Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ҳанӯз се китоби ваъдагии худ -- "Таърихи дин", "Маърифати оиладорӣ" ва "География"-ро нашр накарда, ба ҷои онҳо ба хонандагон рӯзномаи "Омӯзгор" медиҳад.

Аз замони шурӯи соли хониш Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар мактабҳои ҳамагонии кишвар ба ҷои се китоби ваъдагии “Таърихи дин”, “Маърифати оиладорӣ” ва “География” аз нашрияи “Омӯзгор” истифода мекунад. Як манбаъ аз дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон 8 октябр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, бинобар таъхир дар нашри китоби “Таърихи дин” барои синфи 9, “Маърифати оила” ва “География” барои синфи 10 дар дарсҳо нашрияи “Омӯзгор” қироат мешавад.

Тавре ин манбаъ мегӯяд, бар асоси нақша мебоист то оғози соли хониш ин се китоби дарсӣ ба дасти хонандагон мерасид, вале табъу нашрашон бо сабабҳои то ҳол норӯшан ба таъвиқ афтодааст. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ки ба хотири аз ҷараёни таълим дар канор намондани шоигрдон мақолаҳои қисми аввали ин китобҳоро дар саҳифаи нашрияи “Омӯзгор” ба нашр расонда, дар синфхонаҳо паҳн мекунанд ва омӯзгорон ба ҷои китоб аз ин нашрия истифода мекунанд.

Шарифмуроди Исрофилниё, мудири Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар робита ба таъхири чопи китоби “Таърихи дин” барои синфи 9-и мактабҳои ҳамагонӣ гуфт, “азбаски забони навишти китоб барои талабаҳои хонандагони мактаб душвор буд, пас гардонда шуд ва бо ислоҳи он бояд ба нашр расад”.

Ӯ афзуд, ин китоб аз озмуни табъу нашр гузаштааст ва акнун бояд дар нашриёти Вазорати маориф ва илм ба табъ расад. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар моҳи июни соли ҷорӣ эълон дошта буд, ки дар мактабҳои миёна ба таълими 3 фанни нав, аз ҷумла "Таърихи дин", “Маърифати оиладорӣ” ҷорӣ хоҳад шуд.

Шарифмуроди Исрофилниё ҷорӣ шудани таълими “Таърихи дин” дар мактабҳои миёнаи кишварро фавқулодда муҳим номид ва гуфт, ин имкон медиҳад, то насли ҷавон ба моҳияти динҳои асосӣ, бахусус, ба арзишҳои мазҳаби Ҳанафия, ки аксари аҳолии Тоҷикистон аз ҳамин равия пайравӣ мекунанд, сарфаҳм раванд ва ба доми гурӯҳҳои мухталифи мазҳабӣ ва хурофоту таассуб наафтанд. Ӯ афзуд, “як ҳадафи аслӣ ин аст, ки хонанда дини воқеии Исломро аз хурофот фарқ кунад.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG