Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомот дар ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ мегӯянд, ки тасмим доранд барои кӯдакони лӯлӣ мактаб бисозанд ва дар сурати саркашӣ аз таҳсил, волидони онҳо тибқи қонун муҷозот хоҳанд шуд

Лӯлиҳо дар деҳаи Максим Горкийи ҷамоати деҳоти "Туғаланг"-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, дар 130 километрии ҷануби Душанбе зиндагӣ мекунанд ва аксари кулли онҳо мактаб нахондаанд.

Парвинаи 13-сола, лӯлидухтари сокини деҳаи Максим Горкийи ҷамоати деҳоти "Туғаланг" дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бори вазнини халтаҳои “бобои”-ро набардошта ва то ҳол барои гадоӣ нарафтааст. Ин корро модараш мекунад ва ӯ корҳои хонаро анҷом медиҳад.

Парвина дар орзуи таҳсил аст -- орзуе, ки шояд то ин вақт кам касоне аз ин қабилаи лӯлиҳо доштаанд. Орзуи ин лӯлидухтар як зарбае барои шикастани суннати қавмӣ ва шахшудаи лӯлиҳо мебошад, ки халтаи гадоиро бо дониш иваз кардан мехоҳанд. Парвина мегӯяд: "Ман аз давлат мактаб мехоҳам бароямон мактаб бисозад, ҳама мактаб мехонад, манро ҳавасам меояд, гоҳо шарм мекунам, ки мактаб нахонда ва хатту савод надорам.

На танҳо Парвина, балки ду бародари ӯ бо шумули кӯдакони дигаре аз ин қабила таҳсил накардаанд, аммо онҳо назар ба Парвина дарку фаҳмиши зиёдтар доранд ва ба истилоҳ "ҷаҳонбиниашон васеъ аст", чун аз деҳа барои гадоӣ берун рафтаанд ва пулро ҳам шумурда метавонанд.

Анор Идомасова, бибии Парвина мегӯяд, наберагони зиёд дорад, ки ҳамагӣ савод надоранд: “Ман 70-80 набера дорам, ки ҳеҷ кадомашон хату савод надорад, агар хату савод дошта бошанд, хуб мешавад.

Ҳукумати ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ дар вилояти Хатлон ба рӯйхатгирии лӯлиҳои аз 7-сола то 17-соларо оғоз кардааст, ки гуфта мешавад ҳадаф аз он, ҷалби лӯлиҳо ба таҳсил будааст. То ҳол ҳудуди 780 нафар сабти ном шудаанд ва рӯихатгирӣ ҳанӯз идома дорад.

Хайрулло Ҳакимов, мудири раёсати маориф ва илми ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дур мондани кӯдакони лӯлӣ аз мактаб, мақомотро ба ташвиш овардааст ва бинобар ҳамин мехоҳанд, ки онҳоро ба мактаб ҷалб кунад: "Дар ду маҳаллае, ки лӯлиҳо зиндагӣ мекунанд, аз 7 то 17 соларо сабти ном кардем ва мехоҳем як муассисаи таълимӣ барои онҳо бисозем. Дар сурате, ки мактаб бунёд шаваду онҳо аз мактаб дур монанд, тибқи “Қонуни масъулияти падару модар” муҷозот мешаванд."

Лӯлиҳо аз пешниҳоди ҳукумат зоҳиран хушҳоланд ва мегӯянд, ки омодаанд барои сохтмони мактаб кӯмаки молӣ расонанд. Юлдош Идолмасов, пешвои лӯлиҳои "Туғалак"мегӯяд: “Барои мо як мактаб бисозанд хуб мешавад, талбанда бошем ҳам, номус дорем, ҳар чизе, ки гӯянд, мо ҳамкорӣ мекунем, саҳм мегузорем.”

Ҳукумати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, ки дар сурати сохтани мактаб ба лӯлиҳо ва муҳайё намудани шароити таҳсил талабот ва шарту шароити хоҳанд гузошт. Ба гуфтаи мақомот, бо фароҳам шудани шароит, лӯлиҳое, ки дар таълиму тарбияи фарзанд саҳлангорӣ мекунанд, муҷозот хоҳанд шуд.

Дар зарфи як соли ахир беш аз 10 нафар кӯдаки лӯлӣ аз ин ноҳия, ки ҳамроҳи хонаводаҳояшон дар шаҳрҳои Русия будубош доштанд, бинобар талбандагӣ аз сӯи мақомоти рус боздошт ва ба Тоҷикистон ихроҷ шуданд. Ин амр мақомотро барои муҳайё кардани шароити таҳсил барои лӯлиҳо маҷбур кардааст.

Лӯлиҳо дар Русия ҳамчун тоҷик муаррифӣ мешаванд ва ҳоло мақомоти ин ноҳия пешниҳод доранд, ки дар шиносномаҳои онҳо мансубияти қавмии онҳо дарҷ шавад. Гулҷаҳон Исмоилова, муовини раиси ҷамоати деҳоти “Туғаланг” мегӯяд:“Дар Русия онҳоро ҳамчун тоҷик мешиносанд, ин барои фарҳанги мо хуб нест, бояд онҳо лӯлӣ бимонанд, дар ҳоле ки дар шиноснома тоҷик навишта шудаанд. Фикр мекунам, ки бо сохтмони мактаб мо наметавонем ҳамаи онҳоро ба мактаб ҷалб кунем.”

Дар ҷамоати деҳоти “Туғаланг”-и ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ наздики 3 ҳазор лӯлӣ зиндагӣ мекунад, ки бо вуҷуди доштани заминҳои наздиҳавлигӣ барои кишоварзӣ, манбаи даромадашон аз гадоиву талбандагӣ мебошад. Дар миёни ин қабила, ки дар ду деҳа зиндагӣ мекунанд, то ҳол касе таҳсил накардааст ва нафаре ҳам аз онҳо дар мактабу хоҷагӣ кор намекунад. Танҳо як нафари онҳоро, ки ҳатто маълумоти миёна надорад, раиси маҳалла интихоб кардаанд.

Лӯлиҳо аз тасмими ҳукумат барои ҷалби онҳо барои таҳсили фарзандонашон ҳамраъӣ нишон додаанд, аммо маълум нест, ки дар сурати доштани мактаб, онҳо фарзандонашонро, ки дар гадоӣ ба онҳо кӯмак мекунанд, ба мактаб равон мекунанд ё на.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG