Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои "шёткаи туалет" ба ҷои мисвок дар ТВ Эрон


Бозигарони барномаи "Фитилаиҳо"
Бозигарони барномаи "Фитилаиҳо"

​Истифодаи "шёткаи туалетшуӣ" ба ҷои мисвок дар як барномаи телевизиони давлатии Эрон аз сӯи бозигароне, ки бо озарӣ ҳарф мезаданд, бо вокунишҳои тунд ва эътирозҳо рӯ ба рӯ шуд.

Садҳо нафар алайҳи пахши барномаи "Фитилаиҳо" аз тариқи шабакаи дувуми Садо ва симои Эрон эътироз карда, як қисмати онро, ки аз омӯзиши дандоншӯӣ барои кӯдакон иборат буд, "тавҳин ба озариҳои Эрон" хонданд. Дар ин қисмат аз барномаи "Фитилаиҳо", ки махсуси кӯдакон аст, яке аз бозигарон ба ҷойи дандоншӯяк аз фарча ё "шёткаи туалетшӯӣ" истифода мекунад. Бозигарон - падар ва писаре ҳастанд, ки дар як меҳмонхона ба сар мебаранд ва ба забони туркӣ ва форсӣ ҳарф мезананд. Онҳо дар барномаи "Фитилаиҳо" нақши озариҳои Эронро бозӣ мекунанд.

Дар пайи вокунишҳои тунд ва эътирозҳо ду корманди шабакаи дуи телевизиони давлатии Ҷумҳурии Исломӣ танбеҳ гирифта, як нафар аз мақоми худ барканор шудааст. Ҳоло вокунишҳо ба ин бахш аз барномаи "Фитилаиҳо" аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва гуруҳе аз шаҳрвандон то ба устондори Озарбойҷони Шарқӣ ва маҷлиси Шӯрои исломӣ расидааст.

Хабаргузории "Форс" аз -авли Исмоил Ҷабборзода, устондори Озарбойҷони Шарқӣ нақл кардааст, ки "аз барномаи пахшшуда аз шабакаи дувуми Садо ва симо бисёр мутаассир ва мутаассиф ҳастам". Ба гуфтаи ин мақоми давлатӣ, ин мавзӯъ дар суҳбат бо мақомҳои Вазорати корҳои дохилии Эрон низ матраҳ шуда, онҳо расман дар ҷараёни қазия гузошта шудаанд.

Муҳаммад Исмоил Саидӣ, намояндаи Табрез дар маҷлиси Шӯрои исломӣ - парлумони Эрон низ бо интиқод аз ин барномаи телевизионӣ гуфтааст, "тавҳин ба мардуми Озарбойҷон тавҳин ба кулли мардуми Эрон аст." Масъуд Пизишкиён, намояндаи дигари маҷлис аз Табрез дар вебсайти худ хостааст, то фавран чораи лозим барои ҷилавгирӣ аз ин гуна “ҳаракатҳои тафриқаангез” ва “танишзо” дар байни қавмҳои эронӣ андешида шавад.

Эътироз алайҳи барномаи ТВ Эрон дар Табрез
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:10 0:00

Бахши равобити умумии радио ва телевизони давлатии Эрон бо эълони қатъи пахши барномаи “Фитилаиҳо” гуфтааст, Муҳаммадризо Ҷаъфаризода, мудири шабакаи дувуми Садо ва симои Эрон мудири гурӯҳи кӯдакон ва ҷавонон ва мудири пахши ин шабакаро танбеҳ дода, ҷонишини мудири пахш ва масъули назорати ниҳоии барномаҳои шабакаро барканор кардааст.

Алиризо Оқоӣ, таҳиякунандаи "Фитилаиҳо" дар баёнияе гуфтааст, мақсади намоиш нишон додани истифода аз мисвок буд ва дар он аз гӯиш ва лаҳҷаҳои мухталиф истифода шудааст ва ин ба маънои таҳқири қавм ё лаҳҷаи хос нест. Ӯ бо узрхоҳӣ аз сӯитафоҳуми пешомада гуфтааст, бозигарони "Фитилаиҳо" худ асолатан аз қавмҳои озарӣ ҳастанд ва ҳеҷ гоҳ ба хостгоҳе, ки аз он баромадаанд, тавҳин намекунанд.

XS
SM
MD
LG