Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боми як мактаб дар Кӯлоб фурӯ рафт (ВИДЕО)


Бар асари барфбориҳои ахир ва ҷамъ шудани барфи зиёд боми як мактаби якошёна дар рустои Корези поёни ноҳияи Кӯлоб фурӯ рафтааст.

Ин мактаб ҳамагӣ дар тирамоҳи соли гузашта мавриди истифода қарор гирифта буд. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ин мактаб бо кӯмаки билоивази Ҷопон сохта шуда буд. То бунёди ин мактаб дар Корези поён як бинои хеле фарсудаи бозмонда аз даврони Шӯравиро ба сифати мактаб истифода мебурданд.

Фурӯравии боми мактаб дар Кӯлоб ва он ҳам ҳамагӣ чанд моҳ баъд аз анҷоми сохтмонаш дар ҳоле иттифоқ уфтод, ки Тоҷикистон аз рӯзи 1 феврал ба ин тараф бо сармову барфрезиҳои шадиде рӯбарӯст. Бар асари рехтани барфи зиёд ҳаракати нақлиёт дар ҷодаҳо дучори мушкил шуда, роҳи Душанбе-Хуҷанд ҳатто муддате баста шуд.

Ҳамин тавр, фурудгоҳи Душанбе ду дафъа қабулу гусели ҳавопаймоҳоро қатъ кард. Рӯзи 2 феврал як ҳавопаймо, ки дар масири Маскав - Кӯлоб парвоз мекард, ҳангоми нишастан дар фурудгоҳи Душанбе бар асари ях бастани хатти нишаст аз роҳ берун шуд ва шассии пешаш шикаст. Ҳавопаймои дигаре, ки дар масири Санкт-Петербург -Қӯрғонтеппа парвоз мекард, ба иллати аз барф тоза нашудани фурудгоҳи Қӯрғонтеппа маҷбур шуд дар фурудгоҳи Душанбе бинишинад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG