Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даҳҳо наврас дар шаҳр ва атрофи Кӯлоб таътили тобистонаи худро бо хиштрезӣ мегузаронанд, то дар оғози соли хониш сарбории падару модар нашаванд ва ҳади ақал либосҳои мактабиро худашон харидорӣ кунанд.

Дар шаҳри Кӯлоб ва атрофи он гурӯҳҳои алоҳидаи наврасон, ки ҳар яке то панҷ коргар дорад, дар талу теппаҳо бо истифода аз хоки бепул, ҳар гурӯҳ дар рӯз то 500 дона хишт мерезад. Аммо онҳое, ки дар маҳаллаҳои дохили шаҳри Кӯлоб хиштрезӣ мекунанд, ҳар мошин хокро то 200 сомонӣ мехаранд. Харидорони аслии хишти талабаҳо хонаводаҳои муҳоҷирони меҳнатианд, ки барои бунёди манзил ба наздикони худ пул мефиристанд.

Фирдавси Ҷалил, хонандаи синфи 11-и мактаби рақами 12-и деҳаи Сангпари Кӯлоб аз ҷумлаи наврасонест, ки се сол боз таътили тобистонаи худро бо хиштрезӣ мегузаронад ва ҳар сол аз ин ҳисоб то 3 ҳазор сомонӣ даромад мегирад. Фирдавс мегӯяд, ки ҳар хишти рехтаи ӯ аз 40 то 50 дирам арзиш дорад. “Барои гузаронидани рӯзгор кор мекунем. Ҳоло ҳамроҳи рафиқонамон дар як рӯз қариб 500 дона хишт мезанем. Дар баробари ин боз ба деҳқонӣ машғулем ва аз пули ҷамъ кардаи худ каме ба хона ва барои соли хониши худамон либоси мактабӣ харидорӣ мекунем» - мегӯяд Фирдавс.

Фирдавс танҳо наврасе нест, ки таътили тобистонаи худро бо хиштрезӣ мегузаронад. Ба мисли Фирдавс даҳҳо наврас дар канораҳои шаҳри Кӯлоб ба хиштрезӣ шом мекунанд. Хиштрезӣ дар минтақаи Кӯлоб аз моҳи май шурӯъ мешавад ва то моҳи август идома мекунад. Ба ҳисоби миёна ин кӯдакон дар ду моҳ то 5 ҳазор хишт таҳиякарда ба фурӯш мегузоранд.

Дӯстмурод Гадоев, хонандаи синфи 9-уми мактаби рақами 12-и Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, дар панҷ рӯз 500 дона хишт рехтааст. Ба гуфтаи Дӯстмурод, ӯ рӯзгорашро аз пушти хиштҳои фурӯхтааш мегузаронад. Ӯ мегӯяд, падару модар надорад ва барои пеш бурдани рӯзгори оила аз синфи 4-ум хишрезӣ мекунад. Ӯ ҳамроҳ бо модарбузургаш зиндагӣ мекунад: «Ман танҳо дар як рӯз сад дона хишт мезанам. Ин кори вазнин аст, аммо ман падару модар надорам, аз хотире, ки дар оянда роҳзан ва дузд нашавам аз он беҳтар, ки хишт зада ба фурӯш гузораму зиндагиро пеш барам.»

Хиштрезии теъдоди зиёди хонандагони макотиби миёна дар фасли тобистон дар ҳолест, ки то кунун аз 43 ҳазор хонанда дар ин шаҳр, ҳудуди 500 тани онҳо ба лагеру истироҳатгоҳҳо ҷалб шудаанд. Пирмурод Сабуров, мудири маорифии шаҳри Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷалб нашудани хонандагони макотиби шаҳр ба истироҳатгоҳҳо аз набуании лагерҳо дар ҳудуди шаҳр аст. Ба гуфтаи ҷаноби Сабуров,дар минтақаи Кӯлоб ягона лагери «Бешаи сабз» фаъолият мекунад, ки он ҳам дар се баст 120 нафар кӯдаконро қабул мекунад.

Сарвиноз Холова, омӯзгорӣ фанни забони тоҷиқӣ гуфт, дар замони шӯравӣ кӯдаконе, ки ба лагер ҷалб намешуданд, истироҳати онҳо дар мактабҳо сипарӣ мешуд. Ба гуфтаи хонум Холоваҳоло кӯдакон истироҳати худро бештар ба коҳкашонӣ, хиштзанӣ ва нигоҳубини гову мол мегузаронанд.Хишти рехтаи мактаббачагон харидори зиёд дорад. Ҷамшед Нуров, сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, соли гузашта хона бунёд карда буд ва маҳз аз хишти рехтаи ин наврасон истифода кардааст: «Соли гузашта ман 14 ҳазор хишт харидорӣ намуда ва хона бунёд кардам, ки бештари онро кӯдакон бо нархи 25 ва 30 дирам рехта буданд. Аслан ҳоло аз калонҳо дида дар рехтани хишт кӯдакон фаъоланд. Имсол хиштзанҳои кӯдак низ бисёр шудааст, ки сабабаш боло рафтани нархи хишт мебошад.»

Зимнан, хишти лойӣ ё хишти хом аз он лиҳоз дар Кӯлоб серхаридор аст, ки танҳо корхонаи хишти пухтаи ин шаҳр ба таври пурра кор намекунад ва сокинон маҷбуранд бо хишти лойӣ хона бисозанд. Норасоии гази табиӣ аз сабаби аслии фаъол набудани ягона корхонаи хишти Кӯлоб аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG