Пайвандҳои дастрасӣ

​Дар Тоҷикистон ҳанӯз қонунҳои нонавиштаи бархе аз хонавода ва минтақаҳо бетағйир боқӣ мондааст, ки бар асоси он духтарон дар синне, ки бояд пушти мизи дарсӣ бошанд, ба хонаи бахт гусел мешаванд.

Масъулини созмони “Наҷоти кӯдакон” дар Кӯлоб ахиран нияти як хонаводаеро, ки наздик буд духтари навраси худро ба шавҳар диҳанд, ба ҳам зад. Мадинаи 16-сола, ки бе падар ба воя расидааст, бо хости модару дигар наздиконаш ба ҷавоне фотеҳа шуда, бояд арӯсӣ мекард. Аммо баъд аз мусоидати ҳуқуқшиноси ин созмон тӯй барпо нашуд ва духтари наврас ба ҷои хонаи шавҳар барои таҳсил ба маркази таълимии калонсолони Кӯлоб фиристода шуд.

Қурбонгул Қосимова -- раҳбари ин созмон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳоло сарнавишти ин духтар зери назарамон қарор дорад ва умедворем, то расидан ба синни издивоҷ аз пайи омӯзиш мешавад. Ғолибан сабабгори аслии чунин ҳодисаҳо, шароити хонаводаҳост. Масалан, бисёр падарон мераванд муҳоҷират дигар хонаводаро суроғ намекунанд ва модарон ҳам ба танҳои аз ӯҳдаи таъмини кӯдакон набаромада дар фикри оиладор шудани ӯ мешаванд.”

Раҳбари созмони “Наҷоти кӯдакон” мегӯяд,танҳо дар соли 2014 аз ҷониби озмони онҳо 22 мавриди бармаҳал, дар синни 15, 16 ва 17 ба шавҳар додани духтарон ошкор шудааст.

Ин дар ҳолест, ки 4 соли пеш президенти Тоҷикистон бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз никоҳҳои бармаҳал ва азҳампошии хонаводаҳо синни издивоҷро барои духтарон як сол - аз 17 ба 18 - боло бурд. Масъулини созмонҳои кор бо занон мегӯянд, агарчӣ ин иқдом ва муборизаҳои шадид тавонист вазъро дар ин самт то андозае тағйир диҳад, аммо дар минтақаҳои дурдасту рустоҳои кишвар духтарон ҳанӯз дар синни мактабхонӣ оиладор ва аксаран фотеҳа ё ба гунае аз ҷониби ҳамсарони ояндаи худ “банд” мешаванд ва то расидан ба синни издивоҷ дигар тарки таҳсил мекунанд.

Чунин хостгорӣ ё пойбандкунии духтарон бо мувофиқаи волидайни ду ҷавон сурат мегирад, бинобарин дар ин маврид оморе вуҷуд надорад. Аммо Ибодулло Фаттоев, масъули созмони ҷамъиятии “Умед” дар Исфара, ки миёни занону духтарон кор мебарад, гуфт, бармаҳал “банд” кардани келини оянда дар бархе аз деҳоти ин минтақа “муд” шудааст. “Ду тараф як ош карда маслиҳат мекунанд ва ният мекунанд, ки фарзандонамон баъди расидан ба балоғат якҷоя мешаванд. Мисли ҳамун гаҳворабахше, ки қаблан буд, аммо ҳоло ин корҳо бештар дар давраи мактабхонии наврасон мешавад. Мутаассифона, чунин корҳо бештар дар деҳаи “Ворух”, “Чоркуҳ” маъмул шудааст.”

Тақдири фарзандон аз ҷониби волидайни онҳо бармаҳал ҳал мешавад, дар ҳолеки ҳанӯз маълум нест дар оянда онҳоро чӣ сарнавиште интизор аст. Аммо ба назари таҳлилгарон баръакс, бо ин “хизмати хирсона”-и худ волидайн метавонанд фарзандони худро бадбахт созанд.

Нигора Маҳмудова, як намояндаи созмони “Занон зидди зӯроварӣ” дар Истаравшан мегӯяд, дар як моҳ ба онҳо 30 зан бо масоили марбут ба талоқ ва ҷудошавӣ муроҷиат мекунад, ки аксари онҳо ҷавонанд ва ҷое нахондаву бармаҳал, бар пояи чунин мувофиқаҳои пешакии волидон оиладор шудаанд. “Аксари онҳомегӯянд, дар вақташ моро ҳанӯз аз хурдсолӣ гап зада буданд, модарам гуфта буданд, агар ин гапи маро дар замин гузорӣ, ман аз ту розӣ не. Ин ҳодисаҳо бештар байни хешу таборҳо мушоҳида мешавад,”-афзуд хонум Маҳмудова.

Вай махсусан аз як ҷамоати ин ноҳия ёдоварӣ мекунад, ки дар он аз қабл ягон зан таҳсил намекардааст: “Ҷамоати “Гули Сурх”, калонтарин ҷамоат дар ноҳия аст, ки 40 ҳазор аҳолӣ дорад ва дар ду деҳи он “Боғикалон” ва “Сари мазор” аз аввал ягон зан таҳсил намекунад. Дар ин ҷамоат бекоршавии оилаҳо хеле зиёд аст ва мардум, махсусан занон медонанд, ки мушкил дар бесаводии онҳост, аммо қолаби шахшударо шикаста наметавонанд.”

Издивоҷи бармаҳал ва иҷбории духтарон, ки дар бисёр маворид бо чанд фарзанд дар кӯча мондани онҳо анҷом меёбад, боис шуда, ки бархе аз равоншиносону коршиносони масоили зан дар Тоҷикистон дафъаҳои ахир аз дигарбора бозбинӣ шудани синни издивоҷ ва аз 20 ё 24 муқаррар шудани он сӯҳбат мекунанд.

Ба қавли онҳо ин роҳ муассиртар аст ва бояд духтарон ҳам дар баробари писарон тавонанд соҳиби маълумот шаванд, то фардо дар шебу фарози зиндагӣ роҳгум назананду тавонанд аз худ дифоъ кунанд. Бино ба иттилои кумитаи корбо занон мавориди пошхӯрии оилаҳо дар соли 2014 марзи 9 ҳазорро убур карда, ҳудуди 15 дарсад афзудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG