Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"ДИИШ ҳудуди 300 мардро дар Мавсил ба қатл расондааст"


Ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар шаҳри Мавсили Ироқ ҳудуди 300 марду писарбачаро кушта, дар як гӯри дастҷамъӣ дар Омӯзишгоҳи азбайнрафтаи кишоварзӣ зери хок кардаанд. Телевизиоини CNN рӯзи 22 октябр бо такя ба манобеи амниятии Ироқ гуфт, кушторҳо рӯзи панҷшанбе ва ҷумъа сурат гирифтааст.

Мавсил яке аз шаҳрҳои калонтарини Ироқ ва маркази вилояти Найнаво, дар шимоли он кишвар воқеъ мебошад. Ин шаҳр дар ҷараёни пешравиҳои гурӯҳи тундгарои "Давлати исломӣ" дар тобистони соли 2014 ба тасарруфи ҷангиёни ин гурӯҳ даромад.

Дар ҳоле ки таъйиди ин иттилоъ аз тарафи манобеи дигар имконпазир нест, CNN гуфтааст, ҳамаи ин афрод, бо шумули писарбачаҳо, тавассути гулӯла кушта шуданд. Дар ҳамин ҳол, мақомоти Ироқ гуфтанд, барои бозпасгирии Ҳамадония, маҳалле дар 15-километрии Мавсил, амалиёти густурдаро ба роҳ мондаанд ва эҳтимол ҷангҷӯён барои монеъ шудан ба пешрафти онҳо ин қатлҳоро анҷом додаанд.

Қаблан Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба боздошти 500 хонавода дар рустоҳои атрофи Мавсил аз тарафи ҷангҷӯён нигаронӣ карда буд, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" мехоҳад, аз онҳо ба ҳайси "сипари зинда" истифода кунад. Ҷуф Девис, суханӯи Пентагон, низ гуфт, "медонем, ки онҳо ҳамчун сипари зинда истифода мешаванд" ва афзуд, "ин ҳолат чанд ҳафта боз идома дорад. Мардуми мулкӣ иҷборан боздошт ва аз ҳаракати онҳо барои берун рафтан аз Мавсил ҷилагирӣ мешавад."

Оғози амалиёти Мавсил дар аксҳо:

Субҳи 17 октябри имсол амалиёти густурдаи бозпасгирии Мавсил - дувумин шаҳри бузурги Ироқ оғоз шуд. Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ дар як баёнияи телевизионӣ гуфт, "вақти пирӯзӣ фаро расид ва амалиёти озодсозии Мавсил оғоз шудааст". Нахуствазири Ироқ, ки ҳини ин баёнияи телевизионӣ дар миёни шуморае аз афсарони баландпояи Ироқ дида мешуд, гуфт, "фармони оғози ин амалиёти пирӯзмандонаро додаам, то шуморо аз хушунат ва терроризм раҳо кунам."

Мавсил яке аз шаҳрҳои калонтарини Ироқ ва маркази вилояти Найнаво, дар шимоли он кишвар воқеъ мебошад. Ин шаҳр дар ҷараёни пешравиҳои гурӯҳи тундгарои "Давлати исломӣ" дар тобистони соли 2014 ба тасарруфи ҷангиёни ин гурӯҳ даромад ва ҳамчун маркази аслии афроди ин гурӯҳ дар Ироқ ба шумор меравад.

Дар ҳафтаҳои гузашта мақомҳои мухталиф чӣ дар Ироқ ва чӣ дар хориҷ дар мавриди амалиёти Мавсил изҳори назар намуданд. Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфта буд, ки "Ироқ ба танҳоӣ наметавонад амалиёти озодсозии Мавсилро пеш бибарад."

Нерӯҳои артиши Туркия ҳар ҳоли ҳозир дар пойгоҳе дар наздикии Мавсил мустақар мебошанд. Масъалаи ҳузури артиши Туркия дар шимоли Ироқ боиси танишҳои лафзӣ миёни раҳбарони ду кишвар ва ихтилофҳои сиёсӣ миёни Бағдод ва Анкара шудааст.

Ҳудуди якуним миллион нафар ҳанӯз дар Мавсил зиндагӣ мекунанд. Созмони байналмилаии муҳоҷират мегӯяд, ДИИШ ҳазорон нафарро ҳамчун "сипари зинда" ба кор мебарад, то охирин истеҳкоми худро дар Ироқ аз даст надиҳад.

Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон пешбинӣ кардааст, ки эҳтимол наздик ба 700 ҳазор нафар маҷбур ба тарки хонаҳои худ дар шимоли Ироқ шаванд ва ниёз ба кумакҳои фаврӣ хоҳанд дошт. Бархе таҳлилҳо, шумораи паноҳандагони эҳтимолиро бештар аз ин пешбинӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG