб низ манъ шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG