Пайвандҳои дастрасӣ

Барои ёрӣ ба заноне, ки дар вилояти Суғд мавриди хушунати хонаводагӣ, бахусус азияти модарони ҳамсари худ қарор гирифтаанд, “мактаби хушдоманҳо” таъсис шудааст. Фирӯза Раҳимова, аз масъулони ин мактаб, рӯзи якуми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки асосан ба ҳарфи занони ҷабрдида гӯш дода, ба онҳо маслиҳат ва ёрии ҳуқуқии худро хоҳанд расонд.

Дар фаҳмиши аксар хушдоманҳои тоҷик арӯс нафарест, ки бояд дар хидмати онҳо бошад. Ҳоло волидоне, ки писари худро оиладор карданӣ ҳастанд, бояд каме ақидаи худро дигар кунанд ва ба ҷавонон истиқлоли оилавии бештар диҳанд.

Насиба Муродоваи 30-сола аз зумраи занонест, ки иддао доранд, бо ҷабри хушдоман аз оилаи хуби худ маҳрум шудаанд. Ӯ гуфт, ҳарчанд бо ҳамсараш якдигарро дӯст дошта ва оиладор шуданд, вале ҷангу ҷидоли хушдоман умри хушбахтии онҳоро дар шашсолагӣ бурид.

Насиба гуфт, “хушдоманам сари ҳар қадам эрод мегирифт, ки гӯиё ноуҳдабаро ҳастам, ҳеҷ кор аз дастам намеояд. Ё ягона фарзандашро аз вай ҷудо карданӣ ҳастам. Оқибат назди шавҳарам шарт монд, ки “ё ман, ё занат”. Шавҳарам модарашро розӣ карда натавонист ва ҷудо шуд.” Насиба донишгоҳро бо ихтисоси “менеҷер” хатм кардааст ва ҳоло дар хонаи падараш ба сар мебарад.

Дар Тоҷикистон навхонадорон аз рӯи таомул чанд соли аввал дар манзили волидони шавҳар зиндагӣ мекунанд. Сабоҳат Бобоҷонова, равоншинос дар маркази занони “Гулрухсор”, мегӯяд, дар бисёр маврид рост наомадани умедвории арӯс ва аҳли хонаводаи шавҳар боис ба вайрон шудани оилаи ҷавон мегардад.

Вай афзуд, “вақте арӯс ба хонаи хушдоман меояд, хушдоману падари шавҳараш умед доранд, ки вай ҷаққону пазанда ё дӯзанда бошад. Ба навбати худ арӯс умед дорад, ки ӯро ҳамчун як узви хонадон қабул ва барои одат карданаш ба зиндагии нав дасти ёрӣ дароз мекунанд. Аммо агар ин орзуи худро дарнаёбанд, дар онҳо ҳисси норизоӣ пайдо мешавад. Саривақт бартараф карда нашавад, ба бадбинӣ табдил меёбад ва кор ба ҷанҷолу хушунат кашида, мумкин аст, оилаи ҷавонро вайрон кунад.”

Аз нигоҳи бархе аз коршиносони маҳаллӣ, дар асри 21 тафаккур ва ҷаҳонбинии ҷавонони тоҷик каме дигаргун шуда, оилаҳои ҷавон озодии бештар мехоҳанд. Моҳира Раҳимзода, коршиноси маҳаллӣ, гуфт, барои мисол, баъзе навхонадорон мехоҳанд, ки аз падару модар ҷудо, дар хонаи шахсиашон зиндагӣ кунанд.

“Ин ба маънои аз эҳтироми падару модар ва хидмати онҳо канораҷӯӣ кардан нест. Вале бисёре аз хушдоманҳои тоҷик инро қабул надоранд. Дар фаҳмиши онҳо арӯс касест, ки бояд дар хидмати онҳо бошад. Ҳоло даврае расидааст, волидоне, ки писари худро хонадор кардан мехоҳанд, каме ақидаи худро дигар кунанд ва ба ҷавонон истиқлоли оилавии бештар диҳанд”, - илова кард ӯ.

Масъулони “мактаби хушдоманҳо” мегӯянд, ҳадафи онҳо ба якдигарфаҳмӣ овардани ду тарафи баҳс аст ва умед доранд, ки солҳои наздик ба мақсади худ то ҳадде ноил хоҳанд шуд. Ба гуфтаи Фирӯза Раҳимова, ин яке аз 14 барномае будааст, ки ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила” соли 2013 қабул карда ва ҳоло мавриди амал қарор додааст.

Бино ба омори расмӣ, аз ҳам пошидани оилаҳо дар пайи хушунати оилавӣ ва якдигарнофаҳмӣ байни зану шавҳар ва волидони онҳо дар солҳои охир дар вилояти Суғд рӯ ба афзоиш дорад. Шуъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар ҳукумати Суғд мегӯяд, дар 8 моҳи аввали соли равон дар ин минтақа беш аз 13 ҳазор ҷуфт ақди никоҳ баста, 2 ҳазору 451 оила вайрон шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 30 адад зиёд аст.

Муқаддам Ҳошимова, мудири шуъбаи мазкур гуфт, ҳудуди 70 дар сади ин занону шавҳарон аз рост наомадани хислат, сахтгирии шавҳар, хушунати оилавӣ, ҷанҷолҳои волидони шавҳар бо арӯс, муҳоҷирати кории дурударози шавҳар ё зан аз ҳам ҷудо шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG