Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чанд сомонӣ зарур аст, ки кӯдакон ба мактаб раванд? (ВИДЕО)


Дафтару қалам, ҷузвдон ва, албатта, либоси мактабӣ қабл аз оғози соли таҳсил аз маҳсулоти пурхаридори бозорҳои кишвар ҳастанд.

Бархе аз сокинон барои фарзандони мактабхони худ чанд ҷуфт либос мехаранд, вале бисёриҳо кӯшиш мекунанд, ки пулашонро сарфа намоянд. Чунки нархи ҷиҳози аз ҳама оддии мактабӣ иборат аз шиму костюм, чанд ҷуфт курта, галстук ва ҷузвдон то 80 доллар хароҷот дорад. Дар ҳоле ки маоши миёнаи сокинон аз 150 доллар боло нест.

Баъзе аз мактаббачаҳо худашон талош мекунанд, ки дар вақти таътил бо аробакашӣ, ҷамъоварии зарфҳои пластикӣ ва шустани мошинҳо пул кор карда, барои худ либоси мактабӣ харанд.

Саодат, яке аз фурӯшандаҳои бозори пойтахт, низ гуфт, ки ҳоло буҳрони молӣ аст ва одамон пули зиёд надоранду бозори тиҷорат ҳам он қадар гарм нест.

Ҳарчанд фурӯши дафтару қалам кам нашудааст, аммо дар хариди либоси мактабӣ муштариён сарфакор шудаанд ва баъзан либосҳои ширкатҳои хориҷиро мехаранд, ки гаронтар ҳастанд. Хариди либоси мактабӣ ногузир аст ва сокинон барои арзонтар пайдо кардани либос на ба бозор, балки рост ба коргоҳи истеҳсоли либоси мактабӣ мераванд.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Дар Тоҷикистон бозори либоси мактабӣ зери назорати шадид гирифта шудааст. Бар асоси қарори ҳукумат аз ин ба баъд ҳамаи либоси мактабие, ки аз хориҷа ворид мешавад, бояд аз санҷиши ҷиддии сифат гузарад. Мақомот мегӯянд, ки аз ин тариқ натанҳо саломатии сокинон, балки манфиати истеҳсолкунандагони ватаниро низ ҳимоят хоҳанд кард.

Санҷиши сифати молҳо тоҷиронро водор мекунад, ки аз хориҷа молҳои нисбатан гарон ва босифатро ворид кунанд. Аз ин вазъият, албатта, истеҳсолкунадагони маҳаллӣ низ истифода бурда, қисмати зиёди бозорро аз худ кардаанд.

Абдумавлон Абдуллоев, муовини мудири кулли корхонаи нассоҷии тоҷик гуфт, дар ҳоли ҳозир аз 80 то 100 ҳазор хонандаро бо либоси мактабӣ таъмин мекунанд. “Ҳар падару модаре, ки ба фурӯшгоҳи назди корхона меояд, рақами мактаби фарзандашро мегӯяд ва ӯро ба назди бастаи либосҳое мефиристанд, ки ҳамон мактаб фармоиш додааст,” – гуфт ӯ.

Зиёда, як сокини Душанбе, либоси мактабиро барои кӯдаконаш дар мағозаи назди корхонаи нассоҷии тоҷик мехарад. Ӯ мегӯяд, ки дар ду сол сифати молҳои истеҳсолшаванда дар инҷо беҳтар шудаанд.

Пас аз чораҳои шадиди ҳукумат даҳҳо мактаб бо корхонаҳои таҳияи либос бевосита шартнома бастаанд. Ҳар мактаб имкон дорад, ки тарҳи хоси либоси хонандагонашро интихоб кунад, вале дар ин сурат волидон муваззафанд, ҳатман аз ин либос бихаранд. Истеҳсолкунандагони либос мегӯянд, маҳз фармоишҳои дастҷамъӣ имкон додаанд, ки нархи либос арзон шавад.

Аммо дар фурӯшгоҳи назди коргоҳи дӯзандагӣ низ на ҳама имкони харидани либосро доранд. Хусусан оилаҳои серфазанде, ки дар деҳаҳои дурдасти куҳистон ба сар мебаранд.

Бино ба иттилои вазири саноат ва технологияҳои навин, имсол дар моҳи август корхонаҳои кишвар 300 ҳазор либоси мактабӣ таҳия ва пешниҳоди мактаббачаҳо кардаанд. Мақомот бо бовар мегӯяд, ки имсол сифати либосҳои мактабии ширкатҳои ватанӣ ба фарқ аз солҳои пеш беҳтар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG