Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

14 километр "пиёдагардӣ" барои ҳар рӯзи таҳсил (ВИДЕО)


Сӯҳроб Ятимов ва Зокир Муродов.

Сӯҳроб Ятимов ва Зокир Муродов.

Мактаббачаҳои деҳаи Чилтории ҷамоати деҳоти Сарихосор ҳар рӯз барои дарс хондан дар мактаб 7 километр роҳро тай мекунанд. Аммо дар рӯзҳои борон ё барф онҳо аз мактаб меҳрум мемонанд.

Ин наврасон ҳамон қадар роҳеро пиёда мераванд, ки дар ин муддат сокинон бо мошин аз Душанбе то Кӯлоб мерасанд. Сабаб дар он аст, ки ин кӯдакон дар деҳаи худ мактаб надоранд.

Сӯҳроб Ятимов, як хонандаи ҳафтсолаи деҳоти Чилтории ҷамоати Сарихосори ноҳияи Балҷувон мегӯяд, онҳо соатҳо аз талу теппаҳо гузашта ҳафт километр роҳро пои пиёда ба мактаби воқеъ дар деҳаи Дошмандӣ мераванд. Ин наврас мегӯяд, мисли ӯ панҷ ҳамсоли дигараш рӯзашонро бо рафтуомад дар роҳ бегоҳ мекунанд.

Рафту омад барои кӯдакони деҳаи Чилтории ҷамоати Сарихосор як одати маъмулӣ шудааст. Онҳо аз хона бо либоси хонагӣ берун мешаванд ва ин либосро дар мактаб бо формаи дарсӣ иваз мекунанд. Онҳо мегӯянд роҳ тоза нест ва то расидан ба мактаб олудаи хоку лой мешаванд.

Зокир Муродов, як хонандаи 10-сола аз деҳкадаи Чилмандӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар тӯли чаҳор сол, ки пиёда ба мактаб мераваду бармегардад, эҳтимолан садҳо километрро тай кардааст. Ӯ мегӯяд, ки ба ин шеваи зиндагӣ одат кардааст.

«Мо дар мактабамон, забони русӣ, тоҷикӣ, суруд, математика, табиатшиносӣ ва тарбияи ҷисмонӣ меомӯзем,» -- мегӯяд Зокир Муродов.

Деҳаи Чилмандӣ дар даҳкилометрии ҷамоати Сарихосор ҷойгир буда, то расидан ба ин деҳа бояд ду рӯдхонаи кӯчакро убур кунед. Дар он сӯи рӯдхона ҳудуди 20 хоҷагӣ ба сар мебарад.

Ҳасан Ҷангиев, раиси ҷамоати деҳоти Сари Хосор рӯзи душанбеи 27 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, аз мушкили кӯдакони Чилторӣ гуфт, баъзе рӯзҳо вақте борон меборад ва рӯдхонаҳо пур мешаванд, кӯдакон он рӯзҳо ба дарс намераванд, зеро наметавонанд аз рӯдхонаҳо гузаранд.

Ҳасан Ҷангиев

Ҳасан Ҷангиев

Ҷаноби Ҷангиев афзуд: «Роҳ нест. Кӯдакон доимо дар азобанд. Рӯзҳои бориш кӯдакон дар хонаводаи хешовандонашон дар Дошмандӣ мемонанд. Ба ғайри кӯдакони Чилториву Чилмандӣ боз хонандагони Дашти Гулуко ҳам ба ин мактаб меоянд. Онҳо ҳам 7-8 километр роҳро тай карда ба мактаб меоянд. Хуллас кӯдакони се деҳа роҳҳои дуру дарозро тай мекунанд.»

Ҷамоати Сари Хосор дар 35-километрии Балҷувон ҷойгир буда, 35 деҳа, 15 мактаб, 1 маркази саломатӣ ва 3 бунгоҳи тиббӣ дорад, ки ба 6029 нафар хизмат мерсонанд.

Аминулло Рақибов, мудири мактаби №15 деҳаи Дошмандӣ дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, аз Чилторӣ 6 кӯдак дар ин мактаб таҳсил мекунанд, ки ба иллати дурии роҳ дарси онҳо баъди нисфирӯзӣ сар мешавад. Ба гуфтаи мудир кӯдакон бештар ба дарсҳо дер мемонанд ва куллан баъзе дарсҳоро омӯхта наметавонанд. Ӯ мегӯяд, талабаҳои синфҳои аввал бисёр вақт дар дарсҳо иштирок намекунанд.

«Онҳо кӯдаканд ва ҳафт километр роҳ ба даҳон осон аст. Хаста мешавад ва дар роҳ оҳиста-оҳиста меоянд барои ҳамин дер мемонанд. Боз замми ин либосҳояшон дар дасташон ҳаст. Мушкили хеле калон аст, дар зимистон куллан онҳо аз дарс қафо мемонанд,» -- гуфт мусоҳиби мо.

Сар аз соли 2012 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон бунёди роҳи ҷамоати Сари Хосор оғоз гардида, то кунун 12 километри он таъмир шудааст. Барои бунёди 12 километр роҳ се миллион сомонӣ сарф шудааст. Сари Хосор дар ҷануби Тоҷикистон, дар 190-километрии Душанбе, пойтахти кишвар ҷойгир аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG