Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи ҷиноии Дилбар Гургова қатъ шуд (ВИДЕО)


Дилбар Гургова
Дилбар Гургова

Додгоҳи Шоҳмансури шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноии Дилбар Гургова – ҳамсари Амонулло Нуров – яке аз ёрони Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифои Тоҷикистонро қатъ кард. Қаблан Гургова бар асоси моддаи 164-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нуҳсола)" муттаҳам шуда, барояш пардохти аз 4 то 5 ҳазор сомонӣ ҷарима ё то ду соли зиндон таҳдид мекард.

Даврон Назарзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур, 28 июн гуфт, қатъи парвандаи Дилбар Гургова дар пайи пушаймонӣ ва дубора ба таҳсил ҷалб шудани фарзандони ӯ гирифта шудааст. Вай гуфт, "бо сабаби тағйир ёфтани вазъият ва ба таҳсил ҷалб шудани фарзандони Гургова дар ин муддат, дигар ҳоҷат барои ба ҷавобгарӣ кашидан ё ҷаримабандии ӯ намонд."

Дилбар Гургова соҳиби панҷ фарзанд буда, ду нафари онҳо - Худоёр Нурови 12-сола ва Аслиддин Нурови 11-сола дар мактаб мехонанд.

Парвандаи Дилбар Гургова қатъ шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Баҳси мақомот бо Дилбар Гургова баъди як суҳбати видеоии ӯ дар моҳи марти соли ҷорӣ оғоз ёфт, ки гуфта буд, баъди боздошти шавҳараш Амонулло Нуров зиндагии сахту сангине дорад ва ба далели надоштани пул аз уҳдаи хӯрондану пӯшондан ва таҳсили фарзандонаш намебарояд. Ба ин далел ӯ тасмим дошт, ки онҳоро ба ятимхонаҳо супурад. Амонулло Нуров барои даст доштан дар ошӯби моҳи сентябри соли гузашта боздошт ва ахиран бо қарори Додгоҳи олӣ ба 23 соли зиндон маҳкум шудааст.

Ба гуфтаи Гургова, ду фарзандаш, ки яке дар синфи 4 ва дигари 5 мехонд, ба далели бепулӣ то дари мактаб мерафтанд, вале аз тарсу шарм вориди синфхона намешуданд. Аммо мақомот бар асоси нишондоди шоҳидон ва он ҳам омӯзгорони мактаби рақами 48-и ноҳияи Шоҳмансур Гурговаро барои монеъ шудан ба таҳсили фарзандон ва ҷалби онҳо ба кори сиёҳ дар бозор муттаҳам медонистанд.

Яке аз фарзандони Дилбар Гургова
Яке аз фарзандони Дилбар Гургова

Ин модари панҷ фарзанд рӯзи 28 июн дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, аз аввал ҳеч гуноҳ надошт ва аз ин қарори додгоҳ истиқбол мекунад: "Ягон модар намехоҳад, ки фарзандаш бемаълумот монад. Танҳо гуноҳи мо ин буд, ки ба далели надоштани пул натавониста будем шароити таҳсили фарзандонро муҳайё кунем. Мактаб мерафтанд, муаллимон ҷанг мекарданд, кӯдакон на либос доштанду на шароит," - гуфт ӯ.

Баҳси додгоҳии Дилбар Гургова ду моҳ идома дошт. Гургова мегӯяд, ӯ тамоми ин муддат, дар мурофиаҳои додгоҳӣ бидуни вакили дифоъ иштирок мекард. Дар ин муддат, ки вақти бештари ин модар дар додгоҳ сипарӣ мешуд ва қариб дар ҷое кор намекард, баъзе аз афрод дар пешбурди зиндагияш ёрӣ мекардаанд. "Баъди расонаӣ шудани ин қазия бисёриҳо занг мезананд ва кумак мекунанд. Иззат Амон аз Русия ҳар моҳ бароямон 1000 сомонӣ кумакпулӣ мефиристад. Ҳоло аз ҳамин ҳисоб зиндагӣ дорем. Аз ҳисоби ин кумакҳо мо тавонистем барои фарзандон либоси мактабӣ харида, пули таҳсилашонро пардохт намоем,” - афзуд Гургова.

Шавҳари Дилбар Гургова, ки беш аз 9 моҳ боз дар маҳбас аст, қаблан ба ҳайси ронанда кор карда, барои қисмҳои низомии Вазорати дифоъ маҳсулоти ғизоӣ мекашондааст. Ӯ шаби 3 ба 4 сентябри соли 2015 барои бурда расондани одамони Ҳоҷӣ Ҳалим аз сӯи аъзои гурӯҳи ин генерал даъват мешавад. Амонулло Нуров, ҳамсари Дилбар Гургова, ҳоло бар асоси қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон барои даст доштан дар ошӯби моҳи сентябри соли гузашта ба 23 соли зиндон маҳкум шудааст.

Бинои додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур
Бинои додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур

Ҳоло Дилбар Гургова дигар нияти ба тарбияи мактаб-интернат гузоштани фарзандони худро надорад ва мегӯяд, талош мекунад, фарзандонаш аз мактаб дур намонанд. Фақат ӯ мехоҳад дар ин кор мактаб ва омӯзгорон ҳам то ба охир барояш кумак карда, вазъи ӯро хуб дарк намоянд.

Дар зимн, баъди расонаӣ шудани қазияи Дилбар Гургова, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак ҳам ба сарнавишти ӯ таваҷҷӯҳ ва бо ӯ мулоқот кардааст. Бо ирсоли санаде дар бораи ба таҳсил ҷалб шудани фарзандони ӯ ваколатдори ҳуқуқи кӯдак ҳам дар мурофиаи додгоҳӣ аз ҳаққи Гургова ҳимоят кардааст.

Додраси парванда Даврон Назарзода ҳам дар охири мурофиаи додгоҳӣ ба Дилбар Гургова таъкид кард, ки аз ин ба баъд ба ҳеч ваҷҳ нагузорад, ки фарзандонаш аз таҳсил дур монанд. Ба ӯ гуфта шуд, дар сурати эҷод шудани мушкиле аз ҷониби омӯзгорон ё мактаб, ӯ бояд бо муроҷиат ба масъулини маориф барои ҳаққи фарзандон талош кунад.

Баҳси додгоҳии Дилбар Гургова баъди ин суҳбаташ оғоз ёфт:

Оилаи як узви гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим: 5 фарзандамро ба интернат медиҳам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:05 0:00

XS
SM
MD
LG